Муроҷиати Иззат Амон ба муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук, аз тамоми муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хостааст, дар сурати даргузашти яке аз азизони тоҷик дар Русия агар имкони интиқоли ҷасади ӯ ба кишварро надошта бошанд, ба фонди “Кӯмак”, ки зери назари Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунад муроҷеа кунанд ва ин фонд дар интиқоли ҷасади марҳум кӯмакашон хоҳад кард.

Иззат Амон дар ҳошияи гузориши Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи дилхароши рухдода бо фарзанди сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор, навиштааст: “Бо дидани ин навор ашк аз чашмон бидуни ихтиёр ҷорӣ мегардад. Бале, қисмати аъзами аҳолии солиму ҷавони тоҷик маҷбуранд муҳоҷиратро пеш гиранд. Ва солона бештар аз чаҳор ҳазор тобути ғурамаргони тоҷик ба ватан интиқол мегардад. Падару модар ба умеди пайдо кардани як луқма нон ҷигарбандашонро ба муҳоҷират мефиристанд. Вале бо сабабҳои гуногун на ҳама имконият пайдо мекунанд, то ҷасади фавтидаи ҷигарбандашонро ба ватан интиқол диҳанд. Гумон мекунам агар ҷасади фарзанди ин пири нуронӣ ба ватан интиқол меёфт, дарди худаш ва ҳамсараш саҳл ва камтар мегардид.”

Гуфтанист, ба гузориши пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ, Нарзулло Мирзоев, сокини деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор, ғусса мехӯрад, ки натавонист, ҷасади фарзандашро ба зодгоҳ оварда дафн кунад. Писари 18-солаи ӯ соли 1999 дар Русия ғарқ шуд ва ӯро ҳамроҳонаш бо сабаби надоштани пул натавонистаанд ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Бар асоси ин гузориш, Иззатулло Мирзоев соли 1999 ба Русия барои кор рафт, вале хабари маргаш омад. Падар барои мутмаин шудан ва зиёрати гӯр қарз гирифту ба он шаҳр рафт ва аз мақомоти Русия дархост намуд, то гӯри писарашро боз кунанд. Нарзулло Мирзоев мегӯяд, нишона аз писараш Иззатулло ду дандони зарди сунъиаш буд: «Дар хона ҳам гуфтанд, ки агар он ду дандонро дидӣ, пас ҳамон аст, набошад вай нест. Онҳо гӯрро кушода аз майит ду дандони зардро гирифта ба ман доданд

Иззат Амон, раиси Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, дар ёддошти худ менависад: “Ба ҳамагон маълум аст, ки Созмони ҷавонони Тоҷикистон дар Русия 5 соли қабл фондеро бо номи «КӮМАК» таъсис дода аст. То имрӯз аз тариқи ин фонд садҳо ҳамватанон кӯмак пайдо кардаанд. Бештари маблағҳои ин фонд барои интиқоли ҷасади ҳамватанон сарф мегардад. Аз ҳамагон хоҳиш мекунам агар дар интиқоли ҷасади фарзандони муҳоҷири тоҷик ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштед, ҳатман ба шумораҳои зер тамос гиред. Дар кадом минтақаи Руссия, ки набошед мо имкони кӯмаки пулӣ карданро дорем.

Шумора барои тамос:

+79645594961                        

+79252776595



Рубрики:Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: