Хонадони Балъамӣ

Абулфазли Балъамӣ (Балъамии Кабир)

Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ ибни Муҳаммад машҳур ба Абулфазли Балъамӣ дар соли 229 ҳиҷрии қамарӣ зода шуда. (1) Дар бораи нисбати вай ду ривоят мавҷуд аст. Ривояте мегӯяд, вай мансуб ба шаҳри Балъам аз шаҳрҳои диёри Рум (2) мебошад. (3) Ҷадди вай Раҷоъ ибни Маъбади Тамимӣ ҳангоми ҳамлаи Муслима ибни Абдулмалик ба билоди Рум, ба ҳамроҳи Муслима ба онҷо рафт ва дар ҳамонҷо сокин шуд ва насли ӯ дар он минтақа тадовум ёфт. (4)

Ривояте дигар мегӯяд, ҷадди ӯ Баҳор (Баҳор ибни Холид ибни Муғис) ном доштааст. Баҳор аз шуҷоъони қабилаи Тамим буда, ки дар сипоҳи Қутайба ибни Муслим ба Марв омада ва дар минтақае ба номи Балъамон сокин шудааст ва ба ҳамин ҷиҳат ба ӯ Балъамӣ мегӯянд. (5)

Дар муқаддимаи “Торихномаи Табарӣ” ба нақл аз Самъонӣ омадааст: “Вай аз мардуми Бухорост ва аҳфоди (набераҳои) ӯ то имрӯз (яъне рӯзгори Самъонӣ, соли 505 ҳиҷрӣ) ба Бухоро бар ҷой мондаанд.” (6)

Вазорати Балъамӣ

Хонадони Балъамӣ шояд пас аз Бармакиён пуровозатарин хонадонҳое бошанд, ки ба вазорат расидаанд ва ному ёдашон дар китобҳои адаб ва торих ба фаровонӣ омадааст. (7)

Абулфазли Балъамӣ ибтидо ба вазорати Амир Исмоил ибни Аҳмад аз умарои сомонӣ расид. (8) Вай дар замони иморати Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ҳам аз ҳудуди соли 309 то 326 ҳ.қ беш аз 15 сол вазорат дошт. (9) Ӯ дар ин муддат дар густариши адолат ва инсоф ва тадбири умури мамлакат талош намуд. (10)

Абулфазли Балъамӣ дар дафъи шӯрише, ки бар зидди Наср ибни Аҳмад ба роҳ афтода буд, саҳми басазое дошт. Ин шӯриш аз тарафи Мардовиҷи Зиёрӣ (11) сурат гирифта буд. Балъамӣ бо ирсоли номае, Мардовиҷро, ки аз шаҳри Рай ба сӯйи Гургон лашкар кашида буд, аз набард бо амири сомонӣ мунсариф сохт: “Ман салоҳ намедонам ту бо як подшоҳе, ки сад ҳазор марди набард аз ғуломони худ ва бандагони падар гирди ӯ мегарданд, набард кунӣ. Беҳтар ин аст, ки ту Гургонро тарк кунӣ ва барои ҳукумати Рай бо пардохти маблағе молиёт мувофиқат намоӣ.” (12) Мардовиҷ ин пешниҳодро пазируфт ва бо амири сомонӣ сулҳ кард ва баргашт. (13)

Дар замони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ қабл аз Балъамӣ, Абулфазл ибни Яъқуби Нишопурӣ ва пас аз Балъамӣ Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ ба вазорат расиданд. (14)

Вай дар замони вазораташ дастури тарҷумаи “Калила ва Димна” аз арабӣ ба порсиро содир кард ва ба фармони ӯ буд, ки Рӯдакӣ онро ба назм даровард. (15) Писари ӯ Абӯалии Балъамӣ вазири Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ шуд ва китоби “Торихи Балъамӣ”-ро аз арабӣ ба порсӣ тарҷума кард. (16)

Абулфазли Балъамӣ на танҳо вазири кордоне буд, балки дар ҷангҳои Сомониён бо душманонашон низ шахсан ширкат кард ва дар соли 308 ҳ.қ дар ҷанге ба сардории Ҳамуя ибни Алӣ бо Лайло ибни Нӯъмони Дайламӣ ширкат дошт, ки ин ҷанг бо пирӯзии Ҳамуя ва қатли Лайло ибни Нӯъмон хотима ёфт. (17) Ӯ дар соли 326 ҳ.қ аз вазорат азл шуд. (18) Иллати азли вай ҳамонанди наҳваи маргаш чандон равшан нест. (19)

Мақоми илмӣ

Абулфазли Балъамӣ шогирди Муҳаммад ибни Амри Марвазӣ ва Муҳаммад ибни Насри Марвазӣ будааст. (20) Вай донишманд, адиб ва аҳли балоғат будааст. Бино ба нақли Заҳабӣ, яди тӯлое дар иншо ва балоғат дошт. (21)

Вай ба илм ва уламо эҳтиром мегузошт ва раъю тадбири ӯ бисёр муассир буд. (22)

Китоби “Талқиҳул-балоға” аз муҳимтарин осори Абулфазли Балъамӣ аст. (23) Китоби “Алмақолот” аз дигар осори муҳимми ӯст. (24) Аз дигар осори ӯ метавон ба “Ашшомил”, “Мафохирул-мақола фил-луға”, “Мултақатул-фатово” ва “Назмул-ҷимон” ишора кард. (25)

Вафоти вай

Тибқи қавли машҳур, вафоти вай дар соли 329 ҳиҷрии қамарӣ будааст. (26) Самъонӣ менависад: “Вай дар шаби 10-уми моҳи сафари 329 аз дунё рафт.” (27) Бархе ба вафоти ӯ дар соли 325 ҳ.қ ишора кардаанд. (28) Наршахӣ менависад: “Инки бархе навиштаанд, вай дар замони Амир Нӯҳ ибни Наср ва ба дастури вай ба қатл расид, дуруст нест, чаро ки вай дар соли 329 даргузашта ва замони Нӯҳ ибни Насрро дарнаёфтааст.” (29)

Абӯалии Балъамӣ

Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ ат-Тамимӣ ал-Балъамӣ маъруф ба Абӯалии Балъамӣ дар Бухоро таваллуд ёфт. Дар иртибот бо даврони кӯдакӣ ва айёми ибтидои зиндагиаш, иттилоъи чандоне дар даст нест. Вай фарзанди Балъамии Бузург Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳи Балъамӣ аст. (30)

Даврони вазорат

Пас аз давраи вазорати Юсуф ибни Исҳоқ, навбат ба вазорати Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ расид. (31) Ӯ аввалин бор дар соли 349 ҳиҷрии қамарӣ ба вазорати Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ расид. (32)

Балъамӣ илова бар вазорати Абдулмалик ибни Нӯҳ, вазири Мансур ибни Абдулмалик ибни Нӯҳи Сомонӣ низ будааст. (33)

Вай дар даврони вазораташ бо Алптегин иртиботи бисёр наздике дошт ва ҳеч коре бе илм ва машварати ӯ анҷом намедод. (34) Алптегин, ки муассиси силсилаи Ғазнавиён домоди вай будааст, дар давраи Абдулмалики Сомонӣ фармондеҳи кулли Хуросон буд. Ӯ баъдҳо ба Ғазна рафт. (35) Абӯалии Балъамӣ ва Алптегин ба унвони ду дӯст, муттаҳид ва пуштибони якдигар буданд. (36) Балъамӣ ҳатто баъзан умури сиёсии мамлакатро бо машварат бо Алптегин анҷом медод.

Абӯалии Балъамӣ ва тарҷумаи “Торихи Табарӣ”

Абӯалии Балъамӣ ҳамонанди падараш дар нашри забони порсӣ таъсири бисёр гузошт ва бо адибони он давра аз ҷумла Абӯбакри Хоразмӣ (вафот 383 ё 390 ҳ.қ) дӯстӣ ва мукотиба дошт. (37)

Яке аз корҳои боарзиш ва мондагори Абӯалии Балъамӣ, тарҷума ва талхиси “Торихур-русул вал-мулук” ё “Торихи Табарӣ” аст. Ин китоби торихӣ ба дастури Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ, ки ҳукуматро пас аз бародараш Абдулмалик дар даст дошт, дар соли 352 ҳ.қ, ки ҳанӯз ним қарн аз вафоти Табарӣ нагузашта буд, ба порсӣ тарҷума ва талхис шуд. (38)

Ин тарҷума, ки шомили тамоми “Торихи Табарӣ аст”, тарҷумаи сирф ва бидуни тағйири ин китоб нест. Тафовути кори Балъамӣ бо Табарӣ дар ин аст, ки Балъамӣ номи ровиён ва аснодро ҳазф карда ва аз зикри ривоятҳои мухталиф дар як маврид, ки дар асли арабӣ зикр шуда, эҳтироз кардааст. Ӯ аз ривоятҳои мухталиф ба як ривоят, ки дар назди муаллиф ё мутарҷим мураҷҷаҳ ба назар расида, иктифо кардааст ва ҳарҷо ривояте ноқис ёфта, онро аз маъохизи дигар ва дар матни китоб нақл кардааст ва ишора намуда, ки Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ ин ривоятро наёвардааст. (39)

Дэвид Мургон (David Morgan) низ мӯътақид аст, “ин асари Абӯалии Балъамиро наметавон танҳо тарҷумаи сирфи китоби Торихи Табарӣ донист.” (40)

Сайид Абулқосими Фурӯзонӣ менависад: “Аз онҷо, ки тарҷумае, ки Балъамӣ аз китоби “Торихур-русул вал-мулук” ба амал оварда бо ҳазфи асноди тӯлонӣ ва низ ривоятҳои мутаъаддид дар боби ҳодисаи воҳид ҳамроҳ буда ва низ дар баъзе маворид ба хусус дар мавриди торихи бостонии Эрон нуктаҳое дарбар дорад, ки дар асли китоби Торихи Табарӣ нест, метавон ин тарҷумаро, ки ба Торихи Балъамӣ маъруф аст, китоби торихи мустақилле ба шумор овард ва қадимитарин торихи умумии порсӣ донист.” (41)

Асари Балъамӣ илова бар изофоте, ки дар бораи пайдоиши ҷаҳон ва ақоиди эрониён дар боби оғози офариниши Одам (а) ва ғайра… дорад, ҳаводисро то соли 355 ҳиҷрии қамарӣ зикр кардааст, дар ҳоле ки дар Торихи Табарӣ ҳаводис танҳо то сол 302 ҳ.қ омадааст, бинобар ин, ин бахш пайвасте бар Торихи Табарӣ маҳсуб мешавад.

Тарҷумаи Торихи Табарӣ, ки бархе номи онро “Торихномаи Табарӣ” хондаанд, маъхаз ва марҷаъи бисёре аз тарҷумаҳои дигар монанди тарҷумаи туркӣ шудааст. Зеро ба воситаи итноб ва тафсили Торихи Табарӣ ва зиёдии ҳаҷми он ва ихтисор ва шевоии тарҷумаи Балъамӣ, мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. (42)

Бархе мӯътақиданд, тарҷумаи Торихи Табарӣ тавассути Абӯалии Балъамӣ шахсан сурат нагирифта, ин тарҷума тавассути дабирони вай анҷом гирифтааст. Муҳаммади Равшан, мусаҳҳеҳи “Торихномаи Табарӣ” менависад: “Абӯалии Балъамӣ аз поя ва мояи дониш баҳраи чандоне надошта ва дар ин кор воситае беш набуда ва тарҷумаи ин асар тавассути дабирон ва муншиёни донишманд ва гумноми девони Сомониён анҷом шудааст. Се тан ё се гурӯҳ дар ин кор эҳтимом варзидаанд.” (43) Аммо бархе мӯътақиданд, барои ин иддаъо далели кофӣ дар даст нест. (44)

Дар иртибот бо номи ин китоб низ бояд гуфт, бархе номи “Торихи Балъамӣ”-ро (45) барои ин асар мавриди истифода қарор медиҳанд. Аммо бархе номи “Тарҷумаи Торихи Табарӣ” (46) ва ё “Торихномаи Табарӣ”-ро дуруст медонанд. Мусаҳҳеҳи ин асар дар муқаддимаи он, зикри унвони “Торихи Балъамӣ”-ро барои ин китоб нодуруст шумурдааст. Эшон овардааст: “Сипос Худойро, ки Торихномаи Табарӣ, ки ба нодуруст дар порае аз нигоштаҳои порсӣ “Торихи Балъамӣ” хонда шудааст… ба анҷом расид.” (47)

Вафоти Балъамӣ ба соли 363 ҳиҷрии қамарӣ будааст. (48) Бархе ҳам соли вафоти ӯро 383 ҳиҷрии қамарӣ зикр кардаанд. (49)

* * *

Пайнавишт:

(1) Бағдодӣ, Исмоил Пошшо, Ҳадятул-орифин, ҷ.2, с.34.

(2) Ҳимавӣ, Ёқут, Муъҷамул-булдон, ҷ.1, с.485.

(3) Ибни Мокуло, Икмолул-камол, ҷ.7, с.278.

(4) Заҳабӣ, Торихул-ислом, ҷ.24, с.272 ва Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, ҷ.15, с.291.

(5) Самъонӣ, Абдулкарим, Ал-ансоб, ҷ.1, с.391.

(6) Балъамӣ, Торихномаи Табарӣ, муқаддима, с.16.

(7) Ҳамон, муқаддима с.37-36.

(8) Наршахӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар, Торихи Бухоро, с.348-347 ва Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, ҷ.15, с.291.

(9) Наршахӣ, пешин, с.348.

(10) Ҳамон, с.348.

(11) Вай аввалин ҳукмрони Оли Зиёр аст, ки аз соли 315 то соли 323 ҳ.қ ҳокими Табаристон будааст.

(12) Ибни Асир, ҷ.19, с.288-289.

(13) Ҳамон, ҷ.19, с.289.

(14) Мақдисӣ, Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсанут-тақосим, с.337.

(15) Балъамӣ, пешин, муқаддима, с.16.

(16) Ҳамон, с.15.

(17) Гардезӣ, Абдулҳай ибни Заҳҳоқ, Зайнул-ахбор, с.192 ва Ибни Асир, ҷ.19, с.167-168 ва Наршахӣ, с.348.

(18) Наршахӣ, пешин, с.322 ва Сафо, Забеҳуллоҳ, Торих адабиёт дар Эрон,Теҳрон, фирдавс, 1378, ҳаштум, ҷ1, с 619.

(19) Ҳаддоди Одил, Ғуломалӣ, Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.4, с.51.

(20) Заҳабӣ, Торихул-ислом, ҷ.24, с.272.

(21) Ҳамон, ҷ.24, с.272.

(22) Самъонӣ, пешин, ҷ.1, с.391 ва Нишопурӣ, Ҳоким, Торихи Нишопур, с.146.

(23) Ҳоҷӣ Халифа, Кашфуз-зунун, ҷ.1, с.48.

(24) Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, пешин, ҷ.15, с.291.

(25) Бағдодӣ, Исмоил Пошшо, пешин, ҷ.2, с.34.

(26) Наршахӣ, пешин, с.349 ва Ибни Мокуло, пешин, ҷ.7, с.278.

(27) Самъонӣ, пешин, ҷ.1, с.391.

(28) Бағдодӣ, пешин, ҷ.2, с.34.

(29) Наршахӣ, пешин, с.349.

(30) Теҳронӣ, Оғобузург, Аззариъа, ҷ.3, с.222 ва Сафо, Забеҳуллоҳ, Торихи адабиёти Эрон, ҷ.1, с.619.

(31) Наршахӣ, Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфар, Торихи Бухоро, с.350.

(32) Ҳаддоди Одил, Ғуломалӣ, Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.4, с.51.

(33) Гардезӣ, Абдулҳай ибни Заҳҳок, Зайнул-ахбор, с.354.

(34) Гардезӣ, пешин, с.356.

(35) Сойкс, Торихи Эрон, ҷ.2, с.35.

(36) Гардезӣ, пешин, с.356.

(37) Ҳаддоди Одил, пешин, с.52 ба нақл аз Хоразмӣ, Расоили Абӯбакри Хоразмӣ, с.30-31.

(38) Оғобузург Теҳронӣ, пешин, ҷ.3, с.222.

(39) Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Торихи Табарӣ, ҷ.16, с.56-55.

(40) Мургон, Дэвид, Эрон дар қуруни вусто, с.29.

(41) Фурӯзонӣ, Сайид Абулқосим, Торихи таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Эрон дар давраи Сомониён, с.184.

(42) Табарӣ, пешин, муқаддима, с.56.

(43) Балъамӣ, Абӯалӣ, Торихномаи Табарӣ, муқаддимаи Муҳаммади Равшан, ҷ.1, с.12.

(44) Ҳаддоди Одил, пешин, с.52.

(45) Фурӯзонӣ, пешин, с.184.

(46) Қадёнӣ, Аббос, Фарҳанги ҷомеъи торихи Эрон, ҷ.1, с.78.

(47) Балъамӣ, Абӯалӣ, пешин, ҷ.1, с.11.

(48) Наршахӣ, пешин, с.350.

(49) Балъамӣ, пешин, ҷ.1, с.15.

Pajoohe



Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: