Изҳороти аҷиби Ассисӣ дар бораи зиндагияш

Суханони раисиҷумҳури Миср дар бораи “холӣ будани яхчоли хонааш” бо вокунишҳои густурдае рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алҷазира, суханони Абдулфаттоҳ Ассисӣ, раисиҷумҳури Миср дар бораи холӣ будани яхчоли хонааш дар 10 соли гузашта, бо вокунишҳои густурдае дар пойгоҳҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд.

Абдулфаттоҳ Ассисӣ дар суханони худ дар конфронси ду рӯз пеши “Ҷавонон” дар Шармушшайх гуфт: “Ба Худо савганд, 10 сол буд, ки дар яхчолам ҷуз об чизи дигаре вуҷуд надошт ва ҳеч касе садои манро нашунид.”

Фаъолони интернетӣ изҳори назарҳои густурдае ба ин суханони Ассисӣ дар хештеге бо номи ثلاجة_السيسي доштанд. Ин хештег дар Твиттер дар муддати чанд соат ба бартарин хештег дар кишварҳои арабӣ ва севвумин хештег дар ҷаҳон табдил шуд.

Яке аз корбарон дар пойгоҳи иҷтимоии Твиттер навишт: “Агар Ассисӣ ба муддати 10 сол натавонист барои худ ғизо таҳия кунад, чӣ гуна хоҳад тавонист Мисрро идора ва соддатарин ниёзҳои миллати ин кишварро таъмин кунад?!

Яке дигар аз корбарон ҳам навишт: “Раисиҷумҳур 10 сол фақат бо об ба сар бурдааст, бинобар ин мардум бояд 20 сол сабр кунанд. Бинобар ин фақр барои миллати Миср бо ҳузури Ассисӣ доимӣ хоҳад буд.”

Ассисӣ пеш аз ин гуфта буд, дар як хонаи сарватманд зиндагӣ мекардааст.

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: