“Зодгоҳи такфир ва теруризм, давлати Омрико ва баъзе давлатҳои урупоист”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо ишора ба мавҷи такфир ва теруризм — ки акнун ба Урупо низ сироят карда ва эҳтимолан дар оянда ҳам вазъияти бадтареро рақам хоҳад зад — гуфт: “Зодгоҳи ин падида дар зоҳир минтақаи арабист, аммо дар воқеъ давлати Омрико ва баъзе аз давлатҳои урупоӣ омили аслии падид омадани ин ҳаводис ҳастанд.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ асри сешанбе (25 октябр) дар дидори Боқир Иззатбегович, раиси Шӯрои риёсати ҷумҳурии Бусни ва Ҳерзегувин, бо таъкид бар лузуми муқобила бо сиёсатҳои оташафрӯзона ва теруризмпарвари бархе давлатҳои ғарбӣ хотирнишон кард: “Кишварҳои мустақил бояд бо таҳкими равобит ва асар напазируфтан аз сиёсатҳои давлатҳои мустакбир, оташи ихтилофот ва даргириҳоро фурӯ бинишонанд.”

Раҳбари Эрон, эътилофи низомии давлатҳои ғарбӣ алайҳи теруризмро воқеӣ надонист ва гуфт: “Агарчи мумкин аст ин эътилофҳо дар мавориде бо теруристҳо вориди ҷанг низ бишаванд, аммо на дар Ироқ ва на дар Сурия ба дунболи решакан кардани воқеии теруризм нестанд ва сиёсатҳои бад ва шароратомези онҳо рӯз ба рӯз мушкилоти башариятро афзоиш медиҳад.”

Вай, илоҷ ва дармони ин вазъиятро дар гарави фаҳм ва шинохти авомили бурузи ин мушкилот ва вуҷуди ирода барои ҳалли онҳо хонд ва дар ишора ба яке аз авомили бурузи теруризм афзуд: “Таҳқири ҷавонони мусалмон дар бархе кишварҳои сарватманд ва қудратманди урупоӣ, заминае барои пайвастани онон ба гурӯҳҳои мунҳарифи теруристӣ ҳамчун ДОЪИШ эҷод мекунад ва ин ҷавонони таҳқиршуда дар бозгашт ба Урупо, даст ба инфиҷор ва куштор мезананд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба савобиқи равобити дӯстонаи Эрон ва Бусни ва Ҳерзегувин ва даврони талх ва сахти ҷанги таҳмилшуда бар мардуми ин кишвар, хотирнишон кард: “Оромиш ва амният, лозимаи таҳаққуқи ҳамаи аркони ҳаётии як миллат ва рушд ва шукуфоии он аст.”

Раҳбари Эрон бо ёдоварии хотираи сафар ба Бусни ва Ҳерзегувин дар давраи риёсати ҷумҳуриаш ва истиқболи гарм ва самимии мардум аз ӯ ва ҳамчунин бо таҷлил аз шахсияти марҳум Алӣ Иззатбегович, раисиҷумҳури фақиди ин кишвар, афзуд: “Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои афзоиши ҳамкорӣ ва иртиботот бо давлати Бусни ва Ҳерзегувин дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамоҳангӣ дар маҷомеъи ҷаҳонӣ, омодагии комил дорад.”

Дар ин дидор оқои Боқир Иззатбегович, раиси Шӯрои риёсати ҷумҳурии Бусни ва Ҳерзегувин, бо ибрози хурсандӣ аз сафар ба Теҳрон, музокироти худ бо мақомоти ин кишварро муваффақ арзёбӣ ва ибрози умедворӣ кард, ки равобити дӯстонаи ду кишвар ба ҳамкориҳои муассири иқтисодӣ ва ба нафъи тарафайн табдил шавад.

Оқои Иззатбегович, сиёсати Бусни ва Ҳерзегувинро таҳким ва тақвияти равобит бо кишварҳои мусалмон хонд ва бо ишора ба лузуми ҳамкорӣ барои муқобила бо хатари теруризм, афзуд: “Ин бемории хатарнок ҳатто мӯҷиби ҳамла ба масоҷид ва қатли афроди бегуноҳ шудааст, ки албатта дар Бусни ва Ҳерзегувин ҳамаи шахсиятҳои барҷаста қотеъона аз тафаккури такфирӣ эъломи бароат ва бо он муқобила мекунанд.”

Раиси Шӯрои риёсати ҷумҳурии Бусни ва Ҳерзегувин бо ибрози таассуф аз даргириҳои фирқаӣ дар ҷавомеъи исломӣ, гуфт: “Ваҳдати исломӣ вазифаи ҳамаи мусалмонон аст ва тафриқа мӯҷиби тазъифи ҷавомеъи исломӣ хоҳад шуд.”

Тасовире аз ин дидор:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: