Фалсафа ва равиши реализм (44)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (17)

Бунбасти аҷиб ё як нуктаи муфид ва муҳим

Мумкин аст хонандагони мӯҳтарам аз худ бипурсанд, чӣ чизе мӯҷиб шуда, ки тарафдорони материализми диалектик дар боби ҳақиқат ва хато, ин тавр назарияҳо аз қабили “назарияи тағйиру такомули мафоҳим” ва “назарияи иҷтимоъи саҳеҳу ғалат” ва амсоли инҳоро бидиҳанд, ва ҳол он ки бо андак таъаммул бутлони ин назарияҳо равшан аст?!

Вале бояд донист, ки материализми диалектик аз лиҳози “усул ва мабонии аввалия” дар вазъе қарор гирифта, ки агар ин ду назарияро қабул накунад — яъне мафоҳимро ғайри мутағайир, ва саҳеҳу ғалатро ғайри қобили ҷамъ бидонад — дар бунбасти аҷибе қарор мегирад, ки роҳи берун шудан надорад, зеро:

Нахустин асл ва мабнои аввалии ин фалсафа “асолати модда” (материализм) ва нафйи моварои табиат аст.

Асли дуввуми ин фалсафа “асли ҷазм” (догматизм) аст. Ин фалсафа барои он ки аз баҳсҳои худ барои нафйи моварои табиат натиҷаи яқинӣ ва қатъӣ бигирад, дар мавриди ин асл аз низомҳои фалсафаи назарӣ ва таъаққулӣ пайравӣ менамояд ва бар хилофи низомҳои фалсафаи ҳиссӣ, ки аз изҳори ҷазм ва яқини мутлақ худдорӣ мекунанд, ҷазму яқинро шиори худ қарор медиҳад.

Асли севвуми ин фалсафа “асли асолати ҳиссу таҷриба” (empirism) аст.

Материализми диалектик мантиқи таъаққулиро, ки фалосифаи ақлӣ ба он эътимод мекунанд мункир аст, зеро тибқи ақоиди махсус ба худ дар боби руҳ ва кайфияти пайдоиши улум ва идрокот, “бадеҳиёти аввалияи ақлонӣ”-ро — ки фалосифаи ақлӣ барои онҳо арзиши яқинӣ ва собит қоил буданд ва муддаъӣ буданд, ки танҳо масоилеро метавон яқинӣ хонд, ки муттакӣ ба бадеҳиёти аввалияи ақлонӣ бошад — наметавонад бипазирад, балки ақида дорад, ки танҳо мантиқи қобили эътимод “мантиқи таҷрибӣ” аст.

Материализми диалектик дар мавриди ин асл (бар хилофи асли дуввум), аз фалосифаи ҳиссӣ пайравӣ мекунад, вале бо ин тафовут, ки фалосифаи ҳиссӣ ҳиссу таҷрибаро аз ҷанбаи мусбат фақат далел мегиранд, на аз ҷанбаи манфӣ ва аз ин рӯ масоили моварои табиатро, ки моварои ҳиссу таҷриба аст, аз қаламрави таҳқиқоти худ хориҷ медонанд. Вале материализми диалектик, ҳам аз ҷанбаи мусбат ва ҳам аз ҷанбаи манфӣ ба “ҳисс” эътимод мекунад ва мегӯяд, ҳар чӣ маҳсус аст рост аст ва ҳар чӣ маҳсус нест дурӯғ аст, ва аз ин рӯ меъёр ва миқёси куллӣ барои нафю исботи ҳар чизе (ҳатто моварои табиат) улуми табиии ҷадид аст, ки муттакӣ ба ҳиссу таҷриба аст.

Ин се асли номбурда (асли асолати модда, асли ҷазм, асли асолати ҳисс) усул ва мабонии аввалияи материализми диалектик ба шумор меравад.

Материализми диалектик бо қабули ин се асл бо ҳам, дучори ҳайрат ва ишкол ва бунбаст мешавад, зеро:

Агар монанди низомҳои фалсафаи таъаққулӣ “бадеҳиёти ақлия”-ро бипазирад ва қиёфаи метофисизм ба худ гирифта як фалсафаи таъаққулии холис бишавад, илова бар он ки бо ақоиди махсуси вай дар боби руҳ ва хоссиятҳои руҳӣ мунофӣ аст, асли севвум (асолати ҳисс)-и худро аз даст дода ва дар натиҷа нахоҳад тавонист истидлолҳои фалсафӣ ва назарии илоҳиюнро ба баҳонаи ин ки “дар улуми ҳиссӣ нишоне аз ин гуфтаҳо нест” мункир шавад. Ва агар монанди низомҳои ҳиссӣ танҳо ба масоили улуми ҳиссӣ эътимод кунад ва ҳамон арзишеро, ки ҳамаи донишмандон ҳатто худи ҳиссгароён барои улуми ҳиссӣ қоиланд (арзиши эҳтимолӣ ва заннӣ) қоил шавад, асли дуввум (асли ҷазм)-и худро аз даст дода ва дар натиҷа нахоҳад тавонист ба таври ҷазм ва яқин дар ақоиди фалсафии худ изҳори назар кунад; масалан, бо ҷазм изҳори назар бикунад, ки ғайр аз модда ва хоссиятҳои модда чизе нест (модда = вуҷуд).

Ва агар бихоҳад ҳамон арзишеро, ки фалосифаи ақлӣ ва метофизисинҳо барои бадеҳиёти ақлия қоил буданд (арзиши яқинии ғайри қобили тахаллуф), барои масоил ва фарзияҳои улуми ҳиссӣ қоил шавад, пас бо таҷдиди назарҳо ва кашфи хилофҳо чӣ кунад?

Барои раҳоӣ аз ин бунбаст, ин роҳ ба назараш расида, ки барои масоили таҷрибӣ ва фарзияҳои улуми табиӣ арзиши яқинӣ қоил шавад ва таҷдиди назарҳо ва кашфи хатоҳоро аз роҳи “тағйири ҳақиқат” ва “имкони иҷтимоъи саҳеҳу ғалат” тавҷеҳ кунад ва бигӯяд, ҳақиқат ва хато, ва саҳеҳ ва ғалат, ва сидқ ва кизб бо ҳам мунофоте надорад; ҳам қонуни илмии қарни гузашта саҳеҳ ва ҳақиқат буд ва ҳам қонуни илмии имрӯз, ки мухолифи он аст, зеро ҳақиқат ҳар рӯз тағйир мекунад ва аз ин рӯ дар қарни гузашта, ки мегуфтанд “атом басит аст ва қобили таҷзия нест” саҳеҳ буд, имрӯз ҳам, ки мегӯянд “атом басит нест, балки мураккаб аст аз аҷзои зиёде” низ саҳеҳ аст ва ҳар ду як ҳақиқатанд, ки тағйир карда ва такомул ёфта.

Оё агар шумо ба ҷойи тарафдорони материализми диалектик будед, роҳи фирори дигаре аз ишколи боло пайдо мекардед? Ва оё донишмандони моддӣ чорае доштанд ҷуз он ки бо ин сафсата (бибахшед, таҳқиқ амиқ!) худро халос кунанд?

Албатта як силсила иштибоҳоти фалсафии дигар низ, ки домангири ин оқоён шуда кӯмак кардааст, ки фарзияи “такомули ҳақиқат” ва фарзияи “имкони иҷтимоъи ҳақиқат ва хато”-ро бисозанд, вале тардиде нест, ки гирифторӣ дар ин бунбаст ва пайдо кардани роҳи фироре барои раҳоӣ аз он, дахолати зиёде доштааст.

Чунонки аз калимоти моддигароён ҳувайдост, ҳамеша натиҷа додани амалиро гувоҳ бар сиҳҳат ва арзиши назарии як фарзия мегиранд, он гоҳ натиҷа мегиранд, ки чун ду қонуни илмии мухолиф, ҳар ду дар амал натиҷаи мусбат додаанд, пас ҳар ду ҳақиқат будаанд.

Мо дар муқаддимаи ин мақола равшан кардем, ки натиҷаи амалӣ додан гувоҳ бар сиҳҳат ва арзиши назарии як фарзия нест ва зимнан тавзеҳ додем, ки ҳеч як аз донишмандон натиҷаи амалиро далел бар арзиши назарӣ намегиранд. Дар инҷо ниёзе ба такрор надорем.

Фалокати материализм ба дасти диалектик

Ишколи боло барои фалсафаи материализми диалектик аз онҷо пеш омадааст, ки тариқи машйи муайян надорад; дар як ҷо дар мантиқи худ изҳор медорад, ки танҳо ба муқтазои ҳиссу таҷриба бояд эътимод карду бас ва аз ин лиҳоз аз низомҳои фалсафии ҳиссӣ пайравӣ мекунад, ва дар ҷойи дигар аз равиши фалсафаи ҳиссӣ хориҷ шуда дар масоили фалсафаи уло (метафизик), ки хориҷ аз қаламрави ҳисс аст ва сирфан ҷанбаи таъаққулӣ ва назарӣ дорад, ба нафю исбот мепардозад ва шакл ва қиёфаи “метофисизм” ба худ мегирад.

Онҷо, ки мехоҳад аз баҳсҳои худ натиҷаи ҷазмӣ ва яқинӣ бигирад, шиори худро ҷазму яқин қарор медиҳад ва равиши худро ҷазмӣ (догматизм) муаррифӣ мекунад, ва дар ҷойи дигар, ки арзиши маълумотро мехоҳад таъйин кунад, пойи “ҳақиқати нисбӣ”-ро ба миён меоварад ва шаккок мешавад.

Натиҷаи ин тазабзуби фалсафӣ ин ки дар мақоми тавҷеҳи таҷдиди назарҳо ва кашфи хатоҳо дар масоили улум, ба ишкол ва бунбаст дучор мешавад ва роҳи ҳалле пайдо намекунад, пас “назарияи тағйири ҳақиқат” ва “имкони иҷтимоъи ҳақиқат ва хато”-ро пеш мекашад ва якбора суфастоӣ мешавад.

Албатта хонандаи мӯҳтарам таваҷҷӯҳ дорад, ки “материализм” қабл аз он ки ба дасти Корл Моркс ва Энгелс биафтад ва мантиқи диалектикӣ пайдо кунад, як тариқи машйи муайян дошт ва билохира ҳар чӣ буд, шаккок ё суфастоӣ набуд. Ин мантиқи диалектик аст, ки ин фалокатро барои материализми бечора ба бор овардааст ва ба масали маъруф хостааст, ки обрӯяшро ислоҳ кунад, чашмашро кӯр кардааст.

Идома дорад

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: