Номаи Аҳмадинажод ба дабири кулли ҷадиди СММ

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури собиқи Эрон, бо ирсоли номае ба дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид, барои афзоиши коромадии Созмони Милал, пешниҳодҳо ва роҳкорҳои муҳиммеро ба вай ироа карда.

Ба гузориши Shahrekhabar, матни комили ин нома ба оқои Онтуниё Гутирес (António Guterres), ки дирӯз ба дафтари намояндагии Созмони Милал дар Теҳрон таслим шуда, ба шарҳи зерин аст:

Олиҷаноб Онтуниё Гутирес

Дабири кулли мӯҳтарами Созмони Милали Муттаҳид

Эҳтироман, интихоби ҷаноби олиро ба симати дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид табрик арз менамоям ва барои шумо дар анҷоми ин масъулияти хатир ва ба натиҷа расондани маъмуриятҳое, ки дар ин бурҳаи ҳассос аз замон мавриди интизори миллатҳост, аз Худованди меҳрубон муваффақият масъалат дорам.

Ба хубӣ мутталеъ ҳастед, ки Созмони Милали Муттаҳид дар посух ба як зарурати торихӣ ва орзуи дерини ҷомеаи башарӣ ба манзури созмондиҳии мудирияти муштараки ҷаҳонӣ ва барпоии дунёи саршор аз адолат, озодӣ, каромат, сулҳ, амният ва рифоҳ барои ҳама ва орӣ аз ҳар гуна бартариҷӯӣ, зулм, табъиз, таҳқир, ҷанг, хушунат, таҷовуз, ноамнӣ ва фақр ташкил шудааст.

Ҳамаи ин орзуҳо ва дар як калом таҳаққуқи инсони ҷаҳонӣ ва ҷаҳони инсонӣ, ки мубтанӣ бар шукуфоии фитрати илоҳии инсонҳост, ормон ва хости муштараки ҳамаи ақвом ва миллатҳо ва оҳоди башар аст ва Созмони Милали Муттаҳид, ки бузургтарин ва муҳимтарин созмони байналмилалии ҳозири ҷаҳон аст, маъмурияти роҳбарии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сӯйи ин ормони бузург ва муштаракро бар ӯҳда дорад.

Адами риояти адолат дар асосномаи Созмони Милал ва бархӯрдории маъдуде аз аъзо аз имтиёзи “вето” тазйеъи ҳуқуқи миллатҳо ва ба чолиш кашида шудани фалсафаи вуҷудии ин созмонро дар пай доштааст. Мазид бар он, истиқрори мақарри созмон дар хоки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, ба истилои давлати Омрико бар аркони ин муҳимтарин ниҳоди байналмилалӣ анҷомидааст, ки дар натиҷаи он, ҷуз дар даврони маҳдуде аз ибтидои ҳаёти худ, натавонистааст дар масоили муҳимми ҷаҳонӣ нақши муассир ва аслиро ба нафъи миллатҳо ифо намояд.

Алорағми талоши вофири коркунон ва ниҳодҳои вобаста ва дабирони кулл, ба далоили пешгуфта, нақши Созмони Милал дар ҳаллу фасли одилона ва инсонии чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва таҳаққуқи аҳдофи аслии он созмон, ба мурур камрангтар шудааст.

Тадовум ва густариши даргириҳо, ҷангҳо, таҷовузҳо, кушторҳои дастаҷамъӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ ва анборҳои мамлув аз таслиҳоти бисёр пешрафта ва рӯзомад дар ҷаҳон, аз як сӯ нишонаи идомаи ҷараёни сиёсатҳои зиддимардумии қудратҳои шайтонӣ ва бартариталаб ва аз сӯйи дигар нишонаи заъф ва нокоромадии Созмони Милал аст.

Гарчи имрӯз дар манзари умумии миллатҳо эътибори Созмони Милал ва эътимод ба тавоноии он дар анҷоми муассир ва созандаи маъмуриятҳо ба шиддат коҳиш ёфта ва махдуш шудааст ва бисёре аз он ба унвони абзори эъмоли ирода ва таҳмили сиёсатҳои султагарони ҷаҳонӣ ва ба вижа давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ёд мекунанд, лекин ҳамчунон ин шӯълаи умед дар миллатҳо зиндааст, ки бо ислоҳи сохтор ва асоснома ва рафъи нақсҳо, ин созмони бебадил битавонад ҳувияти воқеии худро бозёбад ва миллатҳоро дар таҳаққуқи аҳдофи инсонӣ ва мутаъолӣ ёрӣ диҳад.

Бар ҳамин мабно ва барои кӯмак ба ҷаноби олӣ, пешниҳодҳоеро тақдим мекунам. Итминон дорам, ки тамаркуз бар онҳо метавонад умеди миллатҳоро афзун сохта ва роҳи ҷадидеро фарорӯи онҳо бигушояд.

1. Маҷмаъи умумӣ дар воқеъ намоди иродаи ҷамъии миллатҳо ва давлатҳо ва дар ҳақиқат намояндаи соҳибони саҳоми ҷаҳон аст ва бояд болотарин ҷойгоҳро дошта бошад. Мутаассифона имрӯз ба баҳонаҳои гуногун иродаи чанд қудрати султагар, ба вижа давлати Омрико дар масоили муҳимми ҷаҳонӣ, бар иродаи ҷамъӣ ва назари Маҷмаъи умумӣ ғалаба дорад ва мусавваботи Маҷмаъ ғолибан ҷанбаи тазйинӣ пайдо кардааст. Ин шароити бисёр золимона, ғайридемукротик ва дар нуқтаи муқобили фалсафаи вуҷудии созмон аст. Созмони Милал таъсис шуд, то қудратҳои султагар ва ворисони истеъморгаронро маҳдуд кунад. Талоши мустамар ва ҳамагонӣ барои бозёбии ҷойгоҳи аслии Маҷмаъ умумӣ, як зарурат ва муҳимтарин гом аст.

2. Дабири кулл дар воқеъ бояд баромада аз орои миллатҳо ва давлатҳо ва танҳо намояндаи муштараки онон дар ин созмон бошад ва маъмуриятҳояшро таҳти назари Маҷмаъ умумӣ ва бо такя бар қудрати он маҷмаъ, ки намояндаи қудрати миллатҳост, ба анҷом бирасонад. Лекин бо камоли таассуф ва дар асари бартариҷӯии бархе аъзо ва суистифодаи онон аз асоснома, ин ҷойгоҳи рафеъ махдуш шудааст. Султагарон, ки худ омили аслии мушкилоти ҷаҳонанд, ба андозаи кофӣ ихтиёрот ва нуфуз доранд ва агар Худой нокарда дабири кулл низ таҳти иродаи онон қарор гирад, чизе аз ҳувияти аслии созмон боқӣ нахоҳад монд. Дабири кулл дар воқеъ раисиҷумҳури ҷаҳон ва намояндаи ҳамаи миллатҳо дар дифоъ аз ҳуқуқи онон ва пешбурди аҳдофи мутараққии созмон аст ва бояд болотарин ҷойгоҳро дар муносиботи ҷаҳонӣ дошта ва такяи аслии ӯ бар қудрати миллатҳо буда ва аз тавони ҷамъии миллатҳо барои анҷоми маъмуриятҳояш истифода намояд.

Итминон дорам, ки ҳамаи давлатҳо ва миллатҳои мустақил дабири куллро дар анҷоми ин гоми муҳим ёрӣ хоҳанд дод. Зиёдахоҳӣ ба назар намерасад агар орзу кунем, ки рӯзе дабири кулл мустақиман тавассути миллатҳо ва бо орои оҳоди мардуми ҷаҳон баргузида шавад.

3. Ҳазфи имтиёзи ноодилона ва зиддимардумии “вето” гоми баъдӣ аст, ки бисёр муҳим ва унсури асӣ дар ислоҳи сохтор аст. Бояд ин инҳисори золимона дарҳам шикаста шавад.

4. Омадушуди намояндагони миллатҳо ба Созмони Милал бояд фақат ва фақат бо назари созмон ва ба сурати комилан озод анҷом шавад, ки ин амр мусталзими тағйири мақарри аслии он аз Ню-йорк ба маҳалле мустақил аст. Итминон дорам, ки миллатҳо ва давлатҳои мутаъаддиде омодагӣ доранд бахше аз хоки худро барои ин манзур ба Созмони Милал ихтисос диҳанд. Ин созмон бояд ба маъман ва малҷаъи миллатҳо табдил шавад.

5. Эҷоди шабакаи телевизиюнии байналмилалӣ ва мустақил барои созмон ва гузориши мустамир ва мустақими фаъолиятҳо ва барномаҳо барои умуми мардум як зарурат аст, ки умедворам ба дасти шумо муҳаққақ шавад.

6. Тавсиъаи мақаррҳои собити Созмони Милал ба Осиё, Офриқо, Уқёнусия ва Омрикои Лотин хости нобаҷо ва ноҳаққе нест. Дар ҳоли ҳозир мақаррҳои собити Созмони Милал фақат дар Омрико ва Урупо қарор дорад. Интизор меравад ҷаноби олӣ иқдоми шоистаеро дар ҷиҳати зудудани ин табъизи ҷуғрофиёӣ ба амал оваред.

7. Ҳаддиақалли интизор ин аст, ки дар шароити нотавонӣ дар анҷоми вазоиф ба далели таҳмили қудратҳои султагар, дабири кулл мавзӯъро мустақиман бо ҳамаи мардум дар миён бигузорад ва аз онон кӯмак бихоҳад.

Ба ҳамин миқдор иктифо мекунам ва аз Худованди Мутаъол мехоҳам, ки шуморо дар анҷоми маъмурияти бисёр муҳим ва сангини дабири куллӣ ёрӣ диҳад ва ҳамаи миллатҳоро дар барпоии ҷомеаи ҷаҳонии инсонӣ ва ормонии саршор аз адолат, озодӣ ва ишқ муваффақ гардонад.

Бо тақдими беҳтарин орзуҳо

Маҳмуди Аҳмадинажод



Рубрики:Пароканда, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: