Ардуғон: “Риққа ҳадафи баъдии “Сипари Фурот” хоҳад буд”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки дар тамосе телефонӣ бо раисиҷумҳури Омрико, нақшаҳояш дар бораи Сурияро ба ӯ иттилоъ додааст, аз амалиёти нерӯҳои таҳти ҳимояти Туркия барои озодсозии Риққа хабар дод.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, эълом кард, низомиёни ин кишвар дар шимоли Сурия баъд аз озодсозии ду шаҳри Албоб ва Манбаҷ, ба самти Риққа, пойтахти худхондаи ДОЪИШ ҳаракат хоҳанд кард.

Ардуғон бо баёни ин ки ҳамаи гурӯҳҳои шибҳинизомии курд аз ҷумла Ҳизби демукротики Халқи Сурия ва Ҳизби коргари Курдистон (ПКК) монанди якдигар ва теруристӣ ҳастанд, гуфт: “Ду шаҳри Албоб ва Манбаҷ бояд аз курдҳо поксозӣ шавад.”

Вай бо ишора ба тамоси телефонӣ бо Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико, аз таъкиди худ бар иҷрои тарҳҳояш дар Сурия хабар дода ва афзуд: “Шаҳри Риққа ҳадафи баъдии амалиёти “Сипари Фурот” хоҳад буд ва нерӯҳои таҳти ҳимояти Туркия ба самти он ҳаракат хоҳанд кард.”

Раисиҷумҳури Туркия дар бораи фаъолиятҳои гурӯҳи теруристии ПКК дар Ироқ низ гуфт: “Иҷоза нахоҳам дод, ки Санҷор низ монанди Қиндил (дар Туркия) ба пойгоҳи ин гурӯҳ дар Ироқ табдил шавад.”

Ардуғон бо ишора ба тадовуми иқдомот алайҳи созмони теруристии Фатҳуллоҳ Гулен тасреҳ кард: “Касе наметавонад ин теруристҳоро мазлумнамоӣ кунад. Дар кудето 246 нафар кушта шуданд. Чӣ мешуд агар 246 ҳазор нафар кушта мешуданд? Мардум ҳамеша бо давлат ҳастанд.”

Гуфтугӯи телефонии Убомо ва Ардуғон дар бораи мубориза бо ДОЪИШ

Ва ин дар ҳоле аст, ки руасои ҷумҳури Омрико ва Туркия тайи як тамоси телефонӣ, дар хусуси гомҳои баъдӣ, ки бояд барои мубориза бо такфириҳои ДОЪИШ бардошта шавад, гуфтугӯ карданд.

Дафтари риёсати ҷумҳурии Туркия рӯзи панҷшанбе (имрӯз) бо судури баёнияе эълом кард, ки Борок Убомо, раисиҷумҳури Омрико ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, тайи як тамоси телефонӣ, дар хусуси гомҳои баъдӣ, ки бояд барои мубориза бо такфириҳои ДОЪИШ бардошта шавад, гуфтугӯ карданд.

Рӯзномаи Daily Sabah дар ин хусус гузориш кард, Убомо дар ин тамоси телефонӣ, ки охирҳои рӯзи чаҳоршанбе (дишаб) сурат гирифт, аз мушорикати Туркия дар мубориза бо ДОЪИШ тақдир кард.

Бино ба баёнияи дафтари риёсати ҷумҳурии Туркия, руасои ҷумҳури ду кишвар дар хусуси шуморе аз мавзӯоти минтақаӣ гуфтугӯ карданд ва ҳар ду нафар ба тавофуқ расиданд, ки мубориза бо ДОЪИШ ба вижа дар Сурия ва Ироқро идома диҳанд ва бар аҳаммияти ҷилавгирӣ аз эҷоди як паноҳгоҳи амн барои гурӯҳи теруристии ПКК дар шимоли Ироқ таъкид карданд.

Тибқи ин гузориш, ҳар ду раисиҷумҳур аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии Ироқ ҳимоят карданд ва Ардуғон таъкид кард, ки амалиёт барои озодсозии шаҳри Мавсил аз дасти такфириҳои ДОЪИШ, бояд бо болотарин ҳассосият анҷом шавад.

Убомо ҳамчунин аз фароянди гуфтугӯ байни Туркия ва Ироқ барои таъйини сатҳ ва шакли муносиби мушорикати Туркия дар эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Омрико алайҳи ДОЪИШ истиқбол кард.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: