Амири асбақи Қатар фавт кард

Халифа бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири пешини Қатар дар синни 84-солагӣ даргузашт.

Дақоиқе пеш расонаҳои арабӣ ба нақл аз дафтари амири Қатар гузориш доданд, ки Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатар, дар баёнияе, ба далели даргузашти падарбузургаш Халифа бен Ҳамад Оли Сонӣ, барои се рӯз дар ин кишвар азои умумӣ эълом кардааст.

Халифа бен Ҳамад, амири асбақи Қатар, дар синни 84-солагӣ асри якшанбе даргузашт ва маросими хоксупории вай бо ҳузури мақомоти дохилӣ ва хориҷӣ баргузор хоҳад шуд.

Амири асбақи Қатар 6-умин амири ин кишвар буда ва дар соли 1972 пас аз кудето алайҳи писармуи худ, ба унвони амир интихоб шуд ва то соли 1995 дар маснади қудрат қарор дошт. Аммо дар соли 1995 ҳамин сарнавишт гиребонгири худаш гардид ва аз қудрат барканор шуд. Зеро дар 27 июни 1995 писараш Ҳамад (падари амири кунунӣ) алайҳи ӯ кудето кард ва аз қудрат барканор шуда ва ба Итолиё паноҳанда шуд ва то соли 2004 дар ин кишвар зиндагӣ кард ва соли 2004 ба кишвараш бозгашт.



Рубрики:Машоҳир, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: