Ардуғон: “Истонбул бояд маркази Созмони Милал бошад”

Раисиҷумҳури Туркия дар баёнияе мактуб дар бораи 71-умин солгарди таъсиси Созмони Милал навишт, Истонбул бояд маркази СММ бошад.

Ба навиштаи рӯзномаи “Ҳуррият”, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия гуфтааст: “Пас аз он ки Туркия кӯмаки молии худро дар солҳои ахир ба Созмони Милал бештар карда, ҳоло ба дунболи ин аст, ки Истонбулро маркази Созмони Милал кунад. Истонбул метавонад аҳдоф ва маъмуриятҳои Созмони Милалро таҳаққуқ бахшад.”

Вай дар идомаи ин баёнияи мактуб овардааст: “Мо бар ин боварем, ки Истонбул бо торихчаи худ, ғинои фарҳангӣ, мавқеияти истротежик ва зебоиҳои табиӣ метавонад ҳамкории муносибе бо Созмони Милал дошта бошад ва аҳдоф ва маъмуриятҳои ин созмонро муҳаққақ кунад. Ҷаҳон бузургтар аз панҷ кишвари узви Шӯрои амнияти Созмони Милал аст.”

Раисиҷумҳури Туркия идома дод: “Мо талошҳои худамонро барои таҳаққуқи ин раванд идома медиҳем. Туркия яке аз мудофеъони Созмони Милал аст ва ба арзишҳои он эҳтиром мегузорад, чун ин созмон аз замони таъсис иқдом ба барқарории сулҳ ва субот дар ҷаҳон карда ва дар равандҳои миёнҷигарӣ дар сатҳи байналмилал ҳузур доштааст.”

Ардуғон дар паёми худ ҳамчунин дар бораи масъалаи ҳузури муҳоҷирони сурӣ дар Туркия матолиберо матраҳ карда ва овардааст: “Бо таваҷҷӯҳ ба кӯмакҳои инсонӣ ба се милюн овораи сурӣ ва ироқӣ, Туркия намоди виҷдони ҷаҳонӣ аст. Нахустин нишасти ҷаҳонии кӯмакҳои башардӯстона дар 23 ва 24 майи соли ҷорӣ дар Туркия баргузор шуд, ки нишон аз ҳассосияти кишвар ба трожедиҳои башарӣ дорад. Ман умедворам ин иқдомот ба Созмони Милал кӯмак кунад, то сулҳ ва азаматро ба ҷаҳон биёварад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: