Нерӯҳои ироқӣ ба 5 километрии Мавсил расиданд (тасовир)

Карим Санҷорӣ, вазири иқлими Курдистони Ироқ эълом кард, ки нерӯҳои ироқӣ дар идомаи пешравиҳои худ, дар 5 километрии Мавсил мустақар шудаанд.

Карим Санҷорӣ, вазири иқлими Курдстони Ироқ ба хабаргузории Ройтерз ҳамчунин гуфт, ки Абӯбакри Бағдодӣ, раҳбари ДОЪИШ се рӯз пеш дар шаҳри Мавсил дида шудааст.

Бино бар ин гузориш, раҳбари ДОЪИШ, ки талошашро мутамаркизи ин масъала карда буд, ки душманонаш ба маҳалли дақиқи иқоматаш пай набаранд, саранҷом ба хотири шӯриши дохилӣ миёни ташкилоти ДОЪИШ маҷбур шуд ба таври аланӣ дар Мавсил зоҳир шавад. Бағдодӣ бо зоҳир шудан миёни нерӯҳои худ онҳоро ба идомаи набард ташвиқ кард.

Гурӯҳҳои муқовимати мардумӣ аз дохили Мавсил, ки аз ҷавонони аҳли Мавсил ташкил шудааст, токтике тоза барои мубориза бо ДОЪИШ дар дастури кор қарор доданд ва ҳамин масъала буд, ки Абӯбакри Бағдодиро таҳрик кард, то зоҳир шавад.

Ин нерӯҳо барои эҷоди тарсу ваҳшат дар аносури ДОЪИШ, бар девори хонаҳои доъишиҳо бо ранги қирмиз ҳарфи X менависанд, то нерӯҳои ироқӣ ҳангоми ҳамла ба Мавсил, бидонанд, ки дар ин хонаҳо аносури ДОЪИШ зиндагӣ мекунанд.

Ин токтик аносури ДОЪИШ-ро дучори тарсу ваҳшат кардааст, ба тавре ки бисёре аз онон ночор шуданд хонаводаҳои худро аз хонаҳое, ки аломати X дорад, ба амокини амнтаре мунтақил кунанд.

Ҷаллоди ДОЪИШ ҳангоми гардан задан кушта шуд

Дар хабаре дигар, як тактирандози ироқӣ ҷаллоди гурӯҳи теруристии ДОЪИШ-ро дар ҳоле ки машғул гардан задани як навҷавон дар шаҳри Мавсил буд, ба зарби гулӯла ба ҳалокат расонд.

Ба гузориши рӯзномаи Раъюл-явм, ДОЪИШ ин навҷавонро ба вобастагӣ ба гурдонҳои муқовимати мардумӣ муттаҳам карда буд.

Ба дунболи амалиёти тактирандози ироқӣ, аносури ДОЪИШ саросема дар атрофи минтақа мустақар шуданд ва ба тирандозии шадид ва беҳадаф пардохтанд.

Яке дигар аз ҷаллодони ДОЪИШ сипас ин навҷавонро бо шиллики гулӯла ба сараш эъдом кард.

Мунтахабе аз тасовири расонаҳои ҷаҳон аз озодсозии Мавсил ба нақл аз хабаргузории Фардо:



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: