Фалсафа ва равиши реализм (43)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (16)

Идомаи баҳси собиқ:

Роҳи севвуми исботи такомули ҳақиқат дар назари тарафдорони материализми диалектик: Танҳо тариқаи шинохтани ҳақиқии як шайъ иборат аст аз ин ки равобити он шайъро бо соири ашё ба даст оварем. Мантиқи қадим дучори иштибоҳ буд, ки тариқаи шинохтанро таъйини ”ҳадду расм” ва баёни “ҷинсу фасл” муаррифӣ менамуд, аммо дар мантиқи диалектик тариқаи шинохтани ҳақиқии як чиз иборат аст аз таъйини иртибототи он шайъ бо соири ашё (аъамм аз ашёи гузашта ва ашёи ҳамзамон). Яъне ин ки таърихчаи гузашта ва вазъи ҳозири онро дар таҳти таъсири аҷзоъи муҷовир (ҳамзамон) ба даст оварем. Ва чун ҳар шайъ бо соири ашё равобити бениҳоят зиёд дорад, пас шинохтани ҳақиқӣ ё “ҳақиқат” тадриҷан мароҳиле тай мекунад ва бо кашфи равобити бештаре комилтар мешавад. Ва ҳар як аз ин мароҳил нисбат ба марҳилаи қабл аз худаш ҳақиқат ва нисбат ба марҳилаи баъд аз худаш хатост. Пас, ҳақиқат ба маънои “касирулмутобиқа” ва хато ба маънои “касирулмуғойира” хоҳад буд. Пас, “ҳақиқат” яъне шинохтани ҳақиқии ашё мутаҳаввил ва мутакомил аст.

Посух: Тариқаи шинохтани ҳақиқӣ баъд аз ин дар мақолаи 5-ум бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои моддигароён баён хоҳад шуд. Дар инҷо марбут ба матлаби худамон ҳамин қадр мегӯем, ки ба фарзи ин ки тариқаи шинохтани ҳақиқӣ таъйини равобити ҳар шайъ бо соири ашё бошад ва ба фарзи ин ки равобити ҳар шайъ бо соири ашё бениҳоят бошад, муддаъои материализми диалектик ба даст намеояд; зеро:

Муддаъои материализми диалектик чунон ки кароран гуфта шуда ин аст, ки “ҳақиқат ҳамвора ғайри мушаххас ва дорои тағйири такомулӣ аст”, ва ҳол он ки баёни фавқ ин тавр натиҷа медиҳад, ки шинохтани ҳақиқӣ иборат аст аз маҷмӯи кашфи равобити бениҳояти шайъ бо соири ашё. Ва албатта ҳар як аз кашфи робитаҳо худ як ҳақиқате аст, ки оризи зеҳни мо шуда ва кашфи робитаи дигар худ як ҳақиқати дигаре аст, на ин ки ҳамон кашфи робитаи аввалӣ тағйир ва такомул пайдо кардааст. Ва ба иборати равшантар: шинохтан яъне иттилоъ бар ҳолоти як шайъ. Ва албатта мумкин аст иттилоъи шахс роҷеъ ба як чиз ибтидо маҳдуд бошад, баъд иттилооти дигаре изофа шавад ва маълумоти шахс роҷеъ ба он шайъ тавсиъа пайдо кунад.

Мо собиқан равшан кардем, ки тавсиъаи тадриҷии маълумот рабте ба тағйир ва такомули ҳақиқат надорад.

Роҳи чаҳорум: Як мутолеаи иҷмолӣ дар таърихи улум равшан мекунад, ки улум дар ҳоли таҳаввул ва такомул мебошанд, ҳеч як аз риштаҳои улум ва фалсафа ба як ҳол боқӣ намонда, ба тадриҷ комилтар шудаанд. Мо медонем қавонини илмӣ, ки имрӯз башар онҳоро дар улум ба расмият мешиносад, бо қавонини илмии ҳазор сол қабл фарқ дорад. Мантиқе, ки имрӯз ба кор мебарад, ғайр аз мантиқи ҳазор соли пеш аст. Фалсафаи имрӯзи башар бо фалсафаи ҳазор сол пеш фарқ дорад. Оё мантиқ ва фалсафа ва улум ҳазор сол қабл “ҳақиқат” набуд? Буд. Аммо мантиқ ва фалсафа ва улуми имрӯз дараҷаи ҳақиқӣ буданашон боло рафта ва комилтар шуда. Пас, улум, ки дар ҳақиқат будани онҳо шакке нест, мутаҳаввил ва мутакомил мебошанд.

Посух: Мо дар муқаддимаи ин мақола ҷавоби ин мағлатаро низ ошкор кардем ва гуфтем, ки дар фалсафа ва мантиқ ва соири улум ду навъ такомул вуҷуд дорад ва ҳеч як аз ду навъ рабте ба тағйир ва такомули ҳақиқат, ки муддаъои моддигароён аст надорад, дар инҷо ниёзе ба такрор надорем.

Моддигароён дар масъалаи “такомули мафоҳими ҳақиқӣ”, ки хонандагони мӯҳтарам беасос будани онро ба хубӣ дарёфтанд, ҷору ҷанҷол роҳ меандозанд ва мегӯянд: “Омили тараққӣ ва тавсиъаи улум такомули мафоҳим аст.” Вале аз баёноте, ки то кунун шуда ба хубӣ равшан мешавад, ки тараққӣ ва такомули улум ҳеч гуна иртиботе бо фарзи мавҳуми моддигароён дар боби такомули ҳақиқат надорад, балки асоси тараққӣ ва такомули улум ду чизи дигар аст, ки мо қаблан дар муқаддимаи ин мақола тавзеҳ додаем.

Иҷтимоъи саҳеҳ ва ғалат, ва ҳақиқат ва хато

Ин матлабро мукаррар гӯшзад кардаем, ки идеалистҳо ва суфастоиён арзиши маълумотро ба куллӣ нафй мекунанд, тамоми идрокот ва улуми башарро аз лиҳози воқеънамоӣ ҳеч дар ҳеч ва хато медонанд ва чунон ки дар ибтидои мақола тазаккур дода шуд, вуқӯъи хаторо дар баъзе аз маворид мусаллам (назири мисолҳое, ки дар матни мақола зикр шуда) далел бар беҳақиқат будани идрокот дар соири маворид мегиранд, ва ба иборати дигар, ҳусули илми ҳақиқӣ (мутобиқ бо воқеъ)-ро мункиранд.

Аммо фалосифа порае аз идрокотро ба унвони “ҳақоиқи мусаллама” (бадеҳиёт) мепазиранд ва мегӯянд, бо ба кор бурдани фикр ба тарзи саҳеҳ, метавон илми ҳақиқӣ (мутобиқ бо воқеъ) касб намуд ва аз хато (филҷумла) дурӣ ҷуст ва вуқӯъи хато филҷумла далел бар хато будани ҷамиъи маълумот нест.

Вале материализми диалектик ахиран нағмаи ҷадиде соз кардааст ва муддаъӣ аст асосан байни саҳеҳ ва ғалат, ва ҳақиқат ва хато ихтилофе нест, метавон инҳоро бо якдигар муҷтамаъ ва муттаҳид намуд; мумкин аст як чиз дар айни ин ки саҳеҳ аст ғалат ва дар айни ин ки ҳақиқат аст хато ва дар айни ин ки рост аст дурӯғ буда бошад.

Бутлони ин иддаъо аз бутлони иддаъои суфастоиён агар возеҳтар набошад махфитар нест; зеро ин иддаъо мустақиман мубтанӣ бар инкори “асли адами таноқуз” аст, ва ин асл (ба мафҳуми фалсафии он) бадеҳитарини бадеҳиёт аст ва ҳатто аз “вуҷуди дунёи хориҷ”, ки идеалистҳо мункиранд бадеҳитар аст. Мо баъд дар ҷойи худ ҷамиъи шубаҳоти кӯдаконаи моддигароёнро дар мавриди ин асл мутаъарриз хоҳем шуд. Бар ҳама кас, ҳатто бар як тифли дабистонӣ, равшан аст, ки як ҳукм, як қазия, як ҷумла ё рост аст ё дурӯғ, ё саҳеҳ аст ё ғалат, шиққи севвуме надорад. Ҳатто он ки худи тарафдорони ин маслак дар айни ин ки барои як чиз муддаъӣ мешаванд ҳам саҳеҳ аст ва ҳам ғалат, гоҳе маҷбур мешаванд аз матлаб хориҷ шуда ва фарзияҳоро унвон карда, пойи як ҷузъи саҳеҳ ва як ҷузъи дигари ғалатро ба миён бикашанд.

Дар инҷо ибтидо калимоти моддигароёнро дар ин замина, ки барои хонандаи мӯҳтарам холӣ аз тафреҳ нахоҳад буд нақл мекунем ва сипас ба иллати пайдоиши ин назария барои онҳо ишора мекунем.

Ҷурҷ Пулитсер (Georges Politzer, файласуфи фаронсавӣ ва назарияпардози марксист) дар “Усули муқаддамотии фалсафа” онҷо, ки қонуни севвуми диалектик (қонуни тазодд)-ро баён мекунад, мегӯяд:

Аз назари метафизик саҳеҳ саҳеҳ аст, ғалат ғалат аст, ва ҳол он ки дида шуда, ки мегӯем, борон гирифт ва басо шуд, ки ҳарфи мо тамом нашуда борон меистад. Ин ҷумлаи мо дар вақти шурӯъ саҳеҳ буд ва баъдан табдил ба иштибоҳ шудааст. Улум намунаҳои чандеро ба мо нишон медиҳад. Қавонине, ки солҳои мутамодӣ ба унвони “ҳақиқат” шинохта мешудааст, дар як “он” ба мувозоти пешрафтҳои илмӣ, ба сурати хато даромадааст.”

Дуктур Аронӣ дар зайли баёни “Асли нуфузи зиддайн” сафҳаи 52 мегӯяд:

Як фикри тамриннакарда ба осонӣ наметавонад дарк кунад, ки чӣ тавр метавон ҳаракат ва сукун, вуҷуд ва адам, ҷисмӣ ва руҳӣ, ғалат ва саҳеҳ ва ғайраро муттаҳид кард, вале андак тамрин ва таваҷҷӯҳ, барои ашхосе, ки майл ба табақоти тарафдори диалектик кардаанд, ишколро бартараф мекунад. Масалан, медонед сукун ҳаракате аст, ки суръати он сифр бошад, яъне аз ҳолоти хосси ҳаракат аст. Ҳар чиз, ки дар ҳоли шудан аст чун дар ҳоли шудан аст пас он чиз аст ва чун ҳанӯз нашудааст, пас он чиз нест. Яъне ба василаи диққат дар “такопӯ ва такомул” ва шудани ашё метавон вуҷуд ва адамро якҷо ҷамъ кард. Ҳамин тавр, тазодди руҳӣ ва ҷисмиро бад-ин тартиб метавон аз байн бурд, ки хоссиятҳои руҳӣ як дастаи махсус аз хоссиятҳои модда аст. Ҷамъ шудани саҳеҳ ва ғалатро дар мабҳаси “ҳақиқати нисбӣ” баён кардем ва гуфтем, масалан меконики Нютон дар айни ҳол саҳеҳ ва ғалат аст. Саҳеҳ аст зеро ба василаи он натоиҷи саҳеҳи амалӣ, ки сиҳҳати онҳо мусаллам аст, ба даст меоварем. Ва ғалат аст, зеро суръати дастгоҳро дар қавонин дар назар нагирифтааст.”

Дар мабҳаси “Ҳақиқати нисбӣ” сафҳаи 27 мегӯяд:

Дар зиндагии маъмулӣ саҳеҳ ва ғалатро комилан мутазодд фарз намуда муқобили ҳам қарор медиҳанд: як чиз ё саҳеҳ аст ё ғалат, шиққи севвуме надорад, ва ҳол он ки мактаби диалектик дар ҳар як аз мароҳили шинохтан, як ҷузъи саҳеҳ ва як ҷузъи ғалат мӯътақид аст.”

Дар сафҳаи 28 мегӯяд:

Дар қарни гузашта мегуфтем атом ҷузъи лоятаҷаззо ва охирин ҳадди таҷзияи модда аст. Ин иддаъо ҳам саҳеҳ ва ҳам ғалат буд. Саҳеҳ буд зеро усули санъати азими шимӣ бар рӯйи он бино шуд. Чӣ тавр метавон гуфт чунин фарз ғалат аст? Аммо дар айни ҳол, ки ҳақиқат дорад, ғалат ҳам ҳаст, зеро дар он чиз, ки “атом” номида мешуд, аҷзоъи дигар яъне электрон ва позитрон ва нейтрон ва ғайра пайдо шуда.”

Ин гуфтаҳо ба қадре беарзиш ва беэътибор аст, ки қобили таваҷҷӯҳ кардан нест.

Ростӣ, шармовар аст пас аз ҳазорҳо сол ранҷу заҳмат, ки башар дар роҳи илму фалсафа кашида ва муваффақиятҳое, ки дар ин замина касб кардааст, то онҳоро ба ин мартибаи олӣ расондааст, як даста пайдо шаванд ва ба номи илм ва фалсафа ин тавр ратбу ёбис ба ҳам бибофанд ва бо камоли вақоҳат хиёлоти пучи худро ба унвони олитарин афкори фалсафӣ муаррифӣ кунанд.

Ба қадре ин гуфтаҳо беасос аст, ки худашон гоҳе маҷбур мешаванд пойи фарзияҳоро ба миён кашида аз як ҷузъи саҳеҳ ва як ҷузъи дигари ғалат сӯҳбат ба миён оваранд. Мисли ин ки гумон кардаанд, соири мардум мункиранд, ки мумкин аст як ҷузъи як фарзия саҳеҳ ва як ҷузъи дигари он фарзия ғалат буда бошад; дар сурате ки қиссаи як ҷузъи ғалат ва як ҷузъи саҳеҳ, бо мисолҳое, ки худашон зикр мекунанд, созгор нест. Дар мисоли Ҷурҷ Пулитсер (борон гирифт…) кадом ҷузъаш саҳеҳ ва кадом ҷузъаш ғалат аст? Дар мисоли атом, ки дар қарни 19-ум муддаъӣ буданд атом қобили таҷзия нест, кадом ҷузъаш саҳеҳ ва кадом ҷузъаш ғалат буд?

Идома дорад



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: