Оё Туркия ба дархости мақомоти тоҷик посухи мусбат хоҳад дод?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамон тавр ки расонаҳо гузориш кардаанд, “Эмомалӣ Раҳмон аз Онкоро даъват кардааст, ки дар боздошту истирдоди он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои амалҳои теруристиву экстремистӣ мавриди кофтуков қарор дошта ва дар қаламрави Туркия паноҳ бурдаанд, мусоидат кунад.”

Аз лаҳни суханони ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон чунин бармеояд, ки мақсуди вай аз “теруристҳо” ва “экстримистҳо” фақат доъишиҳо ва касоне аз Тоҷикистон, ки дар саффи гурӯҳҳое теруристӣ мисли ДОЪИШ ва ё Ҷабҳатуннусра алайҳи давлати Сурия ва ё давлати Ироқ меҷанганд нестанд, балки пеш аз онҳо, аъзо ва фаъолони ҲНИТ ва ё «Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон» ва “Гурӯҳи 24” – ки мақомоти Тоҷикистон “терурист”-ашон мехонанд – мебошанд.

Ҳол, суол ин аст, ки оё ҳукумати Туркия ба ин дархост посухи мусбат хоҳад дод ва ҳозир аст, мухолифони сиёсӣ ва мусолиматомези ҳукумати Тоҷикистонро таҳвили мақомоти тоҷик бидиҳад? (Феълан коре ба доъишиҳо надорем, зеро ҳисоби онҳо ҷудост.)

Барои ёфтани посух ба ин пурсиш, лозим аст нигоҳе ба корномаи ҳукумати феълии Туркия – ки аз ҳизби исломгаройи Адолат ва тавсиъа ташкил шудааст – биандозем ва бибинем, оё дар мавориде мушобеҳ ин ҳукумат ҳозир ба таҳвили аносури сиёсӣ ва мухолифи ҳукуматҳо зимни бидеҳ бистонҳои сиёсӣ шудааст ё на.

Баъд аз поёни ҷанги дуввуми Чечен (дар солҳои 1999 ва авоили қарни 21) бештари аносури чеченӣ ва таҳти пайгирди ҳукумати Русия, ба Туркия паноҳ оварданд ва то ба имрӯз дар ин кишвар на танҳо зиндагӣ мекунанд, балки озодона ба фаъолиятҳои сиёсии худ мепардозанд. Русия борҳо ба сурати расмӣ (ва ҳатто ғайри расмӣ) аз Туркия хостори истирдоди онон шуда, аммо ҳукумати Туркия ҳаргиз ин аносурро ба Русия таҳвил надодааст. Ва ҳатто имрӯза, ки равобити ин ду кишвар рӯ ба гармӣ овардааст, чеченҳои мухолифи сиёсатҳои Русия озодона дар Туркия машғули фаъолиятҳои сиёсӣ ҳастанд ва қарор ҳам нест ба Русия таҳвил дода бишаванд.

Чанд намунаи дигар: ҳамон тавр ки медонем, равобити Туркия (чӣ алъон ва чӣ қабл аз ҳукумати Ардуғон) бо кишварҳои туркзабон (мисли Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ва ғайра) беш аз дигар кишварҳо гарм ва самимӣ аст ва давлатмардони туркӣ ҳамвора аҳаммияти вижае барои равобит бо кишварҳои ҳамзабони худ қоил будаанд (ва ҳастанд). Бо ин ҳисоб, тасаввур меравад, Туркия барои хадшадор нашудани равобиташ бо ин кишварҳо, ҳаргиз ба аносури мухолифи ин ҳукуматҳо паноҳ надиҳад.

Аммо бар хилофи ин тасаввур, мухолифони сарсахти ҳукуматҳое чун Ӯзбакистон ва Озарбойҷон ва Туркманистон дар Туркия ба сар мебаранд ва ба сурати озод дар ин кишвар ба фаъолиятҳои сиёсии худ идома медиҳанд. Ин ҳукуматҳо борҳо аз Туркия хостаанд, то ин аносурро таҳвил бидиҳад, вале Туркия ҳозир ба тавҳили онон нашуда. Муҳаммад Солеҳ, рақиби сарсахти Каримов ва раиси ҳизби ЭРК, солҳост дар Туркия зиндагӣ ва фаъолият мекунад. Ҳатто чанд боре ҳам аз сӯйи сервиси ҷосусии Ӯзбакистон ба ҷони ин мард дар Туркия суиқасд ба амал омад ва муваффақ ба терури ӯ нашуданд.

Асосан, адами таҳвили мухолифони сиёсии мусолиматомез ва ба хусус исломгароён, аз сиёсатҳои усулии ин кишвар будааст ва ҳаргиз ҳукумати Ардуғон аз ин усул тахаттӣ накарда. Дар яке ду соли ахир Арабистони Саудӣ бисёр кӯшид, то байни Ардуғон ва Ассисӣ оштӣ бидиҳад ва равобити ин ду кишвар оддӣ бишавад, вале Ардуғон ҳозир нашуд аз шуруте, ки барои оддисозии равобит бо Миср гузошта буд кӯтоҳ ояд; шуруте аз қабили он ки бояд Мурсӣ озод шавад, аносури Ихвонул-муслимин мавриди таъқиб ва фишор қарор нагиранд ва ғайра.

Хулоса, истирдоди аносури мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ба хусус фаъолони ҲНИТ ба Тоҷикистон аз сӯйи ҳукумати Туркия, як таваҳҳум аст. Ҳаддиаксар чизе, ки эҳтимол меравад ҳукумати Туркия дар ин робита ба он иқдом бикунад ин аст, ки аз фаъолони тоҷик мӯҳтарамона дархост бикунад, ки хоки Туркияро тарк бикунанд ва ба кишваре дигар паноҳ оваранд, аммо ин эҳтимол қариб ба сифр аст.



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: