Мухтор Аблязов: “Вазъияти бемории Назарбоев ҷиддӣ аст”

Мухтор Аблязов, раиси собиқи бонки БТА, бемории Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистонро ҷиддӣ унвон кард.

Ба гузориши Ca-news, Мухтор Аблязов бо ишора ба гузориши дафтари риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар бораи бемории Нурсултон Назарбоев, гуфт: “Вазъияти саломатии раисиҷумҳур бадтар аз он аст, ки гузориш шудааст.”

Аблязов бо ишора ба лағви сафарҳои Назарбоев ба Боку ва Иравон (Ереван) гуфт: “Лағви сафарҳои Назарбоев ба маънии ҷиддӣ будани бемории вай аст.”

Вай бо баёни ин ки дафтари риёсати ҷумҳурии Қазоқистон дар 25 сол пас аз истиқлоли ин кишвар ҳаргиз чунин гузоришҳоеро пахш накардааст, афзуд: “Бемории Назарбоев як сармохӯрдагии содда нест.”

Ин сиёсатмадори қазоқ гуфт: “Назарбоев гирифтори бемориҳои зиёде аст аз ҷумла дар моҳи август вай ба далели зотуррия (воспаление легких), таҳти муолиҷаи пизишкон дар Туркия қарор дошт.”

Аблязов дар идома, вазъияти саломатии Назарбоевро бо вазъияти Каримов мушобеҳ донист ва унвон кард: “Дар Ӯзбакистон ҳам сӯҳбат дар бораи вазъи саломатии раисиҷумҳур як амри оддӣ набуд.”

Вай афзуд: “Замоне ки барои аввалин бор дар торихи Ӯзбакистон пас аз истиқлол дар бораи беморӣ ва бистарт шудани Ислом Каримов гузориш шуд, ман ба наздиконам гуфтам, дигар ҳама чиз тамом шуд, раисиҷумҳури Ӯзбакистон дигар вуҷуд надорад. Зеро моҳияти режимҳои Осиёи Миёна чунин аст, ки ҳаргиз бемории раҳбарро эълом намекунанд.”

Аблязов бо баёни ин ки Назарбоев гирифтори бемории ҷиддӣ шуда ва ин гуна ахбор барои омода кардани миллат аст, афзуд: “Шояд вазъияти саломатии вай беҳбуд ёбад, аммо ин мавзӯъ комилан печида аст.”

Вай дар идома бо ишора ба вокуниши мардум дар ин замина гуфт: “Мардум фикр мекунанд, ки агар Назарбоев курсии риёсати ҷумҳуриро тарк кунад, вазъият тағйир хоҳад ёфт, аммо мутаассифона тамоми нухбагони сиёсии Қазоқистон ғарқи фасод ҳастанд ва барои амнияти сармояи худ режими кунуниро ҳифз хоҳанд кард.”

Ин мухолифи сиёсии давлати Қазоқистон, тағйирот дар ин кишварро танҳо дар сурате имконпазир донист, ки мардуми оддӣ бар рӯйи раисиҷумҳури ҷадид, ки баъд аз Назарбоев сари қудрат меояд, фишор биёваранд ва дар ғайри ин сурат вазъият бадтар хоҳад шуд.

Вай бо баёни ин ки мо қодир ба ҳимоят аз афроде мисли Макс Бокаев ва Талгат Аян нестем, ки ба хотири фурӯш ва иҷораи замин ба хориҷиҳо, тазоҳурот барпо карданд, гуфт: “Ба ин хотир давлат фикр мекунад, ки мардум тавони ҳимоят аз манофеъи худро надоранд. Ба ин хотир шодӣ кардан дар ин робита зуд аст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: