Инсони имрӯз ва инсони дирӯз

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба лиҳози инсоният, оё миёни одамҳои имрӯз бо одамҳои аввалия (ва ба истилоҳ, одамҳои обшинаи ибтидоӣ) ва ё қуруни вусто ё масалан одамҳои дусад сесад сол пеш фарқе ҳаст? Ҳастанд касоне, ки фикр мекунанд, инсони имрӯз — яъне инсони қарни 20 ва 21 – бисёр “инсонтар” аз одами масалан ҳазор сол қабл аст.

Ва барои исботи ин муддаъо мегӯянд, инсони имрӯзин аз назари илм ва огоҳӣ бисёр пеш рафта; агар ҷаҳони инсони аввалия ва огоҳиҳои вай маҳдуд ба ҳамон муҳити кучак ва бастаи ӯ – ки дар он зиндагӣ мекарда – будааст, аммо ҷаҳони инсони имрӯзин на танҳо маҳдуд ба кураи хокӣ, ки ҳатто аз он таҷовуз карда ва анқариб пояш ба Миррих ҳам хоҳад расид. Ва аз назари абзор ва васоили зиндагӣ ва рафоҳ низ, инсони имрӯзин ҳатто қобили қиёс бо инсонҳои сад сол пеш нест, то чӣ расад ба одамҳои қуруни вустоӣ ва аввалия. Бо ин ҳисоб, қатъан инсони имрӯзин “инсонтар” ва дар натиҷа “саодатмандтар” ва “хушбахттар” аст!

Аммо оё воқеан “инсоният” ба ҳаминҳост? Оё саодат ва хушбахтии инсон ба ҳамин аст? Яъне, агар касе огоҳтар аст ва иттилооташ бештар, ӯ инсонтар аз касе аст, ки огоҳиҳои ӯ маҳдуд ва андак мебошад? Ё, касе ки масалан дар як хонаи шик ва лукс зиндагӣ мекунад, оё ӯ инсонтар аз касе аст, ки дар як кулбаи муҳаққар ва ё ғор зиндагӣ мекарда? Ҳарчанд ғорнишин меҳрубонтар аз кохнишине бошад, ки заррае раҳму шафқат дар ӯ набошад?

Мутаассифона, вақте вожаи “ғорнишин” ба гӯшамон мехӯрад, мо филфавр дар зеҳни худ одамеро ба тасвир мекашем, ки аз инсоният бебаҳра ва як ваҳшӣ ва номеҳрубон аст.

* * *

Аммо ҳақиқат ин аст, ки меъёр ва милоки “инсонияти” инсон, на ба вусъати огоҳӣ ва иттилооти вай аст, на ба бархӯрдории ӯ аз хонаи лукс ва шик ва мошину ин ҷур чизҳо ва на ба мураффаҳтар будани вай. Балки “инсонияти” инсон, ба ороста будани ӯ ба ахлоқи инсонӣ ва дурии вай аз рафторҳои зишт ва ғайриинсонӣ аст. Яъне, як одам ба ҳар мизон, ки ба ахлоқи инсонӣ ороста бошад, ӯ инсонтар, ва ба ҳар мизон, ки бадахлоқ бошад, ӯ бебаҳра аз “инсоният” аст.

Бо ин ҳисоб, як “ғорнишине”, ки меҳрубон, содиқ, ростгӯ, дурусткор, якрӯ, боиффат, додгар, боинсоф ва ғайра аст (бо ин ки чизе надошта), ӯ ба маротиб инсонтар ва дар натиҷа хушбахттар аз як “кохнишине” аст, ки бераҳм, дурӯғгӯ, фиребкор, дурӯя, беҳаё, золим ва беинсоф аст, ҳарчанд ин кохнишин аз як зиндагии мураффаҳе бархӯрдор буда ва ҳама чиз дошта бошад; аз мошину ҳавопаймову ғайраву золик…

Ҳоло, нигоҳе биандозем ба инсонҳои дирӯз (аз ғорнишинҳо то қуруни вустоиҳо ва то дусад сесад сол пеш) ва инсони имрӯзин ва ба истилоҳ “мутамаддин”, ва бибинем, оё дар инсоният фарқе бо ҳам кардаанд.

* * *

Агар дар қадим подшоҳи золим ва ситамгаре буда, ки ба раъият ситам мекарда, имрӯз ҳам ҳаст; бо ин тафовут, ки номаш дигар “подшоҳ” нест, балки “раисиҷумҳур” аст ва мардум ҳам дигар “раъият” хонда намешаванд, балки “шаҳрванд”-аш меноманд. Аммо дар моҳият ва ҳақиқат, ин ду бо ҳам ҳеч фарқе надоранд. Як “раисиҷумҳури” имрӯзин, дар зулму ситаму беинсофию ноҷавонмардӣ, агар нагӯем бадтар аз як “подшоҳи” қуруни вустоӣ аст, лоақал метавон гуфт, аз ӯ ҳеч камӣ надорад.

Агар дар қуруни вусто дурӯғ буд ва яке дигареро фиреб медод, имрӯз ҳам ҳаст ва балки бештар шуда ва аҳёнан дурӯғу фиребу найранг имрӯз бо ановине фиребанда ба кор гирифта мешавад, ки камтар касе мутаваҷҷеҳи он дурӯғ ва найранг мешавад.

Агар миёни инсонҳои “ғорнишин” аҳёнан ба хотири риёсат дар “ғор” кашмакаш ва даргирӣ ба вуқӯъ мепайваст ва дар он миён чанд нафар ҳам кушта мешуданд, имрӯз низ ба хотири расидан ба курсии риёсати ҷумҳурӣ миёни афроди башар даргириҳои хунин воқеъ мешавад ва на танҳо шуморе андак, балки ҳазорон афрод кушта мешаванд.

Агар дар қуруни вусто Искандар ва ё Чингизе пайдо мешуда ва ба кишваргушоӣ мепардохта ва ҳазорон инсонҳои бегуноҳ ба хотири зиёдахоҳии онон кушта мешуданд, ҳоло аммо Буш ва Блере пайдо мешаванд ва ба кишваргушоӣ мепардозанд ва дар ин миён, на ки ҳазорон, балки милюнҳо инсони бегуноҳ кушта мешаванд. Мунтаҳо тафовуте, ки миёни кишваргушоёни пешин ва кишваргушоёни “мутамаддин” вуҷуд дорад, дар ин аст, ки агар Искандару Чингиз номи кори худро содиқона ба мусаммояш мехонданд, яъне ба “кишваргушоӣ”, аммо кишваргушоёни “мутамаддин” номи ин корро ба ановине чун “баст ва густариши демукросӣ” мехонанд.

Асосан, ҷангу куштору хунрезӣ – ки сабабаш ҷуз дур будани анҷомдиҳандагонаш аз инсоният нест – дар сад соли ахир (қарни 20-ум ва авоили қарни 21) беш аз ҳар замоне дар торихи башар будааст. Ду ҷанги ҷаҳонӣ ва хонумонсӯз, ки беш аз 70 милюн (ё бештар) қурбонӣ дошта, дар ҳамин сад соли ахир ба вуқӯъ пайваста, ва он ҳам тавассути афрод ва кишварҳое, ки худро “мутамаддин” мехонданд, яъне ғарбиҳо ва урупоиён. Азизон, ҳатман сафаҳоти торихро таварруқ бикунанд ва ба муқоиса бипардозанд. Ба унвони намуна арз мекунам. Дар ҳудуди сад соле, ки Сомониён дар Эронзамин (ки манотиқи бисёр васеъеро дарбар мегирифт) ҳукумат кардаанд, ба шаҳодати торих ба ҷуз чанд ҷанги маъдуд ба вуқӯъ напайваста ва ҳамаи кушташудаҳои ин ҷангҳои ангуштшумор, ба 100 ҳазор тан ҳам намерасад. Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки ин адад дар кулли сад сол яъне як қарн аст.

Вил Дуронт дар китоби “Торихи тамаддун”-и худ, онҷо ки дар бораи ҳукумати хулафои исломӣ – аз Умавиён бигир то Аббосиён ва то Фотимиён ва Айюбиён ва Марвониён дар Анадалус (Испониё) ва ғайра – менависад, мегӯяд, дар замони ҳукумати ин хулафо, башар дар торихи худ давронеро суроғ дорад, ки дар муддати замонии ҳудуди сад сол (як қарн) аслан ҳеч ҷанге ба вуқӯъ напайваста. Ва сипас, Дуронт меафзояд, яке аз маъойиби торихнигорони исломӣ (мисли Табарӣ) ин аст, ки дӯст доштанд бештар аз ҷангу набард бинависанд ва лизо номи ин китобҳоро “ҷангнома” гузоштан муносибтар аст, то “торихнома”.

Ба ҳар сурат, ҳадаф аз ёдоварии ин нукот он аст, ки инсонияти инсон, ба вусъати огоҳӣ ва ё бархӯдории вай аз зиндагии мураффаҳ нест, ки бигӯем, инсони имрӯз “инсонтар” аз инсони дирӯз аст, балки ба ороста будани ӯ ба ахлоқи инсонӣ аст. Аз ҳамин назар, инсони имрӯзин аз инсоният бисёр дур шуда. Меҳрубонӣ, садоқат, иффат, росткорӣ, инсоф ва ғайра аз сифоти инсонӣ, дар миёни одамҳои имрӯз ва ба истилоҳ “мутамаддин”, камранг шуда ва ҷойи онро сифоти разила ва нописанд ва зишт ва ғайриинсонӣ гирифта, чӣ дар шарқаш ва чӣ дар ғарбаш, чӣ дар кишварҳои ба истилоҳ исломияш ва чӣ дар кишварҳои ғарбӣ ва мутамаддинаш.

* * *

Ҳоло, тамоми он чӣ то инҷо гуфта омадам, дар воқеъ муқаддимае буд барои баёни ин матлаб, ки: бар хилофи пиндорҳо, башари имрӯз беш аз ҳар замони дигар ниёз ба ҳидоят ва роҳнамоии осмонӣ дорад. Ин паёмбарон ҳастанд ва таълимоти осмонӣ аст, ки метавонад аз як одам “инсон” бисозад. На фалосифа ва фалсафа, на уламо ва илм ва на ҳеч кас ё чизи дигар. Фақат ва фақат таълимоти паёмбарон ва омӯзаҳои кутуби осмонӣ. Иншоаллоҳ дар ин хусус дар як мақолае ҷудо бештар баҳс ба амал хоҳам овард. Зеро ин навиштор хеле тӯлонӣ шуд ва муқаддима андаке зиёд гардид. Мегузорам барои як фурсати дигар.

Реклама


Рубрики:Ислом, Нақду назар, Пароканда

Метки: , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: