Ҳилори Клинтун аз ЮНЕСКО ба хотири қатъномаи зидди исроилӣ интиқод кард

Ҳилори Клинтун, номзади интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, зимни интиқод аз қатъномаи зидди исроилии ЮНЕСКО дар нафйи иртиботи яҳудиён бо Масҷидулақсо, бар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал муҷаддадан таъкид кард.

Ҳилори Клинтун аз талоши Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиятии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба хотири талош барои тасвиби қатъномаи зидди исроилӣ, интиқод кард.

Дар баёнияи мунташиршуда аз сӯйи ситоди интихоботии Клинтун омадааст: “Дидани ин ки Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қатъномаеро дар бораи Қудс, ки иртиботи амиқи яҳудиён бо ин шаҳр ва макони муқаддас (Масҷидулақсо)-ро нафй мекунад, дар назар дорад, ноумедкунанда аст.”

Ба навиштаи Jpost, Клинтун бо “золимона” хондани ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи ЮНЕСКО, ки пешнависи қатъномаи зидди исроилӣ дар он тасвиб шуд, дубора бар ҳимояташ аз режими саҳюнистӣ дар Созмони Милал таъкид кард.

ЮНЕСКО рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар ҷаласае барои раъйгирӣ дар бораи як қатъномаи пешниҳодӣ аз сӯйи Миср ва Ташкилоти худгардони Фаластин, бо 24 раъйи мувофиқ, 6 раъйи мухолиф ва 26 раъйи мумтанеъ, Масҷидулақсоро як макони муқаддаси мусулмонон донист.

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: