Муҷрии телевизиюни Миср ба хотири раисиҷумҳур хондани Мурсӣ аз кор барканор шуд

Масъулони мисрӣ муҷрии телевизиюни ин кишварро ба далели истифода аз иборати «оқои раисиҷумҳур» дар хусуси Муҳаммад Мурсӣ боздошт ва аз вай бозҷӯӣ намуданд.

Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Алқудс ал-арабӣ, масъулони мисрӣ фаъолияти бону Муно Шукрӣ, муҷрии телевизиюнии Мисрро ба далели истифодаи ӯ аз иборати «Муҳаммад Мурсӣ, оқои раисиҷумҳур» дар бахши ахбор мутаваққиф ва хостори муҳокимаи вай шуданд.

Холид Миҳанӣ, раиси бахши ахбор дар телевизиюни Миср гуфт, хонум Муно Шукрӣ ба бахши таҳқиқот интиқол дода шуд, чаро ки вай дар бахши машрӯҳи ахбори соати 5 аср дар ҳангоми хондани хабар гуфт, ки ҳукми 20 сол ҳабс алайҳи Муҳаммад Мурсӣ, оқои раисиҷумҳур таъйид шуд.

Раиси бахши ахбор дар телевизиюни Миср гуфт, ки ин муҷрӣ матни навишташударо нахонд ва дар ин матн ҷумлае, ки вай гуфт, оварда нашуда буд, балки дар он калимаи “раисиҷумҳури азлшуда” навишта шуда буд.

Мустафо Бакрӣ, аз асҳоби расона ва намояндаи порлумони Миср гуфт, он чӣ ки рух дод, иштибоҳи аввал набуд ва нишон медиҳад, ки ҳамчунон дар телевизиюни Миср бархе аз аъзои Ихвонул-муслимин ҳузур доранд.



Рубрики:Пароканда, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: