Арабистон мизбони музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон мешавад

Манобеи огоҳ дар кохи риёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом карданд, ки Арабистони Саудӣ ба зудӣ мизбони музокироти сулҳи давлати Афғонистон ва Толибон хоҳад буд.

Ба гузориши “Раҳо”, ин музокирот бо ҳузури мақомоти аршади давлати Афғонистон аз ҷумла Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллӣ ва Маъсум Станказай, раиси Идораи амнияти миллии ин кишвар ва ҳамчунин мақомоти аршади Толибон аз ҷумла раиси Шӯрои раҳбарии Кувитаи Толибон ва раиси дафтари сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар, дар Арабистон баргузор хоҳад шуд.

Ин манобеи огоҳ ҳамчунин эълом карданд, ки гурӯҳи Толибон ба далели мувоҷеҳ будан бо бӯҳрони машрӯият, алоқаманд ба азсаргирии музокироти сулҳ аст.

Афзун бар ин, яке аз муовинони сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон низ эълом кард, ки раҳбарони Толибон барои азсаргирии музокироти сулҳ изҳори тамоюл кардаанд ва давлати Афғонистон низ аз баргузории музокирот бо Толибон истиқбол мекунад.

Ин гуфтаҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки чанде пеш рӯзномаи ангилисии Guardian муддаъӣ шуд, ки давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аз ду моҳ пеш то кунун ду нишасти пинҳонӣ дар шаҳри Дуҳа пойтахти Қатар бо якдигар доштаанд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи ин гурӯҳ аммо ин музокиротро рад кард.

Бо ин вуҷуд, рӯзномаҳои покистонӣ имрӯз аз сафари як ҳайъат аз гурӯҳи Толибон ба Покистон барои дар ҷараён гузоштани ин кишвар аз ҷузъиёти музокироти пинҳонии ин гурӯҳ бо давлати Афғонистон дар Қатар хабар доданд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: