Таҳлили New York Times аз сиёсати ба зоҳир “мутаноқизи” Эрон

Рӯзномаи омрикоии New York Times бо интишори гузорише, ба баррасии сиёсатҳои Эрон пас аз тавофуқи ҳастаӣ пардохта ва навиштааст: “Он чӣ дар зоҳир як таноқузи «мутаҳийиркунанда» ба назар мерасад, дар воқеъ як сиёсати дугонаи комилан «мутафаккирона ва барномарезишуда» аз сӯйи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва ҳалқаи мақомоти атрофи ӯст.”

Дар ин гузориш, ки таҳти унвони “Эъмоли қудрат тавассути Эрон аз як сӯ ва барқарории робита аз сӯйи дигар, ҷузъе аз барномаи ин кишвар аст” мехонем:

Ҳамон тавр ки мухолифони муҳофизакори тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ҳушдор дода буданд, ба назар мерасад Теҳрон ба шиддат дар ҳоли тавсиъаи нуфузи минтақаии худ пас аз тавофуқ буда ва ҳамчунин барои муқобила бо манофеъи Омрико дар саросари Ховари Миёна иқдом мекунад.

Аммо аз сӯйи дигар ҳамон тавр ки ҳомиёни тавофуқ ваъда дода буданд, Эрон ҳамчунин ба оромӣ дар ҳоли гушоиш ба сӯйи ҷаҳони хориҷ, дастёбӣ ба тавофуқот бо туҷҷори ғарбӣ, афзоиши суръати интернет, истиқбол аз гурӯҳи бешуморе аз гардишгарони урупоӣ ва ҳатто барқарории линки телефонӣ бо Иёлоти Муттаҳида аст.

Он чӣ дар зоҳир як таноқузи «мутаҳийиркунанда» ба назар мерасад, дар воқеъ як сиёсати дугонаи комилан «мутафаккирона ва барномарезишуда» аз сӯйи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ва ҳалқаи мақомоти атрофи ӯст.

Мудирияти ҷанги заминӣ дар Сурия ба дасти женеролҳои эронӣ аст. Аз сӯйи дигар, мусташорони низомии Эрон шибҳинизомиёнро дар Ироқ ва Сурия омӯзиш медиҳанд. Ҳамчунин таслеҳоти эронӣ ва ҳимоятҳои дигари Эрон ба кӯмаки ҳусиҳои Яман омадааст.”

Дар идомаи ин гузориш омадааст: “Оятуллоҳ Хоманаӣ илова бар таъйиди фаъолиятҳои низомии Эрон дар минтақа, ба сурати мудовим ба изҳороти зидди омрикоии худ идома дода ва ваъда додааст, ки ҳеч нармише дар мавзеъи Эрон муқобили «шайтони бузург» ба вуҷуд нахоҳад омад ва дар айни ҳол Эрон дарҳои худро ба сӯйи сармояҳои ғарбӣ ва тахассуси кишварҳои ғарбӣ боз кардааст.

Аз сӯйи дигар, замоне ки президент Ҳасани Руҳонӣ аз сӯйи мухолифонаш бо ҳамалоте мувоҷеҳ мешавад, Оятуллоҳ Хоманаӣ тақрибан ҳамеша аз ӯ ҳимоят мекунад.

Саъиди Лайлоз, яке аз таҳлилгарони сиёсӣ ва иқтисодии Эрон мегӯяд: “Бале, ин бахше аз сиёсати мо барои нишон додани қудратамон ва ҳамчунин дастёбӣ ба ғарб аст. Ҳар дуи ин иқдомот барои тақвияти кишвар ва густариши нуфузамон аст. Шумо аз таноқуз сухан ба миён меоваред? Мо ҳамон кореро мекунем, ки Омрико даҳҳо сол онро анҷом додааст.”

Рӯзномаи омрикоии New York Times дар идома, зимни ишора ба авзоъи сиёсии дохили кишвар ва канор рафтани Аҳмадинажод аз саҳнаи интихобот, унвон кардааст, ки инзивои иқтисодии Эрон рӯ ба поён аст ва ҳамчунин маҳдудиятҳои иҷтимоӣ пас аз тавофуқ дар ҳоли кам шудан аст.

Дар идомаи ин гузориш ба нақл аз Ҳамидризо Тараққӣ, таҳлилгари сиёсӣ ва аз аъзои Ҳизби муъталифаи исломӣ омадааст: “Аз назари Оятуллоҳ Хоманаӣ мо бояд монанди Чин бошем. Равобити иқтисодӣ бо ғарб дошта бошем, аммо таҳти таъсири сиёсатҳои ғарб ва истеъмори ҷадид қарор нагирем. Тамоми сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии аслӣ тавассути раҳбар таъйин мешавад ва ғарбиҳо набояд ба тағйири қобили таваҷҷӯҳ ва амиқ дар Эрон умедвор бошанд.”

Ба навиштаи New York Times, таҳлилгарон мегӯянд, ки гушоиши нисбӣ ба сӯйи ғарб ва ҳамчунин дахолат дар даргириҳои Ховари Миёна, ҳар ду тавассути Оятуллоҳ Хоманаӣ мудирият мешавад.

Оқои Лайлоз дар ҳамин робита ба New York Times мегӯяд: “Мо ба дониш ва сармоягузории ғарбӣ ниёз дорем. Акнун, ки таҳримҳо дигар замони зиёде ҷилави масири мо қарор нахоҳанд дошт, ба пул ва дониши ғарб дастрасӣ хоҳем дошт, аммо қатъан мо сиёсатҳои онҳоро намехоҳем.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: