“Форсизабонони Афғонистон ба як ақаллият ба унвони “даризабон” бадал шуданд”

Муҳаммадкозими Козимӣ навишт: “Форсизабонони Афғонистон, ки бахше аз ҷамъияти яксадмилюнии форсизабони дунё ҳастанд, ба як ақаллияти чандмилюнӣ дар дохили кишвар ба унвони “даризабон” бадал шуданд.

Муҳаммадкозими Козимӣ, нависандаи шаҳири афғонистонӣ, тайи ёддоште дар сафҳаи Фейсбук навиштааст:

“Яке аз корҳое, ки форсиситезони кишвари мо карданд ва то ҳудуде ҳам дар инзивои ин забон муассир буд, ҷудо сохтани форсизабонони Афғонистон аз пайкараи куллии забони форсӣ ва ҳатто ҷудо сохтани онҳо дар дохили кишвар аз ҳамдигар буд.

Онҳо дар даҳаи чиҳили шамсӣ номи “форсӣ”-ро аз расмиёти Афғонистон ҳазф карданд ва калимаи “дарӣ”-ро, ки номи дигари ин забон аст ва албатта асолати куҳан ҳам дорад, ҷойгузини он сохтанд.

Ин дар ҳоле буд, ки ҳамаи мардуми Афғонистон ин забонро форсӣ меномиданд; аҳли шеъру адаби мо калимаи “форсӣ”-ро ба кор мебурданд ва ҳатто нависандагоне паштунтабор ҳамчун Маҳмуди Тарзӣ ва Абдуллоҳи Афғонинавис ҳам ин забонро “форсӣ” номида буданд.

“Дарӣ” номида шудани забон ба танҳоӣ мушкиле надошт, вале мушкил аз онҷо буруз кард, ки “форсӣ” ва “дарӣ” ду забони мустақил бо решаҳое мутафовит вонамуд шуд. Чизе, ки аз асос ғалат ва бепоя аст.

Ҳосили кор ин шуд, ки форсизабонони Афғонистон, ки бахше аз ҷамъияти яксадмилюнии форсизабони дунё ҳастанд, ба як ақаллияти чандмилюнӣ дар дохили кишвар ба унвони “даризабон” бадал шуданд.

Мусалламан вақте мо “даризабон” бошем ва “форсизабон” набошем, ҳамаи мафохир ва пуштвонаҳои адабии забони “форсӣ” аз дастраси мо хориҷ мешавад ва ба форсизабонони хориҷ аз Афғонистон таъаллуқ меёбад. Мо дигар наметавонем худро аз назари забонӣ вориси Фирдавсӣ ва Саъдӣ ва Ҳофиз бидонем ва лоҷарам бахше аз торих ва мутуни адаби форсӣ аз дасти мо хориҷ хоҳад шуд.

Зиёни баъдии ин қазия дар сатҳи дунёст. Дар ҳамаи ҷаҳон ин забон “форсӣ” дониста мешавад ва забоне ба номи “дарӣ” расмияти чандон надорад.

Пас мо аз ҳамаи имтиёзҳое, ки номи “форсӣ” дар сатҳи дунё дорад ҳам бебаҳра мешавем. Дигар наметавонем бигӯем, он Мавлоное, ки 400 ҳазор нусха аз девони ӯ дар Омрико ба фурӯш рафтааст, аз они мост, чун Мавлоно акнун дар сатҳи ҷаҳон шоири “форсизабон” дониста мешавад.

Дар маҷмӯъ зиёнҳое, ки мо ба хотири аз даст додани номи “форсӣ” кардем, бисёр аст ва ман дар ду китоби “Ҳамзабонӣ ва безабонӣ” ва “Ин қанди порсӣ” ба он ишора кардаам.

Дар инҷо фақат инро ҳам меафзоям, ки ҳамин қазия мутаассифона илова бар ин ки роҳи доду ситади мо бо соири форсизабонони ҷаҳонро мебандад, дар байни худи мо форсизабонон ҳам чолиш ва дудастагӣ эҷод мекунад.

Чун бисёре аз касоне ки нисбат ба ҳақоиқи торихӣ вуқуфи чандон надоранд, номи “форсӣ”-ро вобаста ба кишваре дигар мепиндоранд ва дар баробари он муқовимат мекунанд.

Бад-ин тартиб худи форсизабонони Афғонистон ҳам дупора мешаванд ва бахше аз тавон ва нерӯе, ки метавонанд сарфи тақвияти забонашон кунанд, сарфи чолишҳои дарунӣ мешавад.”



Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: