Тарошидани риш барои доъишиҳо ҳалол шуд

Нерӯҳои ДОЪИШ ришҳои худро тарошида ва ба сурати мутафовит дар сатҳи шаҳр зоҳир мешаванд.

Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ДОЪИШ дар ҳоли эъзоми муҳоҷимони интиҳорӣ аз Сурия ба шаҳри Мавсил дар Ироқ аст. Даҳҳо ҳазор сарбоз ва нерӯи низомии Ироқ Мавсилро муҳосира кардаанд, то онро аз контроли ДОЪИШ хориҷ кунанд.

Шоҳидон гуфтаанд, ки дар ду рӯзи ахир садҳо нерӯи тозаи ДОЪИШ аз Риққа дар Сурия вориди Мавсил шудаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин нерӯҳо аъзои хориҷӣ ҳастанд, ки юниформҳои яксон пӯшида, камарбанди интиҳорӣ доранд ва ба силоҳи сабук мусаллаҳ ҳастанд.

Бар асоси гузориши афроде, ки аз Мавсил фирор кардаанд, нерӯҳои ДОЪИШ ришҳои худро тарошида ва ба сурати мутафовит дар сатҳи шаҳр зоҳир мешаванд ва ба мардум иҷозаи хуруҷ аз хонаҳоро намедиҳанд. Онҳо ҳамчунин аз масоҷид истифода карда ва иқоматгоҳҳои худро тағйир додаанд ва аз либоси занона барои рафту омад истифода мекунанд.

Аз тарафе низ дида шуда, ки аъзои ДОЪИШ дар ҳоли бомбгузорӣ дар пулҳои рӯйи рӯди Диҷла буда ва дар айни ҳол гуфта мешавад, даҳҳо худравро барои анҷоми амалиёти интиҳорӣ омода кардаанд.

Пешбинӣ мешавад, ки бо наздиктар шудани нерӯҳои давлатӣ ба шаҳр, даргирӣ бо ДОЪИШ бештар шавад. Коршиносон даргирии хунинеро дар хиёбонҳои Мавсил пешбинӣ мекунанд.

Реклама


Рубрики:Салафият, Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: