3 фарзи ғалат дар мавриди мусалмонон дар даврони ДОЪИШ

Мақолае аз профессор Тод Грин (Todd Green)

Суннати масеҳӣ аз пайравони ин дин мехоҳад, ки шаҳодати дурӯғ надиҳанд. Аммо чӣ гуна ба ин хоста ҷомаи амал бипӯшонем? Инки дар замони вуҷуди ДОЪИШ, алайҳи мусалмонон шаҳодати дурӯғ надиҳем, ба чӣ маъност?

Дар ин навиштор 3 фарзи нодуруст, агар нагӯем комилан дурӯғ, ки ғолибан дар мавриди мусалмонон ва теруризм такрор мешаванд, дар канори воқеиятҳое, ки метавонад ба мо кӯмак кунад, то гуфтугӯҳои содиқтаре дар бораи ҳамсоягони мусалмони худ ва хушунате, ки бо он дар миллатҳои ғарбӣ мувоҷеҳем дошта бошем, баррасӣ шудааст.

1. Мусалмонон теруризм ё ДОЪИШ-ро маҳкум намекунанд.

Ҳар замон ки ҳамалоти илҳомгирифта аз ДОЪИШ дар наздикии маҳалли зиндагии мо рух медиҳад, дархостҳои мукарраре аз мусалмонон мабнӣ бар маҳкум кардани ДОЪИШ ва ё эълони инзиҷори бештар алайҳи онҳо, шунида мешавад.

Мушкили аслии ин тақозоҳо ин аст, ки онҳо намунаҳои бисёре, ки дар онҳо мусалмонон ДОЪИШ ва теруризмро маҳкум кардаанд, нодида мегиранд. Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, Ҷомеаи мусалмонони Омрикои Шимолӣ, Шӯрои мусалмонони Бритониё ва… ҳамагӣ ДОЪИШ-ро ба шиддат маҳкум кардаанд. Беш аз 100 андешаманди мусалмон номаеро ба Абӯбакри Бағдодӣ фиристоданд, ки дар он тафосир ва ақоиди вай дар мавриди ислом рад шудааст.

Дар воқеъ, мавориди зиёде аз эъломи инзиҷор аз ДОЪИШ тавассути мусалмонон ва созмонҳои исломӣ вуҷуд дорад, ки зикри ҳамаи онҳо ғайримумкин аст. Дар асри интернет — давроне, ки бо як ҷустуҷӯи содда дар фазои маҷозӣ метавон ба мавориди маҳкум кардани ДОЪИШ тавассути мусалмонон расид — чӣ гуна аст, ки бисёре аз сиёсатмадорон ва асҳоби расона ҳанӯз суол мекунанд, ки чаро мусалмонон инзиҷори худро эълом намекунанд?

2. Мусалмонон бештар тамоюл ба хушунат доранд, то масеҳиён ва ғайримусалмонон.

Нигоҳи ғарбӣ дар бораи теруризм ислом ва хушунатро талфиқ мекунад. Бархе аз номзадҳои риёсати ҷумҳурӣ исрор доранд, ки аз иборати «теруризми родиколии исломӣ» истифода кунем, то «реша ва иллат»-и теруризмро бишносем. Бештари мунтақидони мусалмонон дар ғарб мӯътақиданд, ки далели гароиш ба хушунат, реша дар эътиқодоти динии мусалмонон дорад.

Шавоҳид ва мадорики зиёде вуҷуд доранд, ки ин дидгоҳро нафй мекунанд. Тақрибан ду севвуми мусалмонони Омрико дар муқоиса бо фақат 43 дарсад аз котуликҳо ва 40 дарсад аз прутестонҳо, мӯътақиданд, ки ҳамалоти низомӣ алайҳи ғайринизомиён ҳаргиз қобили тавҷеҳ нест. Вақте ки баҳси шиканҷа матраҳ мешавад, тақрибан се чаҳоруми масеҳиёни сафедпӯст мӯътақиданд, ки бозҷӯиҳо ва шиканҷаҳои хашини CIA аз муттаҳамон дар тӯли ҷанг бо теруризм, муваҷҷаҳ будааст.

Дар мавриди масъалаи кушта шудан ба воситаи тирандозӣ дар маконҳои умумӣ, фақат дар соли 2015, 134 нафар дар Омрико ба ин далел кушта шудаанд, дар муқоиса бо 69 нафаре, ки тавассути мусалмонони ифротӣ дар 14 сол аз замони ҳаводиси 11 сентябр кушта шудаанд. Солҳои пас аз ҳаводиси 11 сентябр ҳамчунин шоҳиди беш аз 220000 мавриди қатл буд; ададе, ки теъдоди куштаҳо ба дасти мусалмонони ифротиро ночиз мекунад.

Дар мавриди масъалаи теруризм ҳам, асноди FBI нишон медиҳад, ки байни солҳои 1980 то 2005 , 94 дарсади ҳамалоти теруристӣ дар хоки Омрико тавассути ғайримусалмонон анҷом шудааст. Оморҳои Урупо нишон медиҳад, ки танҳо 2 дарсад аз ҳамалоти теруристӣ дар Урупо байни солҳои 2010 то 2014 тавассути ифротиҳои динӣ анҷом шудааст.

Мо ҳатман бояд рӯйи ин масъала, ки чӣ гуна ифротиҳои мусалмонро аз анҷоми ин ҳамалот боздорем, тамаркуз кунем. Аммо ин эътиқод, ки мусалмонон манбаъи аслии хушунат ва қатл дар миллатҳои ғарбӣ ҳастанд, ё ин ки мусалмонон дар ғарб нисбат ба соири гурӯҳҳо бештар гароиш ба хушунат доранд, комилан ғалат аст.

3. Агар мехоҳем теруризмро решакан кунем, бояд мусалмонон таҳти назар буда ва маҳдуд бошанд.

Талошҳое барои эъмоли маҳдудият алайҳи мусалмонон ва назорат бар онон дар Омрико анҷом шудааст. Мушкили ин талошҳо ин аст, ки онҳо мубтанӣ бар ин фарз ҳастанд, ки мусалмонон дар ғарб нисбат ба ғайримусалмонон бештар таъйидкунандаи хушунат ҳастанд. Барномаҳои назоратӣ алайҳи мусалмонон пас аз ҳаводиси 11 сентябр вуҷуд доштааст.

Созмони амнияти миллӣ масъули сабти вуруду хуруҷ ба кишвар байни солҳои 2002 то 2011 буд. Ин созмон аз даҳҳо ҳазор ғайримуҳоҷири мусалмон хост, то дар ин тарҳ сабти ном кунанд. Ин низом дар соли 2011 ва баъд аз он ки ҳеч муттаҳами муртабит бо аъмоли теруристиро натавонист шиносоӣ кунад, муъаллақ шуд.

Пулиси Ню-йорк барномаи назоратии шадидеро алайҳи мусалмонон роҳандозӣ карда буд, ки шомили афрод ва маконҳои мазҳабӣ монанди масоҷид мешуд, вале ин барнома низ ба ин далел, ки тибқи эътирофи масъули тарҳ ҳеч сарнахе аз теруризм ироа накард, дар соли 2014 мутаваққиф шуд.

Назорат ва барномаҳои ин гуна, ки ба шакле васеъ ҷамъияти мусалмононро ҳадаф қарор медиҳад, аз теруризм ҷилавгирӣ намекунад. Онҳо мӯҷиби лаккадор шудани мусалмонон ва ишоа ва ҳамешагӣ кардани ин дурӯғ, ки хушунат алайҳи мардуми бегуноҳ усулан як «мавзӯи мусалмонӣ» аст мешавад. Замони ифшои ин дурӯғ фаро расидааст.

ДОЪИШ исломҳаросиро мехоҳад, ДОЪИШ мехоҳад, ки аксарияти ғайримусалмонон шурӯъ ба интиқод аз мусалмонон карда ва алайҳи онҳо эъмоли табъиз кунанд ва низ бо онҳо монанди як душман рафтор кунанд. Мо бояд талош кунем, то дар мавриди ҳамсоягони мусалмони худ ва низ дар бораи хушунате, ки дар ғарб бо он мувоҷеҳем, ҳақиқатро бигӯем.

SOJOURNERS

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: