ДОЪИШ дар пайи эҷоди «Хилофати Хуросон» дар Афғонистон аст

Женероли омрикоии масъули нерӯҳои ин кишвар дар Афғонистон, бо баёни ин ки ДОЪИШ дар ҳоли талош барои эҷоди хилофат дар Афғонистон аст гуфт, ки ба шиддат нигарони вазъияти кушта шудани нерӯҳои амниятии афғон аст ва эълом карда, ки ин мушкил мустақиман ба фармондеҳии нерӯҳои ин кишвар бозмегардад.

Ба гузориши хабаргузории Associated Press, женерол Ҷон Никелсун, фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон, бо ишора ба ин масъала, ки теъдоди талафоти нерӯҳои амниятии афғон дар соли гузашта бисёр боло буда ва дар соли ҷорӣ низ теъдоди талафот кам набудааст, гуфт: “Мо ба шиддат нигарони ин талафот дар миёни нерӯҳои амниятии афғон ҳастем. Яке аз омилҳои аслӣ дар кушта шудани теъдоди зиёде аз ин нерӯҳо ба навъи фармондеҳӣ ва раҳбарии нерӯҳои ин кишвар бозмегардад ва нокомии онҳоро дар ин замина нишон медиҳад. Мо дар бархе аз воҳидҳои пулис ва артиши Афғонистон бо нокомӣ рӯ ба рӯ шудаем. Албатта мушкил дар бахши пулиси ин кишвар бисёр возеҳ аст.”

Вай идома дод: “Бархе аз воҳидҳои низомии афғон фоқиди раҳбарӣ ва мудирияти коромад ҳастанд ва албатта масъалаи набуди ғизо, оби ошомиданӣ ва муҳиммоти кофӣ низ вуҷуд дорад. Мушкил ба ҷавонон рабте надорад, балки ба афроди ботаҷрибае марбут мешавад, ки наметавонанд онҳоро раҳбарӣ ва ҳидоят кунанд ва ҳамин масъала боиси бурузи талафот ва кушта шудани афрод мешавад.”

Фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Афғонистон ҳамчунин гуфт: “Фасод ва нокомии афсарон ва мудирони аршад мунҷар шуда, ки нерӯҳои афғон натавонанд дар мавқеиятҳои хатарнок он тавр ки бояд аз худ аксуламали муносиб нишон диҳанд.”

Яке дигар аз мақомҳои артиши Омрико ва сухангӯи амалиёти пуштибонии «Resolute» гуфт: “Талафоти нерӯҳои амниятии афғон як мушкил аст. Бисёре аз талафоти афғонҳо дар истҳои бозрасӣ дар саросари ин кишвар рух медиҳад, чун ин ноҳияҳо аз мудирият ва раҳбарии хубе бархӯрдор нестанд. Истҳои бозрасӣ маншаи аслии талафоти низомиёни афғон ҳастанд.”

Женерол Никелсун ҳамчунин дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии NBC гуфт: “ДОЪИШ дар ҳоли талош барои эҷоди хилофат дар Афғонистон аст. Онҳо мехоҳанд чунин коре дар Афғонистон анҷом диҳанд ва мо шоҳид ҳастем, ки онҳо «Хилофати Хуросон»-ро дар Афғонистон эҷод мекунанд. Ин раванд дар ҳоли шаклгирӣ аз сӯйи ғайри афғонҳост ва мо мебинем, ки шибҳинизомиёни хориҷӣ ба вижа ӯзбакҳо аз Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ба «ДОЪИШ-и Хуросон» мепайванданд. Ҳамчунин бисёре аз паштунҳои покистонӣ аз Толибони Покистон ба ДОЪИШ-и Хуросон дар Афғонистон пайвастаанд.”

Женерол Никелсун ҳамчунин идома дод: “ДОЪИШ-и Хуросон мардуми Афғонистонро қабул надорад, чун фалсафаи ДОЪИШ зидди фарҳанги афғон аст. Мо бо кӯмаки шарикони худ дар Афғонистон метавонем аз таъсиргузории ин гурӯҳ бар кишвар ва минтақа ҷилавгирӣ кунем. Марз миёни Афғонистон бо Покистон бисёр чолишбарангез аст ва шибҳинизомиён ба роҳатӣ метавонанд вориди ҳар ду кишвар шаванд. Марзҳо бояд бештар аз гузашта аз самти Афғонистон муҳофизат шаванд, то аз вуруд ё хуруҷи шибҳинизомиён ҷилавгирӣ ба амал ояд. Бисёре аз ҳамалоти аслӣ дар Кобул аз сӯйи “Шабакаи Ҳаққонӣ” будааст, чун ин гурӯҳ дар саросари марзи Покистон фаъол аст. Толибон ва Ҳаққонӣ ҳамчунон мавриди ҳимояти давлати Исломобод ҳастанд.”



Рубрики:Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: