Ҳамоиши байналмилалии ”Ваҳдати исломӣ — ваҳдати муслимин: мабнои гуфтугӯ”

Ҳамоиши байналмилалии “Ваҳдати исломӣ – ваҳдати муслимин: мабнои гуфтугӯ” дар баёнияи поёнии худ, бо таъкид бар пойбандӣ бар баёнияи уламо ва фуқаҳои исломӣ дар соли 2004 дар Уммон, ёдовар шуд: “Ҳар фарди пайрави яке аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат (ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ), шиъаи ҷаъфарӣ, зайдия ва исмоилия ва ҳамчунин ибозия ва зоҳирия мусалмон маҳсуб мешавад. Иттиҳоми бединӣ задан ба ӯ, таъарруз ба ҷон, номус ва моли ӯ муҷоз нест. Ҳар гурӯҳе аз мусалмонон, ки ба Худованди Мутаъол ва Паёмбар (с) эътиқод доранд ва ба усули дин эҳтиром мегузоранд ва ҳеч як аз онҳоро нафй намекунанд, ҷоиз нест мулҳид хонда шаванд.”

Ҳамоиши байналмилалии “Ваҳдати ислом — ваҳдати муслимин: мабнои гуфтугӯ” бо ширкати беш аз 200 нафар аз уламои динӣ ва андешамандони ҷаҳони ислом аз ҷумла Туркия, Эрон, Русия, кишварҳои ҷомеаи мустақилли муштаракулманофеъ (ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ), Урупо, Ховари Миёна, шимоли Офриқо ва ҷануби шарқи Осиё рӯзи 18 октябр дар Маскав оғоз ба кор ва дирӯз бо судури баёнияе ба кори худ поён бахшид.

Ба гузориши хабаргузории Тақриб, матни ин баёния ба шарҳи зер аст:

“Мо ширкаткунандагон дар ҳамоиши ҷаҳонии тақриби мазоҳиб «Ваҳдати исломӣ — ваҳдати муслимин: мабнои гуфтугӯ«, ки дар торихи 18 то 20 октябри 2016 дар Маскав баргузор шуд, пас аз шунидан ва баррасии мақолоти ироашуда, баёнияи зайлро хитоб ба раҳбарони муассисоти исломӣ, мураббиёни динӣ, муҳассилон ва фориғулттаҳсилони муассисоти омӯзишии исломӣ, намояндагони ҷавомеъи илмӣ ва тахассусӣ, ургонҳои давлатӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ изҳор медорем.

Ваҳдати динии мусалмонон як арзиши бунёдӣ аст, ки Қуръони Карим онро тавсия кардааст: “Ҳамагӣ ба ресмони илоҳӣ чанг бизанед ва мутафарриқ нашавед.”

Худованд мефармояд: “Мӯъминон бародаранд, миёни бародаронатон сулҳ барқарор кунед ва аз Худо битарсед, то мавриди раҳмати ӯ қарор гиред.”

Бо вуҷуди тафриқа миёни мусалмонони ҷаҳон ва фарояндҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки мо дар дунёи муосир шоҳиди он ҳастем, ин раҳнамудҳо аз аҳаммияти дучандон бархӯрдор мешаванд.

Ҷаҳонисозӣ бар асоси мудели урупоӣ ва отлонтикӣ, мӯҷиби маҳв шудани арзишҳои суннатӣ ва ҷаҳонбинии динӣ аз ҷумла дар кишварҳое мешавад, ки мусалмонон зиндагӣ мекунанд. Ҷаҳонисозӣ ҳамчунин мунҷар ба рушди гароишҳои талофиҷӯёна ва ифротӣ кардани тӯдаҳои мустазъафи ҷомеа мешавад. Уммат то кунун натавонистааст посухи дархӯре ба ин пружаи ҷаҳонӣ бидиҳад, ки иллати он тафриқа миёни равшанфикрони уммат ва густариши васеъи равиши такфирӣ аст.

Мо фикр мекунем, ки барои ҷилавгирӣ аз ифрот ва тафрит — ки ҷаҳонисозӣ мунҷар ба он мешавад ва маҳв шудани ҳувияти динӣ ва ифротгароӣ лозимаи он аст — раҳнамудҳои ҷовидони Қуръон ба ваҳдати мусалмононро амиқан мавриди тафаккур ва таъаммуқ қарор диҳем.

Мо тақриби мазоҳиб, яъне тақриби макотиби мухталифи ҳуқуқӣ, таълимӣ ва равшанфикрӣ дар исломро марҳилаи муҳимми ин таҷдиди назар талаққӣ мекунем. Тақриби мазоҳиб ба маънои ваҳдати динӣ ва роҳбурде барои ҳалли мушкилоти муштарак аст ва ба ҳеч ваҷҳ яксонсозӣ дар ҳамаи арсаҳоро мадди назар надорад. Ғинои ислом дар такассургароии он ва танаввӯъ дар уммат аст, ки аз раҳмати Худованд нашъат мегирад. Ҳамоно адами дарки ин мавзӯъ ағлаб далеле аст барои бегонагӣ ва такфир, ба хусус дар мавориде, ки инсон қодир нест аслро аз фаръ ва умқро аз сатҳ тафкик кунад.

Мо фикр мекунем, ки барои тафаккури амиқ дар хусуси раҳнамудҳои Қуръон ва Суннат ба ваҳдати мусалмонон ва барои иҷрои онҳо дар амал, ҳамаи нерӯҳои муассири ҷомеаи исломӣ имрӯз бояд мавориди зайлро ҳадафи аслии худ қарор диҳанд:

— Ҳимояти ҳамаҷониба аз дидгоҳи такассургароёна дар суннатҳои динии исломӣ, ки дар осори муҷтаҳидони бузург ироа шудааст ва дар бархе аз фатвоҳо аз қабили фатвои Шайх Маҳмуд Шалтут дар соли 1959 ва баёнияи Уммон дар соли 2004 ва ғайра инъикос ёфтааст. Ҳамоно интишори густарда ва тарвиҷи чунин дарке аз ислом, ки бар ваҳдат дар масоили усулӣ таъкид мешавад, имкони хонишҳои гуногун дар масоили сонавияро муҷоз медонад;

— Баҳо додан ба мероси олимони динии исломӣ, ки аз зарфияти такассургароӣ бархӯрдоранд, тафаккур дар осори намояндагони ҷунбиши таҷаддудгароии қуруни 19 ва 20;

— Мутолиаи ҳирфаии ҷараёнҳои гуногуни исломӣ бо такя бар манобеъи дасти аввал ва парҳез аз тарвиҷи шойеъа ва таваҳҳум дар бораи бародарони динӣ;

— Парҳез аз такфир ва маҳкумияти хушунат ва теруризм алайҳи мусалмононе, ки ба яктоии Худованд, рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) ва рӯзи қиёмат эътиқод доранд, бидуни таваҷҷӯҳ ба таъвили масоили сонавия;

— Ҳамкорӣ бо намояндагони ҷараёнҳои гуногуни исломӣ, талош барои ваҳдати маънавӣ ва таҳияи роҳкорҳои муштарак барои таҳдидҳои муъосир, назири ифротгароӣ;

— Ҳимояти ҳамаҷониба аз он даста аз ҳавзаҳои ҷараёнҳои таҷаддудгароии тафаккури исломӣ, ки бар тарроҳии пружаҳои тамаддуни исломӣ мутамаркиз ҳастанд ва қодиранд усули абадии Қуръони Карим ва шароити ҷомеаи муосирро ба шакле мутавозин дарҳам омезанд ва ба унвони гузинае дар муқобили тарҳҳои ифротгароён ва тундравҳо амал кунанд;

— Иттиҳоди сармояҳои фикрии ҷомеаи илмӣ барои тарбияти насли ҷадиди мусалмонон, ки ба таркиби арзишҳои суннатӣ ва сабки муосири зиндагӣ (дар ҳавзае, ки бо мавозини ахлоқи исломӣ тазодд надорад), эътидол, санҷидагӣ, равшанфикрӣ ва рӯйкарди комилан илмӣ нисбат ба масоили илмӣ гароиш доранд;

— Ҷалби фаъолтари мушорикати аъзои уммат дар фарояндҳои пешрафти башарият ва халлоқият; талош барои ибқои нақш дар тавсиъаи ҷаҳонӣ; кӯмак ба истиқрори усули адолат, чандқутбӣ, ҳуқуқи фардӣ, милал, фирқаҳои динӣ ва кишварҳо;

Барои таҳаққуқи ин аҳдоф, ширкаткунандагон дар конфронс эътиқод доранд:

1. Лозим аст эътибори баёнияи Уммон дар соли 2004 ва усули мундараҷ дар он дар хусуси ташхиси диндориро мавриди таъйид қарор дод, ба хусус ин асл, ки “Ҳар фарди пайрави яке аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат (ҳанафӣ, моликӣ, шофеӣ ва ҳанбалӣ), шиъаи ҷаъфарӣ, зайдия ва исмоилия ва ҳамчунин ибозия ва зоҳирия, мусалмон маҳсуб мешавад. Иттиҳоми бединӣ задан ба ӯ, таъарруз ба ҷон, номус ва моли ӯ муҷоз нест. Ҳар гурӯҳе аз мусалмонон, ки ба Худованди Мутаъол ва Паёмбар (с) эътиқод доранд ва ба усули дин эҳтиром мегузоранд ва ҳеч як аз онҳоро нафй намекунанд, ҷоиз нест мулҳид хонда шаванд.”

2. Лозим аст мушкили диндорӣ ва гуфтугӯи дарунисломӣ дар ҳамоиши байналмилалии мусалмонон, ки дар декабри соли 2016 дар Порис баргузор хоҳад шуд, мавриди таваҷҷӯҳи хосс қарор гирад;

3. Ҳимояти молӣ аз таҳқиқот дар заминаи мушкилоти диндорӣ ва гуфтугӯи дарунисломӣ, аз ҷумла таҳқиқоте, ки таҳти мудирияти “Ҳамоиши байналмилалии мусалмонон” ва Идораи динии мусалмонон Федеросиюни Русия мунташир мешаванд лозим аст;

4. Ҳимояти молӣ аз тарҷума (ба ангилисӣ, арабӣ ва забонҳои дигар) ва интишори осори олимони мусалмони Русия, ки ба комилтарин ва дақиқтарин шакл ҷиҳатгирии такассургароёнаи Қуръонро баён мекунанд, лозим аст;

5. Лузуми ихтисоси фурсати мутолеотӣ барои таҳқиқ дар заминаи санҷиши такассургароӣ дар суннати равиши фикрии ислом (дар заминаи мушкилоти гуфтугӯи дарунисломӣ, гуфтугӯи байни адён, раҳмати омми Худованд ва ғайра), таҳияи таҳқиқоти мавзӯӣ бар асоси ин фурсатҳои мутолеотӣ;

6. Лузуми баргузории давраҳои иртиқоъи маҳорат ва коргоҳҳои омӯзишии олимон ва муҳаққиқони барҷаста бо ҳадафи тарбияти хибрагони равшанфикр ва масъулиятпазири мусалмон дар қарни 21;

ва ғайра…”

Тасовире аз ин ҳамоиш:



Рубрики:Ваҳдати исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: