”Худои Мутаъол тафриқаро мусовӣ бо ширк медонад”

Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиб, бо баёни ин ки Худои Мутаъол тафриқаро мусовӣ бо ширк медонад, изҳор дошт: “Ҳамаи инсонҳои бузург ба хусус Паёмбари Акрам (с), барои эҷоди ваҳдат ва иттиҳод миёни инсонҳо омадаанд.”

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, Оятуллоҳ Муҳсини Арокӣ, дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, асри рӯзи сешанбе (18 октябр) тайи суханоне дар маросими ифтитоҳияи Ҳамоиши байналмилалии “Ваҳдати ислом — ваҳдати муслимин: мабнои гуфтугӯ” дар Маскав, бо баёни ин ки касоне ки базри тафриқаро пахш мекунанд нобудии мусалмононро мехоҳанд, афзуд: “Мутаассифона тафриқаангезҳо дар бархе аз кишварҳои исломӣ муваффақ ба эҷоди ҷанг ва даргирӣ шуданд ва мо бо баргузории нишастҳои ваҳдат, даст дар дасти ҳам диҳем ва нагузорем ваҳдати муслимин аз байн биравад.”

Оятуллоҳ Арокӣ таъкид кард: “Ҳамаи мо як расул, як қибла ва як Қуръон дорем ва мо бояд дар ғамҳо ва шодиҳои ҳамдигар шарик бошем ва бо Яман ва Сурия ва Ироқ ҳамдардӣ кунем.”

Дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриб дар идома изҳор дошт: “Умедворем бо баргузории ҳар чӣ бештари ин қабил конфронсҳо, битавонем шарри душманонро аз сари уммати исломӣ кӯтоҳ ва ваҳдат ва якдилӣ байни муслиминро бештар кунем.”

Вай дар поён ибрози умедворӣ кард: “Ин конфронс битавонад нақши муассире дар эҷоди ваҳдат дар ҷаҳони ислом ифо кунад.”

Дамир Муҳиддинов, муовини Шӯрои муфтиҳои Русия низ тайи суханоне дар ин маросим изҳор дошт: “Мутаассифона бархе нерӯҳои хориҷӣ талош мекунанд, ки миёни мусалмонон тафриқа биандозанд ва мо набояд иҷозаи чунин кореро ба онҳо бидиҳем.”

Вай бо ишора ба баргузории конфронси ваҳдат дар Маскав гуфт: “Мо бо баргузории ин гуна нишастҳо талош мекунем, ки сулҳ ва оромиш дар миёни кишварҳои исломӣ бештар шавад.”

Муовини Шӯрои муфтиёни Русия афзуд: “Вазифаи мо аз баргузории ин гуна нишастҳо, ишоъаи сулҳ ва оромиш байни мусалмонон аст ва умедворем натиҷабахш ва самарбахш бошад.”



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: