Падари Муҳиддин Кабирӣ дори фониро тарк гуфт

Дақоиқе пеш, Муҳаммад Сафарзода, яке аз бастагони Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, дар ёддоште кӯтоҳ дар сафҳаи худ дар Фейсбук навишт, падарбузургаш Тилло Кабиров (падари Кабирӣ) дори фониро тарк ва ҷон ба ҷонофарин супурда.

Бар пояи ёддошти Сафарзода, ташйеъи ҷанозаи марҳум Тилло Кабиров фардо (23 октябр) пас аз намози пешин дар рустои Қасамдараи ноҳияи Файзобод баргузор хоҳад шуд.

Гуфтанист, пас аз он ки фаъолияти ҲНИТ дар кишвар мамнӯъ ва бисёре аз аъзо ва фаъолонаш зиндонӣ ва раҳбари ин ҳизб ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷ аз кишвар муҳоҷират кард, маъмурони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон чанд бор марҳум Тилло Кабировро, ки 95 сол син дошт, мавриди бозҷӯӣ ва ҳатто боре ҳам водораш карданд пушти дурбин қарор бигирад ва “насиҳате” ба писараш карда ва аз ӯ бихоҳад даст аз фаъолиятҳои сиёсӣ бардорад!

Марҳум, ки ба иллати беморӣ мехост ба хориҷ аз кишвар барои мудово сафар бикунад, маъмурони амниятӣ монеъи сафари ӯ шуда буданд. Дар торихи 4 январи 2016 Руҳулло Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бобояш бемор буда ва барои муолиҷа озими шаҳри Истамбули Туркия шуда буд. Ӯ гуфт, бобояш ва набераи 16-солаи вай Маҳмуд мехостанд субҳи 4 январ бо ҳавопаймои ширкати «Turkish Аirlines» аз Душанбе ба Истамбул парвоз кунанд, вале мақомот дар фурудгоҳ монеъи сафари онҳо шудаанд.

Мақомоти интизомии ноҳияи Файзобод субҳи 15 декабри соли гузашта (2015) падари 95-солаи ӯ Тилло Кабиров, бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоевро барои бозпурсӣ бурдаанд. Мақомоти интизомӣ онҳоро аз деҳаи Қасамдара ба маркази ноҳия бурданд ва ҷараёни сӯҳбати мақомоти интизомӣ бо пайвандони онҳо сабти видеоӣ шуда буд.

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) даргузашти марҳумро ба ҳамаи наздикон ва бастагонаш ва ба хусус бародари азизам ҷаноби оқои дуктур Муҳиддин Кабирӣ таслият гуфта ва аз даргоҳи худовандӣ барои эшон сабри ҷамил ва барои марҳум раҳмат ва мағфират масъалат мекунам.

Руҳашон шод ва ҷояшон биҳишт!

Тасовире аз марҳуми Тилло Кабиров:

 



Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: , , ,

1 reply

  1. АЗ РӮШАНТАРИН НИШОНАҲОИ СУҚУТИ РЕЖИМИ ХУНОШОМИ РАҲМОН:
    Марҳум, ки ба иллати беморӣ мехост ба хориҷ аз кишвар барои мудово сафар бикунад, маъмурони амниятӣ монеъи сафари ӯ шуда буданд. Дар торихи 4 январи 2016 Руҳулло Тиллозода, писари Муҳиддин Кабирӣ, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бобояш бемор буда ва барои муолиҷа озими шаҳри Истамбули Туркия шуда буд. Ӯ гуфт, бобояш ва набераи 16-солаи вай Маҳмуд мехостанд субҳи 4 январ бо ҳавопаймои ширкати «Turkish Аirlines» аз Душанбе ба Истамбул парвоз кунанд, вале мақомот дар фурудгоҳ монеъи сафари онҳо шудаанд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: