Афроде мунтазири зуҳури муҷаддади фарде мисли Ҳитлер ҳастанд

Мақолае аз Одом Киршҳуч (ADAM KIRSCHOCT)

“Он чӣ дар китоби Фулкер бисёр ҳавлнок аст ин нест, ки боз ҳам мумкин аст фарде монанди Ҳитлер вуҷуд дошта бошад, балки ин аст, ки афроди зиёде махфиёна мунтазири зуҳури муҷаддади чунин фарде ҳастанд.”

Замоне ки Одулф Ҳитлер (Adolf Hitler) дар соли 1919 30-сола шуд, беш аз ниме аз зиндагиаш сипарӣ шуда буд ва кучактарин таъсире бар ин дунё нагузошта буд. Ӯ ҳеч дӯсте надошт. Дар даврони ҷавонӣ орзу дошт наққош ё меъмор шавад, аммо ду бор аз окодемии ҳунарҳои зебо дар Вен рад шуд. Ӯ ҳаргиз кору шуғле надошт.

Дар солҳои қабл аз ҷанги ҷаҳонии аввал, ки дар пойтахти Утриш (Австрия) зиндагӣ мекард, махориҷи худро бо фурӯши наққошӣ ва кортҳояш таъмин мекард ва муддате бехонумон буд. Бо оғози ҷанг дар соли 1914, ба унвони сарбоз вориди артиши Олмон шуд ва баъд аз ҷанг ҳанӯз як сарбоз буд. Мофавқаш гуфт, ки Ҳитлер ҳаргиз иртиқои мақом пайдо накард, зеро «фоқиди салоҳиятҳои раҳбарӣ» буд.

Бо ин ҳол, дар арзи чанд сол нозиҳо ин фарди нотавон ва шинохтанашударо раҳбар ва пешвои худ медонистанд. Дар 43-солагӣ садри аъзами Олмон шуд ва дар 52-солагӣ бо имперотурие ба вусъати як қорра, метавонист иддаъо кунад, ки қудратмандтарин фард дар торихи Урупост.

Дар суръати зуҳур ва сипас суқути фоҷеабор, Ҳитлер падидаест, ки мушобеҳе дар торих надорад. Ҳамчунин аз лиҳози куштор ва харобие, ки ба бор овард низ бемонанд буд: даҳҳо милюн сарбоз ва ғайринизомӣ дар ҷанги ҷаҳонии дуввум кушта шуданд, 6 милюн яҳудӣ дар Ҳулукост нобуд шуданд (ба гуфтаи нависандаи ин мақола) ва зиндониҳои бешуморе дар урдугоҳҳои кори иҷбории ӯ шиканҷа шуданд ва ба қатл расиданд. Чеҳраи Ҳитлер ба ҳамроҳи салиби шикастааш ба намоди ҷаҳонии шарорат табдил шуд.

Аз замоне ки Ҳитлер дар соли 1933 ба қудрат расид, нависандагон саъй кардаанд ба дарке аз ӯ даст ёбанд ва то кунун мавзӯи китобҳои зиёде мисли навиштаи Олен Булок (Alan Bullock), Юохим Фист (Joachim Fest) ва Ён Киршов (Ian Kershaw) будааст. Ҳадафи ҳазорон китоби навишташуда дар бораи ӯ, «тавзеҳ додани Ҳитлер» аст. Ҳитлер ниёзи шадиде ба тавзеҳ дода шудан дорад ва шояд ҳамеша ҳамин тавр бимонад. Зеро бо ин ки тамоми ҳақоиқ ва ҷузъиёт дар бораи ӯро медонем, боз ҳам достонаш боварнакарданӣ ва ғайриқобили қабул аст. Чӣ гуна мумкин аст фарде ба ин нолоиқӣ ва ночизӣ, ба раҳбари чунин қавӣ ва шарур табдил шавад? Чӣ гуна дунё иҷоза дод чунин иттифоқе биуфтад? Ва ҳамеша ин тарсу ҳарос вуҷуд дорад: мумкин аст дубора иттифоқ биуфтад?

Охирин китобе, ки саъй карда ба ин суолҳо посух диҳад «Зуҳури Ҳитлер: 1889-1939» аст, ки тавассути муаррих ва рӯзноманигори олмонӣ Фулкер Улриш (Volker Ullrich) навишта шудааст. Ҳар насл аз муаррихон, тасаввуроти хосси худро аз Ҳитлер доранд ва Фулкер, ки 15 сол пас аз Киршов ин китобро навишта, аз ин қоъида мустасно нест. Ӯ дар ин китоб тамоюл дорад бар Ҳитлер ба унвони як фард ва инсон тамаркуз кунад. Ин яъне ӯро на ба унвони устура дар назар бигирад (ҳамонанди бисёре аз ҳомиён ва душманони Ҳитлер) ва на ба унвони фарде беарзиш, ки танҳо дар макон ва замони муносибе қарор дошта, то бар хашм ва ошуфтагии Олмон сармоягузорӣ кунад. Фулкер Ҳитлерро як токтикдони сиёсӣ медонад ва муҳимтар аз он, бозигаре боистеъдод, ки метавонад ба так-таки мухотабонаш — аз афроди оддии ҳозир дар таҷаммӯъот то нухбагон ва сарватмандон дар маросимҳои ташрифотӣ — чеҳрае аз раҳбареро, ки мехоҳанд бибинанд, нишон диҳад.

Фулкер ба суръат аз солҳои аввалияи зиндагии Ҳитлер мегузарад. Асноди каме аз он даврон дар даст аст, зеро яке аз охирин дастуроташ қабл аз худкушӣ дар соли 1945 ин буд, ки тамоми ёддоштҳои хусусиаш сӯзонда шаванд. Достони зиндагии умумии Ҳитлер, дар соли 1919 оғоз мешавад, ки дар Муних (Мюнхен) ба унвони яке аз ростгароёни ифротӣ ҳозир шуд. Ҳитлер яке аз бисёр афроде буд, ки аз ҳарҷу марҷи эҷодшуда дар Олмон ба далели ҷанги ҷаҳонӣ, истифода карданд, то инқилоби ҳизби чап дар Бойерн (Bavaria) саркӯб шавад.

Дар соли 1923 ҳизби носиюнол-сусиёлисти коргарони Олмон он қадр қудратманд ва ҷасур шуда буд, ки битавонад давлати вилоятеро сарнагун кунад. Бо ин ҳол ин кудето шикаст хӯрд ва пас аз сипарӣ кардани муддати кӯтоҳе дар зиндон, Ҳитлер ба ин натиҷа расид, ки аз байн бурдани ҷумҳурии Воймор (Weimar) аз роҳҳои қонунӣ осонтар хоҳад буд. Ӯ ба самти ин ҳадаф рафт ва ноумедии густардаи мардум аз таваррум ва сипас рукуди иқтисодӣ ба ӯ кӯмак кард, то пирӯзиҳои худро то қуллаи садриаъзамӣ пеш бибарад.

Шоёни зикр аст, ки нозиҳо дар ҳеч як аз интихоботи озод аксарияти ороро ба даст наёварданд. Ҳитлер ба қудрат расид чун дигар сиёсатмадорони шинохташуда тасаввур мекарданд, ки метавонанд ӯро контрол кунанд. Замоне ки ба қудрат расид, ба суръат исбот кард, ки сиёсатмадорон иштибоҳ мекунанд. Ӯ бо суръати гиҷкунандае мухолифони сиёсиашро зиндонӣ ё мамнӯъ кард, руқабои ҳизбашро ба қатл расонд, қонуни асосиро лағв кард ва худро ба шахсияти марказии мактаби рақобат бо Истолин табдил кард.

Ин иқдомот мӯҷиби эҷоди танаффур аз вай нашуд. Баръакс, пас аз солҳо ҷанги дохилии идеулужик, шӯру иштиёқи мардуми Олмон барои марде, ки иддаъо мекард аз сиёсат фаротар аст, бештар шуд. Танаффури ҷунуномезаш аз яҳудиён дар ҷомеаи амиқан зиддиcомӣ ва яҳудситез, танҳо ба маҳбубияташ меафзуд.

Ҷилди аввали китоби Фулкер дар баҳори соли 1939 хотима меёбад, ки Олмон дар остонаи ҳуҷум ба Лаҳистон (Полша) буд. Ҳуҷуме, ки сабаби оғози ҷанги ҷаҳонии дуввум ва дар идома нобудии Ҳитлер шуд.

Албатта, ин ҳаводис бисёр фаротар аз танҳо як фард аст ва дар китоби Фулкер, Ҳитлер гоҳе аз ривоятҳо маҳв мешавад. Ин китоб ба ҳамон андоза, ки як биюгрофӣ аз зиндагии Ҳитлер аст, як асари торихӣ низ маҳсуб мешавад. Зеро Ҳитлер фарде буд, ки даруни худро то ҳадди мумкин тахлия кард, то ба василае дар торих ва иродаи мардум табдил шавад. Замоне ки дар трибун қарор мегирифт, метавонист ҷамъияти азимеро бо шиорҳояш дар бораи сарнавишти Олмон ҷоду кунад. Ҳар чизи дигаре, ки дар бораи зиндагии шахсии Ҳитлер баён шуда бисёр оддӣ аст: ин ки барои субҳона чӣ мехӯрд (кулча ва шукулот), чӣ тавр ҳавсалаи меҳмононашро бо сӯҳбатҳои бепоён сар мебурд ва ишқу ошиқиҳои махфиёнааш бо Ева Броун ва ғайра… Ӯ худаш ҳам медонист, ки дар бисёре аз заминаҳо комилан сатҳӣ ва ғайрибарҷаста буд. Замоне ки дар ҷамъи равшанфикрон ва ашроф қарор мегирифт, ба қавли Фулкер «уқдаи ҳақораташ» мултаҳиб ва бисёр асабӣ ва беқарор мешуд.

Маъмулӣ будани Ҳитлер дар ин китоб, беш аз ҳар китоб қобили ҳис аст. Зеро Фулкер бо дониш бар ин ки ба андозаи кофӣ достонҳои устураӣ дар бораи Ҳитлер вуҷуд дорад, саъй карда шахсияти китобашро устуравор ҷилва надиҳад. Дар достонҳои навишташуда дар бораи Ҳитлер ин тамоюл вуҷуд дорад, ки бо нукта шахсияти ӯро тавзеҳ диҳанд. Бинобар ин, мардум гоҳе мегӯянд, ӯ аз яҳудиҳо танаффур дошт, зеро як пизишки яҳудӣ натавониста ҷони модарашро аз саратон наҷот диҳад ва ё ин ки ӯ аз назари ҷинсӣ мушкил дошт, зеро андоми таносулиаш ноқис буд. Фулкер ҳар ду достонро рад мекунад ва ишора мекунад, ки Ҳитлер робитаи хубе бо пизишки модараш дошта ва ин ки дар парвандаи муойиноти пизишкиаш ҳеч ноҳинҷории физикие гузориш нашудааст.

Муҳимтар аз ҳама ин ки Фулкер нисбат ба устураҳое, ки Ҳитлер саъй дошт дар бораи худаш мунташир кунад, ҳамвора мураддад аст. Бисёре аз иттилооте, ки дар бораи солҳои аввалияи зиндагиаш медонем, достонҳоест, ки худаш таъриф карда ва аз таблиғоти муғризонаи «Набарди ман» аст. Ин достонҳо ба гунае тарроҳӣ шудаанд, ки Ҳитлерро инсоне муқтадир ҷилва диҳанд ва сабки бисёр мелудром доранд. Барои мисол, дар соли 1939 дар ҳангоми боздид аз ҷашнвораи Байрот, Ҳитлер эълом кард замоне ки навҷавон буда бо дидани операи «Rienzi” бо иҷрои Вогнер, барои аввалин бор нақши қаҳрамононааш дар сарнавишт ба ӯ илҳом шудааст: «Дар он лаҳза буд, ки ҳама чиз оғоз шуд.» Фулкер ин достонро бо ниёзи Ҳитлер ба «муҳим ҷилва додани иғроқомези худ» муртабит медонад.

Аммо Фулкер инкор намекунад, ки операи Вогнер таъсири амиқе бар ҷаҳонбинии Ҳитлери ҷавон доштааст. Аммо нуктаи аҷиб дар бораи Ҳитлер ин нест, ки худро шахсияте пешрав дар як дроми торихӣ тасаввур мекард (афроди зиёде чунин тасаввуроте доранд), балки ин ки дунё руъёҳои ӯро муҳаққақ кард. Шояд барои бистарсозӣ ба як ҷанги ҷаҳонӣ, рукуди иқтисодии бузург ва дигар мусибатҳо ниёз буд, аммо дар ниҳоят Олмон тасмим гирифт Ҳитлерро он гуна бибинад, ки вай худро медид. Олмон ҷунуни Ҳитлерро бо ҷунуни худ яке кард.

Он чӣ дар китоби Фулкер бисёр ҳавлнок аст ин нест, ки боз ҳам мумкин аст фарде монанди Ҳитлер вуҷуд дошта бошад, балки ин аст, ки афроди зиёде махфиёна мунтазири зуҳури муҷаддади чунин фарде ҳастанд.

Nytimes



Рубрики:Машоҳир, Торих

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: