Шарҳи Маснавӣ (134)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (3)

* * *

Ҷон зи пайдоиву наздикист гум,

Чун шикам пуробу лабхушкӣ чу хум.

Ҷон (зоти ҳазрати Ҳақ) аз шиддати зуҳур ва наздикӣ пинҳон аст, ва ту эй инсоне, ки асрори Ҳақро дарнаёфтаӣ ва ӯро шуҳуд накардаӣ! Монанди хумрае ҳастӣ, ки дарунаш пур аз об аст, вале лабаш хушк аст.

Нукта: Дар ояти 16 сураи Қоф омадааст:

وَنَحْنُ أَقْرَبُ إِلَيْهِ مِنْ حَبْلِ الْوَرِيدِ

Мо аз шоҳраги ӯ (инсон) ба ӯ наздиктарем.” Замахшарӣ ин таъбирро маҷозӣ ва барои баёни қурб гирифтааст. (Кашшоф, ҷ.4, с.383)

Кай бибинӣ сурху сабзу фурро,

То набинӣ пеш аз ин се, нурро?

Модом ки нурро надида бошӣ, чӣ гуна мумкин аст, ки ранги сегонаи сурху сабзу фур (сурхи камранг)-ро бибинӣ?

Нукта: Ба ақидаи Ибни Сино ва бисёре аз ҳукамо ва Ибни Майсам (риёзидони маъруф ва муосири Ибни Сино), нур ва равшанӣ шарти вуҷуд ва ҳусули рангҳост ва дар торикӣ ранг вуҷуд надорад, зеро шарти вуҷуди он, ки нур аст мавҷуд нест. Аммо ба ақидаи мутакаллимон, нур шарти дидани ранг аст. Ва бино бар ин ақида, ранг дар зулмат мавҷуд аст, вале дида намешавад; зеро шарти руъяти он вуҷуд надорад. Гуфтаи Мавлоно ба ақидаи мутакаллимон наздик аст. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.2, с.431)

Мавлоно ин байтро низ бар сабили тамсил овардааст, то ин матлабро, ки Худованд аз шиддати зуҳур махфӣ аст, бештар табйин кунад.

Дар инҷо “нур” киноя аз зоти Ҳақ ва рангҳои сегонаи мазкур киноя аз касрат ва мавҷудот аст. Ҳамон тавр ки зуҳури рангҳо ба нур бастагӣ дорад, зуҳури ҳамаи ашё низ ба нури Ҳақ мӯҳтоҷ аст.

Манзури байт: Ҳастии мутлақ ба сабаби камоли зуҳур махфӣ аст, монанди нур, ки аз ниҳояти зуҳур пӯшида аст, зеро дидани ҳамаи ашё ба воситаи нур сурат мегирад, барои ин ки нур зотан зоҳир аст ва зоҳиркунандаи ашё, ва то аввал нур дида нашавад, рангҳо зуҳур накунад. Вале мутаассифона инсон рангро мебинад ва мутаваҷҷеҳи нур намешавад. Ҳамин тавр, одамиён чунон дар банди мумкинот ҳастанд, ки вуҷуди воҷибро намеёбанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.74)

Лек чун дар ранг гум шуд ҳуши ту,

Шуд зи нур он рангҳо рӯпӯши ту.

Аммо чун ҳушат дар рангҳо маҳву мустағрақ гардид, он рангҳо бароят ҳиҷобе пӯшонанда шуда, то натавонӣ “нур”-ро, ки сабаби аслии нумуди рангҳост, мушоҳида кунӣ.

Рӯпӯш: ин калима дар Маснавӣ бисёр омадааст. Аз мавориди истеъмоли он бармеояд, ки сифати мураккаби фоъилӣ аст, ки гоҳе ҳолати исми масдарро ба худ мегирад, муродифи “сатр” ва “сотир”-и арабӣ аст, яъне пардаи пӯшонанда.

Чунки шаб он рангҳо мастур буд,

Пас бидидӣ диди ранг аз нур буд.

Ҳамин ки чодари сиёҳи шаб бар ҳамаи ашё афканда шавад ва ҳамаро дар худ пинҳон кунад, он гоҳ хоҳӣ донист, ки дида шудани рангҳо ба воситаи тобиши нур будааст.

Нест диди ранг бе нури бурун,

Ҳамчунин ранги хаёли андарун.

Модом ки нуре дар берун натобида, дидани рангҳо ва ашколи хориҷӣ ҳам муяссар нахоҳад буд. Ҳамчунин, ранги хиёлоти дарун низ бидуни нури руҳонӣ қобили руъят нахоҳад буд.

Нукта: Мутобиқи тақрири Мавлоно, дидани ранги хориҷӣ ба василаи вуҷуди нури хориҷӣ аст, ва бар ин қиёс, дидани рангу шакли андеша ва хиёл, ки рангҳои дарунӣ аст, машрут аст ба инъикоси анвори ғайбӣ. Ва чунонки ранги хориҷӣ ба нури офтоб ва ситорагон мутамайиз мегардад, рангҳои ботинӣ низ ба нури басират дида мешавад. Масалан, хиёл ва андешаи ботилро ба нури ақл аз ҳаққу савоб бозмешиносем ва васвасаи дев ва илқои шайтонро ба нури дил аз ламмаи малак ва ваҳю илҳом тамйиз медиҳем. (Шарҳи Маснави Шариф, ҷ.2, с.203)

Ин бурун аз офтобу аз суҳо

В-андарун аз акси анвори уло.

Ҳамон тавр ки рангҳои зоҳирӣ бар асари тобиши нури хершед ва соири аҷроми самовӣ дида мешавад, рангҳои ботинӣ низ ба василаи нури басирати илоҳӣ дида мегардад.

Суҳо: номи ситорае аст хурд ва бисёр пинҳон, ки дар қадим қувваи биноиро бо он меозмуданд. Анвори уло: ба маънои анвори барин аст.

Нури нури чашм, худ нури дил аст,

Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.

Маншаи аслии нури чашми мо аз нури дил аст. Нури чашм аз нури дил падид омадааст.

Нукта: Дар ҳикмат муқаррар шудааст, ки мудрики ҷузъиёт ва куллиёт нафси нотиқаи инсонӣ аст, бо ин тафовут, ки ҷузъиётро ба василаи олоте аз қабили чашму гӯшу ваҳму хиёл идрок мекунад ва куллиётро мустақиллан идрок менамояд.

Боз нури нури дил нури Худост,

К-ӯ зи нури ақлу ҳис поку ҷудост.

Ҳамин тавр маншаи аслии нури дил анвори худовандӣ аст, ки аз нури ҳиссу ақл ҷудост ва аз ҷинси онҳо нест.

Нукта: Мавлоно дар инҷо барои он ки гумон наравад, ки илми ҳазрати Ҳақ низ монанди идрокоти башарӣ мӯҳтоҷи тамҳидот ва муқаддимот аст, илми Худовандро аз синхи идрокоти башарӣ ҷудо мешуморад.

Шаб набуд нуре, надидӣ рангро,

Пас ба зидди нур пайдо шуд туро.

Чун ки шаб фаро расад ва нури хуршед пинҳон шавад, рангҳоро наметавонӣ бибинӣ, пас ба сабаби зидди нур ҳақиқати нур бароят пайдо мешавад.

Дидани нур аст, он гаҳ диди ранг

В-ин ба зидди нур донӣ бедиранг.

Ибтидо бояд нурро дид ва сипас рангро. Ва ин бад-он ҷиҳат аст, ки дида шудани ранг, ба воситаи вуҷуди нур аст, зеро ки ранг зидди нур аст. Ва ин матлаб аз умури бадеҳӣ аст ва ниёзе ба таъаммул ва диранг надорад. (Пештар гуфта шуд, ки ҳукамо нурро шарти вуҷуди ранг медонанд ва мутакаллимон нурро шарти дидани ранг фарз мекунанд.)

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: