Арабистон дар сиёсати хориҷии Эрон ҷойгоҳе надорад

National Interest дар ёддоште тасреҳ кардааст: “Дар ҳоле ки муҳимтарин нигаронии сиёсати хориҷӣ барои Арабистони Саудӣ Эрон аст, аммо Арабистони Саудӣ ҳатто дар листи нигарониҳои муҳимми Эрон вуҷуд надорад.”

Дар ин матлаб омадааст: “Нигарониҳо аз нуфузи минтақаии Эрон барои муддати тӯлонӣ вуҷуд доштааст. Эрон ҳамеша нерӯе буда, ки дар бораи масоили минтақа рӯяш ҳисоб боз шудааст, ва ин чизе аст, ки Эрон дар ёдоварии он ба кишварҳои арабӣ, ба худ тардид роҳ намедиҳад.”

Дар идомаи ёддошт мехонем: “Барои Арабистони Саудӣ асоси таҳдид ҳамлаи эҳтимолии Эрон нест, балки асоси таҳдид тарҳи суолот ва тардидҳо дар бораи машрӯъияти сиёсӣ ва минтақаии ин кишвар аз сӯйи Теҳрон аст. Барои мисол, мақомоти эронӣ дар бораи қаймумият ва сарпарастии Риёз бар муҳимтарин шаҳрҳои муқаддаси ҷаҳони ислом тардид эҷод ва суол матраҳ мекунанд ва ин суолу тардидҳо Арабистони Саудиро азият мекунад.”

Нависандагони ин ёддошт, бо таъкид бар иттихози як “истротежии минтақаии чандлоя” аз сӯйи Арабистони Саудӣ барои тақобул бо Эрон, бар ташдиди танишҳо байни ду кишвар дар Сурия ва Яман ва ташдиди ҳузури Риёз дар Афғонистон ба манзури тазъифи Теҳрон тасреҳ мекунанд.

Онҳо дар идома менависанд: “Дар муқобили ин иқдомот, Эрон ба Арабистони Саудӣ беэътиност ва дар миёни авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон Арабистони Саудӣ ҷойгоҳе надорад, магар пас аз қудратҳои бузург ва муқобила бо терроризм. Алорағми адабиёти расмияш, тамаркузи Эрон ҳамеша бозигарони бузург яъне Иттиҳодияи Урупо, Омрико, Русия ва Чин будааст. Эрон худашро раҳбари табиъӣ дар манотиқи муҷовир ва ҳамсоягони худ медонад.”

Онҳо идома медиҳанд: “Эрон мӯътақид аст, ки машрӯъияти он аз дохили кишвар, аз торих ва фарҳангаш бармеояд, дар ҳоле ки машрӯъияти кишварҳои арабии халиҷи Форс, аз таъйиди дигарон ва сарвати бодовардаи ҷадидашон бармехезад. Аз назари Эрон, хонадони Оли Сауд фоқиди торих ва тавонмандии бумӣ ва маҳаллист ва бо сарфи мақодири ҳангуфти пул, дар садади ҷуброни ин нақиса ва камбуд аст. Аз назари Эрон, фуқдони тавонмандии бумии Саудӣ ва такяи он ба ҳимоятҳои кишварҳои ғарбӣ аз ӯ, ҷойгоҳи Арабистони Саудиро тазъиф мекунад. Ин мавзӯъ Риёзро дар назар ва чашмони Эрон ба ҳариф ва мухолифи беарзише табдил мекунад.”

Дар ин ёддошт омадааст: “Ба ҳамин далел, сиёсати хориҷии минтақаии Эрон бар асоси арзёбии мабнӣ бар таҳдиди эҳтимолии Саудӣ эҷод нашудааст, балки дар назар дорад байни низомҳои заъиф дар минтақа русух кунад, то худашро ба тарафҳои минтақа ба унвони тарафе зарурӣ ва иҷтинобнопазир ҷилва ва намоиши қудрат диҳад. Сарфи назар аз ҳузур ё адами ҳузури Риёз, Эрон дар ҳамаи саҳнаҳое, ки акнун дар минтақа дар онҳо нақш дорад, ҳузур хоҳад дошт.”

Нависандагони ин матлаб, аз талошҳои Эрон дар кишварҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон бидуни дар назар гирифтани мавозеъи Арабистони Саудӣ таъкид мекунанд.

Дар ёддошти National Interest мехонем: “Яман албатта истисност. Аҳаммияти истротежики Яман барои Теҳрон кам аст, аммо аҳаммият болои Яман барои Арабистони Саудӣ сабаб мешавад, ки ин кишвар табдил ба як равиши камҳазина барои фурӯ кардани ангушт дар чашмони Риёз бишавад.”

Дар идомаи матлаб омадааст: “Дар ҳоле ки таҳдиди Эрон пешбаранда ва роҳбари сиёсати минтақаии Арабистони Саудӣ аст, Риёз танҳо бахши кучаке аз муҳосиботи Эрон аст.”

Дар ёддошти National Interest бо ишора ба ҷанги Яман навишта шудааст: “Дахолати Саудӣ дар Яман манобеъи ин кишвар (Саудӣ)-ро мемакад ва байни Арабистони Саудӣ бо муттаҳидони халиҷи Форсаш ва Омрико ихтилофоте эҷод мекунад. Теҳрон ба ин назари Риёз, ки бо истифода аз манобеъи худаш ва осеб задан ба эътибор ва эътилофҳояш, фикр мекунад, ки дар ҳоли муқобила бо Эрон аст, пӯзханд мезанад.”

Нависандагони ин матлаб мӯътақиданд: “Ин дар ҳолест, ки Теҳрон бо истифода аз ин ҳавзаҳо (Яман, Сурия ва ғайра…) ба унвони фурсатҳои осон ва содда барои тазъифи бештари саудиҳо баҳра мебарад ва ин корро бидуни эъмоли тағйири муҳимме дар сиёсати хориҷии фарогири худаш анҷом медиҳад. Эрон ҳамчунин аз тариқи як корзори равобити умумии камҳазина, ки шомили навиштани ёддоштҳое дар рӯзномаҳои омрикоӣ аст, ба саудиҳо фишор меоварад ва бо ин корҳо нишон медиҳад, ки мухотабонаш, дар минтақа нестанд, балки мухотабаш дар Ғарб аст.”



Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: