Тромп: “Ошиқи Исроилам // Мо бо ҳам дар баробари Эрон хоҳем истод”

Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, дар паёме, зимни ибрози иродат ба режими саҳюнистӣ гуфт: “Мо бо ҳам дар баробари душманоне монанди Эрон хоҳем истод.”

Камтар аз ду ҳафта монда ба замони интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико, номзади ҷумҳурихоҳ дар паёме ба саҳюнистҳо тасреҳ кард: “Ман ошиқи Исроил ҳастам!

Рӯзи чаҳоршанбе (дирӯз) таҷаммӯъи ҳимоятии садҳо саҳюнист аз номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико дар Байтулмуқаддас баргузор шуд; таҷаммӯъе, ки дар он мушовири Дунолд Тромп ҳам ҳузур ёфт.

Номзади ҷумҳурихоҳи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико ҳамчунин паёме видеоӣ хитоб ба ширкаткунандагон дар таҷаммӯъи ҳимоятӣ аз ӯ дар сарзаминҳои ишғолӣ мунташир кард.

Тромп дар ин паём бо таъкид бар ин ки “Ман ошиқи Исроил ҳастам”, аз эътиқод ва эҳтироми вижаи худ ба саҳюнистҳо ва дини яҳуд сухан гуфт.

Номзади ҷумҳурихоҳ ба тағйири мазҳаби Ивонко Тромп, духтари бузургаш пас аз издивоҷ бо як яҳудии омрикоӣ ишора кард ва ин ки наваҳояш дар ҳоли парвариш бо омӯзаҳои яҳудӣ ҳастанд.

Номзади интихоботи 2016 ҳамчунин бо ишора ба Эрон тасреҳ кард: “Мо бо ҳам дар баробари душманоне чун Эрон хоҳем истод; душмане, ки мутаъаҳҳид ба нобудии Исроил ва мардумаш аст.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: