Абӯалӣ ибни Сино (3)

Бахши севвум

Асорат

Муддате баъд Шамсуддавла барои ҷанг бо Иброҳим ибни Марзбон, ҳокими Торум (ноҳияе байни Қазвин ва Гилон), лашкаркашӣ намуд. Аммо дар миёни роҳ марази қулинҷ ӯро ба коми марг кашонд ва фарзандаш Самоуддавла ба ҷойи падар нишаст ва аз Шайхурраис хост, ба кори худ дар вазорат идома диҳад. Аммо Шайхурраис, ки дарёфта буд давлати иқболи Оли Буя рӯ ба уфул ниҳодааст, бо ин пешниҳод мухолифат кард. Ҷузҷонӣ менависад:

Рӯзгор заработи худро фуруд меовард ва он мулк ба вайронӣ мегаройид. Шайх тарҷеҳ медод, ки дигар дар он давлат намонад ва ба он хидмат идома надиҳад ва мутмаин шуд, ки эҳтиёт дар он аст, (ки) барои расидан ба дилхоҳи худ, пинҳон бизияд ва мунтазири фурсате бошад, то аз он диёр дур шавад.” (1)

Бо шароити пешомада Бӯалӣ аз бими таҳмили вогузории вазорат аз тарафи Самоуддавла ин бор ночор шуд онҷоро тарк кунад ва ба зиндагии махфиёна рӯй оварад. Вай ба хонаи дӯст ва шогирдаш Абӯғолиби Аттор рафт ва нигориши бақияи мабоҳиси “Шифо”-ро пай гирифт ва ҳамзамон бо таълифи китобҳо, ба таҳлилу таҷзияи аҳвол ва авзоъи замон пардохт ва саранҷом мусаммам шуд номае сиррӣ барои Алоуддавла Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Душманзиёр, ҳокими Исфаҳон, бифиристад ва хостори ҳузур дар дастгоҳи вай гардад. Ҳарчанд бино бар гуфтаи Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ, Алоуддавла худ мукотиба бо Ибни Синоро оғоз намуда ва аз ӯ хоста ба диёри вай биёяд. (2)

Вақте ҷараёни номанигории Шайхурраис ва Алоуддавла ба гӯши Самоуддавла расид, чанд нафарро маъмур кард, то Шайхурраисро биёбанд ва дар қалъаи Фардҷон (3) зиндонӣ кунанд. Ибни Сино дар зиндон фурсатро ғанимат шумурд ва бақияи мабоҳиси фалсафии худ аз ҷумла китоби “Шифо”-ро пай гирифт ва ду рисола ба номи “Ҳидоя” ва “Ҳай ибни Яқзон”-ро низ тасниф намуд, дар ҳоле ки қасидае низ муносиби аҳволи хеш месуруд:

 دخولى فى الیقین کما تراه

وکل الشک فى امر الخروج

Яъне “Ба чашм мебинам ва мебинӣ, ки ба зиндон афтодаам. Ҳол он ки нисбат ба халосии худ мураддад ҳастам.” (4)

Он чӣ дар зиндагии Шайхурраис таҳсинбарангез ва эъҷобовар мебошад он аст, ки осори илмии жарф ва мондагорашро дар муҳите пурошуб ва ноамн падид овард. Ин амр ҳикоят аз руҳи бузург ва сиъаи садри ӯ дорад, ки бо вуҷуди мусибатҳо ва таҳдиди доими ҳокимони ҷавр, ҳеч гоҳ чашмаи тафаккури фарҳангсозаш фурӯ нахушкид ва бар суфраи фарҳанги башарият таъоми тоза ва каломи руҳафзо ниҳод.

Шайхурраис муддати чаҳор моҳ дар қалъаи Фардҷон маҳбус буд, то ин ки Алоуддавла душманонашро саркӯб ва қалъаи Фардҷонро тасарруф намуд ва Ибни Синоро низ аз зиндон раҳо кард. Ибни Сино ин бор ба Ҳамадон бозгашт. Дар ҷараёни ин ҳодиса Тоҷулмулки Кӯҳӣ (Абӯнаср Иброҳим ибни Баҳром), ки кинаи амиқе аз Бӯалӣ дошт ва сабаби аслии ба зиндон афтодани Шайхурраис буд, дар қалъаи Фардҷон ба дасти нерӯҳои Алоуддавла дастгир гардид. Тоҷулмулк аз Шайхурраис дархост кард, то аз ӯ назди Алоуддавла шафоат намояд, ки Шайхурраис низ бо наҷобати зотии худ пазируфт ва аз ситами ӯ даргузашт.

Шайхурраис дар Ҳамадон дар хонаи фарде ба номи Абулҳусайн Алӣ ибни Ҳусайн ал-Ҳасанӣ сокин шуд ва рисолаи “Адвияи қалбия”-ро ба номи ӯ нигошт ва нигориши бахши мантиқи китоби “Шифо”-ро аз сар гирифт. (5)

Дар қаламрави ҳукумати Алоуддавла

Пас аз чанде Бӯалӣ тасмим гирифт аз Ҳамадон кӯч кунад ва ба қаламрави ҳукумати Алоуддавлаи Дайламӣ дар Исфаҳон биравад. Аз он ҷо, ки Алоуддавла нисбат ба дониш алоқаи вижае дошт, аз ин рӯ Ибни Сино муштоқ буд дар қаламрави ҳукумати ӯ ба таълиф ва таҳқиқ ва тарбияти шогирдон ҳиммат гуморад ва дар фазое амн ва ором ба басти андешаҳояш машғул гардад. Бад-ин манзур ба сурати ношинос дар ҳоле ки ҷомаи сӯфиён ба тан карда буд, бо шогирдаш Абӯубайди Ҷузҷонӣ пас аз тайи роҳҳои сахти хатарнок ба минтақаи Табарон (Тирон) расид. Дӯстдоронаш, ки аз роҳ афтодани ӯ бохабар шуда буданд, ҳамроҳи тане чанд аз фиристодагони Алоуддавла ба истиқбол омаданд. Шайхурраис низ либоси фохиреро, ки аз тарафи Алоуддавла ба ӯ ҳадия шуда буд пӯшида ва бо ҳишмати вижае вориди Исфаҳон гардид ва дар манзили Абдуллоҳ ибни Бибӣ дар маҳаллаи Кӯйи Гунбад бо имконоти кофӣ раҳли иқомат афканд.

Иқомати Шайхурраис дар Исфаҳон, ки ҳудуди 17 сол ба дарозо кашид, тӯлонитарин муддати иқоматаш дар як сомон ва дар айни ҳол пурбортарин давраи ҳаёташ ба ҳисоб меояд, ҳарчанд солҳои поёнии ҳаёти иқоматаш дар он диёр холӣ аз мароратҳои тоқатфарсо набуд. Шайхурраис дар Исфаҳон тавфиқ ёфт бахши муҳимме аз осори гаронбаҳояшро, ки ниматамом монда буд, ба итмом бирасонад ва чанд рисолаи дигар аз ҷумла китоби “Алинсоф”-ро бинигорад. (6)

Он гуна ки худ дар муқаддимаи “Донишномаи Алоӣ” меоварад:

Ҳамаи комҳои хешро — аз эминӣ ва бузургӣ ва шукӯҳ ва кифоят ва пардохтан ба илм, ки натиҷаи наздик шудан андар хидмати Алоуддавла буд — дарёфта будам.”

Дар ҳузури Алоуддавла буд, ки маҷлиси мунозира ва мубоҳисаи илмӣ бо ширкати олимони донишҳои гуногун шакл мегирифт ва Ибни Сино низ чунон хуршеде медурахшид ва дар ҳамаи улум саромади онон ба чашм меомад.

Дар ин замон Шайхурраис китоби “Шифо”-ро бо навиштани бахшҳои “Мантиқ”, “Маҷастӣ”, “Уқлидус”, “Риёзиёт” пай гирифт ва ҷуз ду бахши охири он яъне “Гиёҳон” ва “Ҷонварон”, ҳеч бахши нонавиштае намонд ва он ду бахшро низ дар таҳоҷуми Алоуддавла ба яке аз манотиқи воқеъ дар ғарби Исфаҳон мавсум ба Шопурхост, ки Ибни Сино ҳам дар он ҷанг ҳузур дошт, ба нигориш даровард. Шайхурраис китоби “Аннаҷот”-ро ҳам дар ҳамин сафар навишт.

Тӯфони худкомагӣ

Чанд соле аз ин вазъияти матлуб ва хуш нагузашта буд, ки бо ҳамлаи Султон Масъуди Ғазнавӣ дигар бор варақ баргашт ва Бӯалӣ ногувортарин ҳаводисро ба чашм дид. Масъуди Ғазнавӣ дар таҳоҷуми густарда ба Исфаҳон дар соли 421 ҳ.қ, илова бар қатлу ғорати фаровон ва ба яғмо бурдани амволи Алоуддавла, ба хонаи Шайхурраис низ юриш бурд ва китобҳояшро, ки бо хуни дил дар бӯҳронитарин шароит тадвин ва таълиф намуда буд, ғорат кард ва пас аз интиқол ба Ғазнӣ, дар оташи таъассуб ва хашми ҷоҳилонаи хеш сӯзонид.

Алоуддавла пас аз таҳоҷуми Султон Масъуди Ғазнавӣ ҳамчунон фармонравои Исфаҳон буд. Дар соли 427 ҳ.қ барои набард бо Султон Масъуди Ғазнавӣ, озими Кархдар наздикии Ҳамадон гардид, ки Шайхурраис низ мулозими ӯ буд, аммо дар миёнаи роҳ Шайхурраис, ки ҷонаш дардманд аз тӯфони бӯҳронофаринии худкомагон буд, дучори беморӣ шуд ва ба Исфаҳон бозгашт ва ба мудовои худ пардохт. (7)

Фасли ғуруб

Саранҷом пешвои ҳакимон Абӯалӣ ибни Сино пас аз умре муҷоҳидати илмӣ ва фикрӣ ва гушудани дарҳои ҳикмат, маънавият ва ахлоқ бар рӯйи мардумони рӯзгор, дар нахустин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазони соли 428 ҳ.қ ба малакут пайваст ва ба лиқои парвардигораш шитофт. (8)

(Дар бахши баъдӣ, дар бораи осор ва шогирдони Бӯалӣ хоҳем пардохт.)

Идома дорад

* * *

Пайнавишт:

(1) Дебоча бар Шифо, Ҷузҷонӣ, с.2.

(2) Татиммату сувонил ҳикма, с.50.

(3) Фардҷон дар 110 километрии миёни Ҳамадон ва Исфаҳон қарор гирифтааст ва акнун Пардагон ном дорад.

(4) Алкомил, Ибни Асир, ҳаводиси соли 411 ҳ.қ.

(5) Феҳристи нусхаҳои Ибни Сино, Яҳё Маҳдавӣ, с.335.

(6) Робитаи байни Ибни Сино бо Исфаҳон, Ҷалолуддин Ҳумоӣ, ҷ.2, с.227.

(7) Ибни Сино; холидатун осоруҳу ва хисолуҳ, Абдулкарим Занҷонӣ, с.7.

(8) Татиммату сувонил ҳикма, с.54-58.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: