Зартуштиён яктопараст ҳастанд

Намояндаи зартуштиёни Эрон дар Маҷлис (порлумон) дар номае, ба изҳороти ахири имомҷумъаи Исфаҳон дар мавриди дугонапараст хондани зартуштиён эътироз кард ва бар яктопарастии зартуштиён таъкид намуд.

Ба гузориши хабаргузории Исно, дар номаи Исфандиёри Ихтиёрӣ хитоб ба имомҷумъаи Исфаҳон омадааст:

Ба номи донои бузурги ҳастибахш

Ҷаноби оқои Оятуллоҳ Сайидюсуфи Таботабоинажод,

намояндаи мӯҳтарами валии фақеҳ дар устони Исфаҳон

Бо дуруд ва эҳтиром

Мутаассифона ҷаноби олӣ дар рӯзи 23 меҳрмоҳи 1395 (14 октябри 2016) дар намози ҷумъаи Исфаҳон, бо як истидлоли аҷиб, зартуштиёни шариф ва пурифтихорро баноҳақ дугонапараст номидед. Ин иттиҳом барои эрониён ва зартуштиёне, ки дар дарознои торих яктопараст будаанд ва ба он ифтихор мекунанд, ниёзе ба овардани истидлол барои посухгӯӣ надорад, аммо дар посух ба далели аҷиби зикршуда барои ин иттиҳом, ба як нукта басанда мекунам.

Инки агар борҳо аз шайтон дар китобҳои динӣ ва мазҳабии мусалмонон ном бурда шудааст, ба маънои эътиқод ба Худои бадӣ ва шарр дар дини ислом набуда ва нест, ва ҳатман Худованд ба монанди бовари эрониён ва зартуштиён, якто буда ва ҳар чиро офаридааст, неку хуб аст. Бинобар ин, такрори калимаи шайтон ё аҳриман, бино ба таъбири раҳбари гаронқадр, бо ҳадафи эҷоди ҳушёрии доим анҷом мешавад ва дар воқеъ «шинохти тавтиъа» аст, на «таваҳҳуми тавтиъа”.

Ҳамчунин, дар маҳкум кардани ҳар гуна сӯҳбатҳои тафриқабарангез, ба зикри муҷаддади суханони ҷаноби олӣ, ки ахиран дар ҷаласаи худоҳофизии пешвои мазҳабии Исфаҳон баён кардед, басанда мекунам, ки унвон кардед: «Омрико ва Ғарб доиман алайҳи Эрон ва нақзи ҳуқуқи башар иттиҳомзанӣ мекунанд ва шароити зиндагӣ барои дигар адёнро бисёр сахт ва золимона матраҳ мекунанд, ин дар ҳолест, ки онҳо аз ин ҳамзистӣ ва эҳтиром ба адён дар Эрон огоҳӣ доранд ва муғризона ва ба хотири душманӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ иттиҳомзанӣ мекунанд

Умедворам, ки ба ин суханон амал кунем, зеро кишвари бузург ва аҳуроии Эрон, ба кирдор беш аз гуфтор ниёз дорад, ва ин кишвари шукӯҳманд ҳамвора ниёзманди якпорчагии қавмӣ, динӣ ва нажодӣ аст.

Нуктаи охир ин ки эрониён ба тамаддун ва фарҳанги худ дар торихи пурфарозу нишеби ин сарзамин ифтихор мекунанд, ва яктопараст будан яке аз ин мавориди ифтихорофарин аст. Чӣ баҷо ва дуруст раҳбари гаронқадри инқилоб фармуданд, ки ойини зартуштӣ дар Эрон мутаваллид шудааст ва ин барои кишвари мо, мояи фахр ва мубоҳот аст, ки маҳалли вилодати аввалин паёмбари осмонии ҷаҳон, дар Эрон будааст.

Инҷониб бо вуҷуди ин ки эътиқод дорам ин гуна тӯҳматҳо таъсире дар байни бовари эрониён надорад, аммо эътирози шадиди худро ба ин суханони нодуруст эълом мекунам ва интизор дорам, ки намояндагони мӯҳтарами хубрагони раҳбарӣ, беш аз дигарон ба адёни илоҳӣ эҳтиром бигузоранд.

Дуктур Исфандиёри Ихтиёрӣ, намояндаи эрониёни зартуштӣ дар Маҷлиси шӯрои исломӣ

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: