Пешшарти Эрон барои беҳбуди равобит бо Арабистон

Ҳамиди Баъидинажод, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ландан, рӯзи сешанбе дар суханоне, бо ишора ба сиёсатҳои ситезаҷӯёнаи Риёз алайҳи Теҳрон, тасреҳ кард: “Агар Арабистон даст аз ситезаҷӯӣ бардорад ва нақши Эрон дар минтақаро ба расмият бишносад, омодаи азсаргирии равобити диплумотик ҳастем.”

Ба гузориши Ирно, Баъидинажод дар нишасте дар Маҷмаъи ҷаҳонии диплумотик дар Ландан, гуфт: “Эрон кишвари бузурге дар минтақа аст. Мардуми он ҳафт ҳазор сол дар ин минтақа зист карда ва ниёзе ба илҳоқи кишваре ба сарзамини худ надоранд.” Вай афзуд: “Миллати Эрон дар тӯли торих озмоишҳои худро пасдода ва ҳукумати қудратмандеро ташкил додаанд. Бинобар ин, мо тарсе надорем, ки соири кишварҳо моро ба расмият нашиносанд.”

Сафири Эрон баён дошт: “Эрон дар тӯли 300 соли гузашта ба ҳеч кишваре таҳоҷум накарда, балки дар мақоми ҳамкорӣ бо онҳо баромадааст.” Баъидинажод бо ишора ба ҷанги таҳмилии Эрон ва Ироқ гуфт: “Мо ба муддати ҳашт сол даргири ҷанге будем, ки ба шиддат ба иқтисоди мо осеб расонд. Ба рағми он ки талош кардем, то аз адабиёти ҷанг фосила бигирем, аммо мутааассифона танишҳо бо Эрон ба шакли дигаре идома пайдо кард.

Вай, талош барои ҳалли муноқишаи ҳастаиро гоме дигар аз сӯйи Эрон барои танишзудоӣ дар равобити хориҷиаш баршумурд ва гуфт: “Ин дар ҳолест, ки Арабистони Саудӣ ҳамаи ҳиммати худро ба кор баст, то дар ин тавофуқ коршиканӣ кунад.” Баъидинажод афзуд: “Ҳатто пас аз инъиқоди тавофуқи ҳастаии Вен, Риёз даст аз ситезаҷӯӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барнадошт ва талош кард, то Кунграи Омрикоро мутақоъид созад, ки тавофуқи ҳастаиро тасвиб накунад.”

Сафири Эрон тасреҳ кард: “Арабистони Саудӣ мункири нақши Эрон дар минтақа аст ва соири кишварҳои минтақаиро ба пайравӣ аз ин сиёсат ташвиқ мекунад.” Вай бо ин ҳол баён дошт: “Робитаи Эрон бо кишварҳои минтақаӣ собиқаи торихӣ дорад ва талоши Арабистон барои густариши душманӣ бо Эрон дар минтақа пойдор нахоҳад монд.”

Баъидинажод бо ишора ба ин ки Арабистон ба сурати якҷониба равобити диплумотикашро бо Теҳрон қатъ кард афзуд: “Замоне ки Арабистон нақши Эрон дар минтақаро ба расмият бишносад, омодаи азсаргирии равобити диплумотик ҳастем.”

Нишасти пасодоъиш рӯзи сешанбе дар Маҷмаъи ҷаҳонии диплумотик дар Ландан бо ҳузури соҳибназарон ва андешамандон баргузор шуд. Дар ин нишаст ширкаткунандагон ба баёни дидгоҳҳои худ дар хусуси нақши кишварҳои минтақаӣ ба вижа Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳалли бӯҳронҳои минтақаӣ ишора карданд.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: