Шарҳи Маснавӣ (135)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (4)

* * *

Ранҷу ғамро Ҳақ пайи он офарид,

То бад-ин зидд хушдилӣ ояд падид.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло аз он рӯ ранҷу андӯҳро халқ кард, ки то ба василаи ин зидд шодӣ ва шодмонӣ ба зуҳур расад. (Зеро ғаму андӯҳ зидди шодиву шодмонӣ аст.)

Нукта: Ба мисдоқи “Туърафул-ашёу би аздодиҳо”, ҳар чизе ба зидди худ шинохта ояд. Шодӣ ба ғам, сахо ба бухл, некдилӣ ба ҳасодат, дӯстӣ ба душманӣ, ишқ ба нафрат ва ғайра…

Пас, ниҳониҳо ба зидд пайдо шавад,

Чунки Ҳақро нест зидд, пинҳон бувад.

Пас, натиҷа мегирем, ки моҳияти ашё ва мавҷудот, ба василаи зидди онҳо шинохта мешавад. Ва чун ҳазрати Ҳақ зидду нидде надорад, пас ҳақиқати зоти ӯ бар ҳамагон пӯшида бошад.

Нукта: Шайх Шабистарӣ дар ҳамин боб гӯяд:

Зуҳури ҷумлаи ашё ба зидд аст,

Вале ӯро на монанду на нидд аст.

Аз назари аҳли мантиқ, дар таърифи ҳар чизе муъарриф (таърифкунанда) бояд аз муъарраф (таърифшаванда) шинохташудатар бошад, ва ин дар ҳоле аст, ки ҳеч чиз аз вуҷуди Ҳақ зоҳиртар ва маъруфтар нест, то муъаррифи зоти Ҳақ Таъоло гардад.

Ки назар бар нур буд, он гаҳ ба ранг,

Зидд ба зидд пайдо бувад чун руму занг.

Зеро ибтидо чашм нурро мебинад ва сипас рангро. Пас, ҳар зидде бо зидди худ шинохта ояд, чунонки румиёни сафедпӯст бо зангиёни сиёҳпӯст шинохта шаванд.

Пас ба зидди нур донистӣ ту нур,

Зидд зиддро менумояд дар судур.

Пас ту нурро бо зидди нур мешиносӣ, зеро ки зиддҳо ба ҳангоми судур ва зуҳур, моҳияти якдигарро ошкор месозанд.

Нури Ҳақро нест зидде дар вуҷуд,

То ба зидд ӯро тавон пайдо намуд.

Вале нури ҳазрати Ҳақ зидде надорад, то битавон ба василаи зиддаш ӯро пайдо кард.

Лоҷарам “абсоруно ло тудрикуҳ,

Ва-ҳва юдрик”, бин ту аз Мӯсову кӯҳ.

Ногузир чашмони мо аз дарки ҳазрати Ҳақ нотавон аст, аммо ҳам-ӯ моро дарк мекунад. Ва ин матлабро метавон аз Мӯсо ва кӯҳи Тур омӯхт.

Нукта: Байти фавқ муқтабас аз ояти 103 сураи Анъом аст:

لاَّ تُدْرِكُهُ الأَبْصَارُ وَهُوَ يُدْرِكُ الأَبْصَارَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

Ӯро чашмон набинанд ва ӯ чашмонро бинад, ва ӯст латифи огоҳ.”

Ва низ ишорат аст ба ояти 143 сураи Аъроф, ки тавзеҳи он баъдан хоҳад омад.

Сурат аз маънӣ, чу шер аз беша дон,

Ё чу овозу сухан з-андеша дон.

Ҳамон тавр ки масалан шер дар ҷангал зода мешавад ва бузург мегардад ва аз он берун меояд ва дубора ба онҷо бозмегардад, ё ҳамон тавр ки масалан бонг ва калом аз андеша ҳосил меояд, олами сурат низ аз бешаи маъно падид меояд ва ниҳоятан ба ҳамон мартиба бозмегардад.

Нукта: Дар ин байт “сурат” ба шер ва “маънӣ” ба ҷангал ташбеҳ шудааст. Чун Мавлоно ҳар ду тарафи мисол (беша ва шер)-ро моддӣ оварда, эҳтимол медиҳад, ки манзураш дуруст мафҳум наафтад, пас барои табйини бештар, мисоли дигаре меоварад. Ва дар ин мисол “сурат”-ро ба овози инсон ва ё алфоз ташбеҳ мекунад, ки амре маҳсус аст, ва маъниро ба фикр ва андеша, ки амре номаҳсус аст. Ва мегӯяд, ки маншаи лафзу савт андеша аст, ки аз маротиби нафси нотиқа ё руҳи муҷаррад аст. Ва чун сухан аз кайфиёти дигар латифтар ва ба таҷарруд наздиктар аст, нишон медиҳад, ки маншаи он бояд амре комилан латиф ва муҷаррад бошад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.437-438)

Никелсун мегӯяд: “Сурат дар инҷо сурати ҳиссӣ ва хиёлии ашёро шомил мешавад, ки монанди шерон аз ҷангали асроромез ва ғайриқобили идроки ҳақиқат ногаҳон берун меҷаҳад ва намоён мешавад ва боз дар аъмоқи торики он нопадид мешавад.” (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.195)

Манзури байт: Ҳамаи мавҷудоти касир аз вуҷуди воҳиди аҳад судур ёфта ва саранҷом ба он руҷуъ кунад:

إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

Мо азони Худо ҳастем ва ба сӯйи ӯ бозмегардем.” (Сураи Бақра, ояти 156)

Ин сухан в-овоз аз андеша хост,

Ту надонӣ баҳри андеша куҷост.

Ин сухан ва ин овоз, ки ту мешунавӣ, ҳама аз андеша пайдо шудааст, вале ту намедонӣ, ки дарёи бекарони андеша дар куҷост.

Нукта: Мурод аз “андеша” дар инҷо зоти худовандӣ аст. Ва ин байт (ба қавли Акбарободӣ) баёнест аз маъияти Ҳақ Таъоло бо ашё бар асоси машраби кашфу шуҳуд, на машраби зоҳириён.

Лек чун мавҷи сухан дидӣ латиф,

Баҳри он донӣ, ки бошад ҳам шариф.

Ҳамин ки амвоҷи калимотро мушоҳида кунӣ, хоҳӣ донист, ки дарёи он низ латиф ва шариф аст.

Чун зи дониш мавҷи андеша битохт,

Аз сухан в-овоз ӯ сурат бисохт.

Ҳамин ки мавҷи андеша аз дарёи ақлу дониш бархост ва ба сӯйи маҷрои кому ҳанҷара пеш тохт, он тасаввуроти зеҳнӣ дар ин марҳила ба либоси ҳуруф ва калимот ва овоҳо дармеоянд.

Аз сухан сурат бизоду боз мурд,

Мавҷ худро боз андар баҳр бурд.

Аз калимаи “кун” (бош), суратҳои инҷаҳонӣ падидор мешаванд ва ба завол мераванд ва мавҷ дубора ба ҳамон дарё бозмегардад.

Нукта: Никелсун мегӯяд: “Мурод аз “сухан” дар инҷо калимаи халллоқи “кун” (бош) аст, ки Ҳақ Таъоло бо ин калима ҳамаи мавҷудотро падид овардааст.” (Шарҳи Маснавии Маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.196)

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: