Сарнавишти ДОЪИШ пас аз озодсозии Мавсил

Назари коршиноси масоили Ховари Миёна дар гуфтугӯ бо Fararu

Ба гузориши сойти Fararu, ба назар мерасад амалиёти озодсозии Мавсил бо муваффақият дар ҳоли пешравӣ аст. Бо озод шудани Мавсил, ки дар воқеъ маркази аслии таҷаммӯъи теруристҳои ДОЪИШ аст, ин суоли муҳим шакл мегирад, ки саранҷом ДОЪИШ чӣ хоҳад шуд? Оё ДОЪИШ ба поёни кори худ расидааст? Бархе, аз эҳтимоли тадовуми ҳаёти ин гурӯҳи теруристӣ дар Афғонистон хабар медиҳанд; мавзӯе, ки моҳҳост мавриди гумоназании коршиносон воқеъ шудааст. Аммо бархе дигар шикасти ДОЪИШ дар Ироқро поёни ин гурӯҳи теруристи талаққӣ мекунанд. Оё ҳазфи ДОЪИШ мунҷар ба ҳазфи тафаккур ва андешаи доъишӣ низ хоҳад шуд?

Пирмуҳаммад Муллозиҳӣ, коршиноси масоили Ховари Миёна ва шибҳиқорраи Ҳинд, дар гуфтугӯ бо Fararu гуфт: “ДОЪИШ ҷудои аз ин ки тавонист аз як фурсати истисноӣ дар Сурия ва Ироқ истифода кунад ва хилофати исломии худро ташкил диҳад, соҳиби як тафаккур аст; тафаккури эҳёи хилофати исломӣ.”

Вай идома дод: “Қабл аз охирин имперотурӣ, ки хилофат дошт (Усмонӣ), дар тӯли торих ду хонадон дорои хилофат буданд, ки шомили Умавиён ва Аббосён буданд ва баъд аз суқути Усмонӣ, андешаи хилофат дар шибҳиқорраи Ҳинд бештар матраҳ шуд. Акнун дубора дар минтақаи Ховари Миёна андешаи хилофат матраҳ шуда, ки ДОЪИШ маҳсули ниҳоии он буд, ва албатта аз қабл қобили пешбинӣ буд, ки ДОЪИШ бо рафтори хашине, ки аз худ буруз медиҳад, наметавонад зиёд давом биёварад.”

Вай афзуд: “Аммо бояд таъкид кард, ки андешаи хилофат ҷудо аз ДОЪИШ ва ҷудо аз Алқоъида ва Толибон — ки каму беш бозсозии хилофатро лозимаи қудратгирии муҷаддади дунёи ислом медонанд — истимрор хоҳад дошт.”

Ин коршиноси масоили Ховари Миёна тасреҳ кард: “Бинобар ин, метавон гуфт, бо суқути Мавсил кори гурӯҳи ДОЪИШ дар минтақаи Ховари Миёна поён хоҳад ёфт, аммо андешаи хилофат ҳамчунон тадовум хоҳад дошт ва мумкин аст тафаккури ДОЪИШ ба маконҳои дигаре ҳамчун Либӣ, Сумолӣ, Яман, Покистон, Афғонистон ва Осиёи Миёна мунтақил шавад ва ҳатто мумкин аст ДОЪИШ тағйири исм диҳад, чунонки ДОЪИШ қабл аз эъломи хилофат тавассути Абӯбакри Бағдодӣ, ҷузъе аз созмони Алқоъида маҳсуб мешуд ва баъдан ба ДОЪИШ тағйири ном дод.”

Муллозиҳӣ дар посух ба ин суол, ки оё метавон ба таври қатъ муваффақият дар амалиёти озодсозии Мавсилро поёни кори ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия донист, гуфт: “Вақте аз поёни кори ДОЪИШ сӯҳбат мекунем, бояд каме эҳтиёт кард, чаро ки ин тафаккур дар минтақа реша дорад ва шароити хосси замонӣ ва маконӣ боиси тарҳи он шуд.”

Вай идома дод: “Бинобар ин, мумкин аст бо таваҷҷӯҳ ба эътилофи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, ки алайҳи ДОЪИШ шакл гирифтааст, ин гурӯҳ дигар натавонад ҷуғрофиёи таҳти тасарруфи худро ҳифз кунад.”

Вай афзуд: “Агар аҳли суннати Сурия, ки ҷамъияти нисбатан болое доранд ва дар Ироқ низ ҳудуди 30 дарсади ҷамъиятро ташкил медиҳанд, баъд аз суқути ДОЪИШ битавонанд дар чорчӯби қудрат ҷойгоҳи худро пайдо кунанд, тафаккури ДОЪИШ аз байн биравад, аммо агар инҳисорталабии давлатмардон дар Ироқ ва Димишқ ҳамчунон идома ёбад, тафаккури ДОЪИШ муҷаддадан имкони рушд пайдо хоҳад кард ва тарафдорони хосси худро хоҳад ёфт. Яъне агарчӣ дар қолиби ДОЪИШ шикаст бихӯранд, аммо дар қолиби гурӯҳҳои дигар зуҳуру буруз хоҳанд ёфт.”

Муллозиҳӣ дар посух ба ин суол, ки оё интиқоли тафаккури ДОЪИШ ба дигар манотиқ ҳамроҳ бо интиқоли нерӯҳои кунунии ин гурӯҳ хоҳад буд?, гуфт: “Нерӯҳои кунунии ДОЪИШ чандмиллиятӣ ҳастанд, ки бахше аз онҳо араб, бахше ӯзбак ва тоҷик ва бахше дигар уйғурҳои Чин, чеченӣ, гурҷӣ, покистонӣ, афғонистонӣ ва ҳатто урупоӣ ҳастанд.”

Вай идома дод: “Аз ин рӯ, эҳтимол дорад, вақте ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шавад, нерӯҳои араби он ба кишварҳои арабӣ монанди Либӣ ва Сумолӣ мунтақил шаванд. Аммо дар бораи нерӯҳои дигар, нишонаҳое вуҷуд дорад, ки ин нерӯҳо ба номи ДОЪИШ ба Осиёи Миёна хоҳанд рафт, чунонки акнун ӯзбакҳо ва тоҷикҳо дар сутуҳи болои фармондеҳии ДОЪИШ ҳузур доранд.”

Вай афзуд: “Бинобар ин, маҷмӯаи шароитро, ки дар назар бигирем, бояд гуфт, бахши муҳимме аз нерӯҳои ДОЪИШ баъд аз шикаст дар Ироқ ва Сурия, наметавонанд сарзамин дар ихтиёр дошта бошанд, аммо метавонанд нерӯҳои худро ҷобаҷо кунанд.”

Муллозиҳӣ дар бораи ихтилофи ДОЪИШ ва Алқоъида ва муносибот миёни онҳо, гуфт: “Ихтилофи ДОЪИШ ва Алқоъида равшан аст, бо ин ки ДОЪИШ аз даруни Алқоъида берун омадааст. Айман Завоҳирӣ баъд аз Усома бен Лодан хушунати ДОЪИШ-ро таъйид накард ва мӯътақид буд, вақте бо хушунат амал шавад, пойгоҳи иҷтимоӣ аз даст меравад. Бинобар ин, Завоҳирӣ бо шеваи ДОЪИШ ва ба хусус дар бораи эҷоди ҷанги шиъа ва суннӣ тавассути ДОЪИШ мухолифат кард ва мӯътақид буд, наметавон бо ҳамаи дунё вориди ҷанг шуда ва умедвор ба пирӯзӣ буд, ки имрӯз ба назар мерасад дидгоҳи Завоҳирӣ оқилона ва дурусттар будааст.”

Вай идома дод: “Ихтилофи дуввум ин аст, ки агарчи Алқоъида низ ба дунболи хилофат аст, аммо мӯътақид набуд, ки хилофатро бояд дар сарзамине ба вуҷуд овард, ки ҳамаро алайҳи худ кунад. Аз ин рӯ, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки Алқоъида талош кунад бахшҳое аз нерӯҳои ДОЪИШ-ро баъд аз шикаст дар Ховари Миёна ҷазби худ кунад.”

Вай афзуд: “Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ДОЪИШ бо шикаст дар Ховари Миёна агарчи тазъиф хоҳад шуд, аммо тафаккур ва андешаи ин гурӯҳ (тафаккури хилофати исломӣ) аз байн нахоҳад рафт ва метавонад тарафдорони хосси худро дошта бошад, аммо қатъан ДОЪИШ дигар сарзамин нахоҳад дошт ва ба ин соддагӣ нахоҳад тавонист сарзаминеро ба даст оварад.”

Fararu

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Ахиран мавзӯи миёнҷигарии Арабистони Саудӣ байни давлати Афғонистон ва Толибон матраҳ шудааст ва ба назар мерасад, гурӯҳҳои террористӣ ва ҷиноятконе, ки аз ҳимоятҳои пинҳонии Амрико бархурдоранд, умре тӯлонӣ хоҳанд дошт ва ин чун ин гурӯҳҳо пешбурди аҳдоф ва манофеи Амрико дар минтақаро таъмин мекунанд, Амрико ва ҳампаймононаш дар минтақа низ, ҳимоятҳояшонро аз ин гурӯҳҳо барнахоҳанд дошт, бинобар ин, эҳтимоли ин ки басоти ин гурӯҳи ҷинояткор ба куллӣ барчида хоҳад шуд, баид ба назар мерасад.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: