Мунозираҳое, ки руъёи Тромпро бар бод доданд

Таҳлиле аз Азро Клин (Ezra Klein) дар нашрияи Vox

Севвумин ва охирин мунозираи риёсати ҷумҳурӣ ба поён расид ва ҳоло метавон гуфт, ки Ҳилори Клинтун ба муассиртарин шакли мумкин дар торихи муосири сиёсии Омрико, Дунолд Тромпро кӯбид.

Назарсанҷиҳо тамоми достонро мегӯянд. Ҳилори Клинтун пас аз нахустин мунозира 1.5 дарсад аз Тромп пешӣ гирифт. Пеш аз дуввумин мунозира, номзади демукротҳо 5.6 дарсад аз Тромп ҷилавтар буд. Пеш аз севвумин мунозира, ӯ фосилаи худро бо Тромп ба 7.1 дарсад расонд. Ва ҳоло пас аз севвумин мунозира, Тромп гуфт, мардуми Омрикоро нисбат ба садоқат ва дурустии интихобот ва интиқоли қудрати мусолиматомез дар шакку тардид нигаҳ хоҳад дошт. Равшан аст, ки Тромп дар тӯли ин мунозираҳо ҳеч кӯмаке ба худ накард.

Ҳоло (пас аз се мунозира) маҳбубияти Тромп дар миёни раъйдиҳандагон на танҳо бештар нашуд, балки ҳоло назарсанҷиҳои зудҳангом аз пирӯзии Клинтун дар интихобот хабар медиҳанд.

Аммо ин, фақат рақобат барои курсии риёсати ҷумҳурӣ нест. Шартбандиҳо ҳоло бар сари ин аст, ки демукротҳо дар интихоботи Сено ҳам пирӯз хоҳанд шуд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки ёрони Клинтун дар интихоботи Маҷлиси намояндагон ҳам фосилаи худро бо ҷумҳурихоҳон бештар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар миёнаи як ҷанги тамомаёри дохилӣ қарор дорад, ки Пул Роён (Paul Ryan), раиси Маҷлиси намояндагони Омрико, ба сароҳат дар бораи он сӯҳбат кардааст.

Ин табиӣ нест. Ондру Прукуп (Andrew Prokop), таҳлилгари сиёсӣ, аз мунозираҳо чунин натиҷагирӣ кардааст: “Дар торихи муосири Омрико, мо ба нудрат шоҳиди чунин чархиши фоҳише дар натоиҷи назарсанҷиҳо будаем.” Аммо дар интихоботи феълӣ ин иттифоқ афтода ва далелаш ҳам, истротежии хатарнок ва пойдори Ҳилори Клинтун будааст.

Ривояти ғолиб дар тӯли рақобатҳои интихоботӣ (то пеш аз мунозираҳо) ин буд: «Ҳилори Клинтун номзади заъифе аст, ки ба далели рӯёрӯӣ бо як номзади заъифтар аз худ, шонси пирӯзӣ дорад. Адами маҳбубияти Ҳилори Клинтун кам нест, ошкоро осебпазир аст ва агар дар баробари Морку Рубиу (Marco Rubio) ё Пул Роён (Paul Ryan), номзадҳои ҷумҳурихоҳ қарор мегирифт, эҳтимолан ба сахтӣ дарҳам мешикаст. Клинтун хушшонс аст, бо фарде рақобат мекунад, ки манфуртар аз худаш аст, ошкоро осебпазир аст ва ҳарфҳои сахифаш дар бораи занон забт шудааст.”

Рагаҳое аз ҳақиқат дар ин ривоятҳо дида мешавад, аммо омору арқом низ нишон медиҳад, ки набояд короии сиёсии Ҳилори Клинтунро дар ин замина нодида гирифт. Бӯҳроне, ки Тромп дар он дасту по мезанад, иттифоқӣ набуд. Ситоди интихоботии Ҳилори Клинтун хеле хунсард нуқоти заъфи номзади пурҳошияи ҷумҳурихоҳро таҷзияву таҳлил карда ва баъд, бо истифода аз онҳо, Тромпро ба тала андохтанд.

Клинтун дар иҷрои ин истротежӣ комилан муваффақ буд. Иҷрои муваффақиятомези ин истротежӣ маҳсули сифоте шахсиятист, ки Клинтун ағлаб аз он ноҳия мавриди ҳамла қарор гирифтааст: эҳтиёташ, зиёдаравӣ дар мудирияти ҳама чиз ва бетаваҷҷуҳӣ. Ва албатта тавоноии хоссаш дар таҳрики Тромп ва беасар кардани ҳамалоти таҳоҷумии ин сиёсатмадори ноором.

Натиҷа, як дастоварди сиёсии бисёр ҷаззоб барои демукротҳо буд. Аммо он чӣ аз имтиёзи Ҳилори Клинтун мекоҳад ин аст, ки ӯ дар ин мунозираҳо бештар аз ин ки худаш бошад, шабеҳи Тромп аст. Ин аз аввалин мунозира шурӯъ шуд.

Клинтун дар нахустин мунозира борҳо ва борҳо рақиби худро бо номи кучак ва Дунолд садо зад. Ҳеч кас намедонад, ки чаро Дунолд Тромп аз номи кучаки худ безор аст, аммо ӯ воқеан чунин эҳсосе ба номи худ дорад. Тромп хеле сареъ дар мақоми шарманда кардани Клинтун баромад ва ӯро «Вазир Клинтун» садо зад. Ӯ гуфт: «Ин тавр нест Вазир Клинтун!»

Ин улгу дар тамоми мунозираҳо такрор шуд. Тромп мунозираро бо оромиш оғоз мекард, аммо бо таҳрикҳои Клинтун асабонӣ шуда ва ҳамалоти шахсии аҷибу ғариберо алайҳи тарафи муқобилаш матраҳ мекард, аз истидлолҳои дарҳаму барҳам барои тавҷеҳи рафтори худ истифода мекард ва аз посух додан ба пурсиши аслӣ бозмемонд. Аммо Клинтун дар муқобил бо оромиш иттилооти сиёсии худро бо ироаи оморҳои ҷаззоб, ба рухи мухотаб мекашид.

Ба ин тартиб буд, ки назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ҳатто раъйдиҳандагоне, ки аз Клинтун мутанаффир ҳастанд, эътироф мекунанд, ки ӯ барои риёсати ҷумҳурии Омрико ба маротиб муносибтар аз Дунолд Тромп аст.

Ҳилори Клинтун ҳам муртакиби иштибоҳ шудааст. Аммо ҳамон чизе, ки борҳо мунтақидон ба хотираш ӯро сарзаниш кардаанд, яъне эҳтиёти беш аз андоза, инҷо ба кӯмакаш омад ва боис шуд он қадр эҳтиёткор бошад, ки иштибоҳоташ барои расонаҳо ҷаззобтар аз гофҳои Дунолд Тромп нашаванд.

Vox



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: