Бардошти зеҳни ғарбӣ аз ислом

Мақолае аз дуктур Крис Ҳевер (Chris Hewer)

Миёнгини теъдоди афроде, ки дар ғарб дар мавриди ислом иттилоот доранд, чӣ ададе аст? Зиёд нестанд. Навъан, мардум фақат ба андозае, ки дар расонаҳо иттилоърасонӣ мешавад, огоҳӣ доранд. Теъдоди каме аз онҳо китоб бо мавзӯи исломро мутолеа кардаанд ва ҳатто ҳаминҳо ҳам танҳо китобҳоеро, ки дар бораи одоб ва аъмоли динии мусалмонон монанди намоз, рӯза ва ҳаҷ ҳастанд, хондаанд.

Агарчи наздик ба ду милюн мусалмон дар Бритониё зиндагӣ мекунанд, аммо бештари мардум дӯст ё ҳамсояи мусалмон надоранд. Эҳтимолан танҳо мусалмононе, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, онҳое бошанд, ки дар як рестурони ҳиндӣ масалан мебинанд. Ба эҳтимоли зиёд ҳар навъ огоҳӣ, ки аксари мардуми Бритониё, Урупо ва Омрикои Шимолӣ дар мавриди ислом доранд, ноқис ва сатҳӣ аст.

Ба таври суннатӣ, ғарб исломро ба унвони «масъалае хориҷӣ ва бегона» фаҳмидааст ва на ба унвони бахше аз ҳавзаи таҷрибаи худаш. Ислом ба унвони масъалае бегона ва аҷиб тасаввур шудааст. Дар 50 соли гузашта ҳатто барои онҳое, ки алоқаманд ба таъомул бо мусалмонон ҳастанд, фурсати каме эҷод шудааст. Аз тарафи дигар, бисёре аз мусалмонон низ иттилооти каме дар мавриди дини худ доранд ва аз ин рӯ ҳатто агар мардум бихоҳанд бештар бо мусалмонон муровида дошта бошанд, эҳтимолан иттилооти маҳдуде дар мавриди моҳияти ислом ба даст хоҳанд овард.

Дар асри иртиботот ва расона, бештари инсонҳо ҳофизаҳое муваққат доранд. Чанд нафар, кӯмакҳои коргарони мусалмон дар ҷиҳати бозсозии иқтисоди Бритониё дар даҳаҳои 60 ва 70-ро ба ёд меоваранд? Урупоиҳо аз торих огоҳанд, аммо торих аз дидгоҳи Урупое, ки дар аксари маворид мусалмононро ба унвони ҷангҷӯёне бераҳм ба тасвир кашидааст.

Бисёре аз мардум дар Бритониёи қарни 21 худро «диндор ва динӣ» муаррифӣ намекунанд ва дар натиҷа иттилоот ва огоҳии маҳдуде аз маънои ин вожа доранд. Онҳо исломро ба унвони «як дин» ё «дини онҳо» медонанд ва на ба унвони роҳи зиндагӣ, ки барои кӯмак ба башар барои расидан ба истеъдодҳо ва тавоноиҳои билқувваашон тарроҳӣ шуда бошад. Инсонияти мусалмонон нуқтаи мағфулмондаи эшон буда ва ислом низ ба танҳо як дин будан коҳиш пайдо карда… Коркарди дин дар як демукросии мудерни урупоӣ чист? Ин аст, ки садое интиқодиро мубтанӣ бар маҷмӯае аз арзишҳои ахлоқӣ омода кунад. Оё ин шомили ислом ҳам мешавад? Чӣ теъдод ғайри мусалмон дар ғарб хостори шунидани як дидгоҳи мутафовит ва чолишбарангез дар мавриди ҳақиқати инсоният ҳастанд? Мо дар торихи урупоӣ, самараҳои масеҳияти мағрурро ёд гирифтем ва дар натиҷа ба самти як тақсими қатъӣ байни дин ва ҳукумат ҳаракат кардаем. Вақте урупоиҳо ба ислом нигоҳ мекунанд, онҳо навъе низоми муттаҳиди динӣ-иқтисодӣ-сиёсӣ-иҷтимоӣ мебинанд ва ҳамин масъала занги хатарро ба садо дармеоварад. Ин созу кор онҳоро ба ёди низоме меандозад, ки дар қарнҳои гузашта аз он ҷудо шуда буданд.

Ҳамчунин дар назари афкори ғарбӣ мафҳуми як қонуни динӣ ё дине, ки мубтанӣ бар қонун бошад, ғолибан мафҳуме манфӣ дорад. Қонун чизе аст, ки тағйир кунад ё шикаста шавад! Қонуни динӣ ин суолро матраҳ мекунад: агар шумо онро зери по бигузоред, чӣ иттифоқе барои шумо меафтад? Мафҳуми шариат ба унвони роҳнамое барои равиши зиндагии мутаъодил, ба таври комил ва саҳеҳ шинохта нашудааст; тақрибан ҳамеша бо ин мафҳум баҳси шароити занони мусалмон пеш меояд; маъмулан ин фикр, ки занони мусалмон саркӯб мешаванд. Ин яке аз бузургтарин чолишҳои пеши рӯйи мо дар роҳи иртиботи муассир бо ислом ва мухотабони ғарбӣ аст. Ҳамчунин масъалаи ифротиҳои мусалмон ва суолҳо аз хушунат, теруризм.. Бисёре аз мардуми ғарб фақат садоҳои ифротиро мешунаванд ва аз ин рӯ натиҷа мегиранд, ки ислом ҳамин аст!

Вақте масеҳиёни ғарбӣ ба ислом нигоҳ мекунанд, ҷойи таъаҷҷуб надорад, ки дар айнаки эътиқодоти масеҳии худ ба он нигоҳ мекунанд, агарчи иттилооти кофӣ дар мавриди эътиқодоти масеҳии худ ҳам надоранд. Инҳо афроде ҳастанд, ки мегӯянд, дар амал масеҳӣ нестанд, вале мудофеъони сарсахти «роҳи зиндагии масеҳӣ, ки тавассути ислом таҳдид мешавад» ҳастанд. Вақте масеҳиён дар бораи Қуръон фикр мекунанд, тасаввури ин ки ин китоб метавонад аз тарафи Худо нозил шуда бошад, ба вижа 600 сол баъд аз Масеҳ, барояшон душвор аст ва аз ин рӯ фарз мегиранд, ки Паёмбари ислом бояд онро аз ҷойи дигаре гирифта бошад. Дидгоҳи масеҳӣ нисбат ба як инсони идеол ва «инсон Худо» ба василаи зиндагӣ ва шахсияти Масеҳ шакл гирифтааст ва дар натиҷа дар эътиқоди онҳо аносури мутазодде дар зиндагии Паёмбар ислом вуҷуд дорад.

Plainislam

Реклама


Рубрики:Ислом, Нақду назар

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: