Фарҳанги муштарак; зарфиятҳо ва мавонеъ

Мақолае аз Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва нависандаи афғонистонӣ

Ба ростӣ агар Эронро хонае бо панҷараҳое ба чаҳор сӯй бидонем, бузургтарин панҷараи он ба кадом сӯй гушудааст? Бо қотеъият метавон муддаӣ шуд, ки дар ин минтақа миёни ҳеч ду кишвар он моя аз муштаракоти фарҳангӣ наметавон ёфт, ки миёни ду кишвари Эрон ва Афғонистон метавон ёфт.

Шояд дар ибтидо бовари ин ҳақиқат барои бисёре аз мардуми Эрон душвор бошад, чун аз Афғонистони имрӯз ҷуз ҷангу вайронӣ чизи дигаре надидаанд, албатта бад-ин сабаб, ки аз даричаи он ҷаъбаи ҷодуӣ ба Афғонистон нигаристаанд, ки шояд аз ҳазор соат барномаҳояш як соат низ ба бознамоии вуҷуҳи ин фарҳанги муштарак ихтисос наёфтааст ва он қадр аз Ҳарот ва Балх ва Ғазнӣ ва Кобул намегӯяд, ки аз Борселуно ва Реол Модрид мегӯяд.

Боре, дини муштарак, торихи муштарак, мафохири муштарак, фарҳанги шафоҳии муштарак, тақвими муштарак, ҳунар ва адабиёти муштарак, ва равшантар аз ҳама, забон ва хатти муштарак бахше аз ҷилваҳои муштаракот ва бал ягонагии фарҳангӣ миёни ду кишвар аст.

Афғонистон танҳо кишварест, ки дар он, китобҳо ва маҷаллоти эрониро метавон хонд; филмҳо ва сериёлҳои эрониро бидуни зернавис ва дубла метавонад дид ва дар китобҳои дарсиаш шеъри Шаҳриёр ва Парвини Эътисомӣ чоп шудааст, он ҳам бо ҳамин хатти форсӣ, ва танҳо кишварест, ки беш аз навад дарсади китобҳои китобфурӯшиҳояш чопи Эрон ҳастанд.

Аммо ба ростӣ чӣ шудааст, ки бо вуҷуди ҳамаи муштаракот, ва дурусттар бигӯем, ягонагии фарҳангӣ, иртибот миёни ду кишвар чӣ дар сатҳи давлатҳо ва чӣ дар миёни мардум он қадр нест, ки интизор меравад? Ба гумони ман, чанд омил ва монеъ дар ин миён муассир будааст.

Адами шинохт

Ҳақиқат ин аст, ки вуҷуҳи гуногуни ин муштаракоти фарҳангӣ ҳеч гоҳ дар Эрон бозтоб наёфта ва шинохта нашудааст. Имрӯза дар Эрон бисёр нестанд касоне ки аз расмияти забони форсӣ дар Афғонистон ва такаллуми гурӯҳи васеъе аз мардуми ин кишвар бад-ин забон бохабаранд. Ҳамчунин бисёр андаканд касоне ки медонанд Афғонистон яке аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар он тақвими ҳиҷрии шамсӣ расмият дорад ва солаш бо Наврӯз оғоз мешавад. Ҳанӯз бисёре аз мардуми Эрон намедонанд, ки Балх ва Ғазнин ва Бадахшон ва Форёб ва Ҳирот ва Бодғис ва дигар нуқоте, ки аз ҳар як, шоирон ва нависандагоне баном бархостааст, дар куҷои ин курраи хокӣ аст.

Донистаҳои умдаи мардуми Эрон дар мавриди Афғонистонро расонаҳо ва мутуни китобҳои дарсӣ шакл медиҳанд ва мутаассифона тасвире, ки аз Афғонистон дар ин ойинаҳо бозтоб меёбад, бисёр камранг аст ва махдуш. Он чӣ аз дохили кишвар дар расонаҳо бозтоб меёбад, вайронаест, ки мардуми дар он мудом меҷанганд. Ва аз ҷомеаи муҳоҷири мо дар Эрон бо он ҳама ҳузури чашмгире, ки аз назари замон доштааст, тасвире, ки дар Эрон дар расонаҳо бозтоб меёбад, ғолибан аз зовияи муҳоҷират ва авориз ва масоили иҷтимоӣ ва иқтисодии он аст. Чунин аст, ки адаб ва фарҳанги Афғонистон дар расонаҳои Эрон ғолибан ғоиб будааст.

Чолиш бар сари мафохири фарҳангӣ

Аз он замон ки марзҳои сиёсии кишварҳои муҷовир бо миллигароии ифротии авоили қарни ҳозир пуррангтар шуд ва навъе марзбандии фарҳангӣ ва забонӣ ҳам ба миён омад, чолише дар миёни ин милал бар сари мафохири адаб ва ҳунар рӯй намуд, ки камтарин ҳосилаш дар равобити кишварҳо, навъе инҳисоргарӣ ва бадбинӣ буд, ба гунае ки мо дар ин арса ғолибан ба ҳамдигар ба чашми рақиб ва мунозеъ менигарем, то ҳамроҳ ва ҳамсӯ. Кор гоҳе ба ҷойе мерасад, ки бузургдошти як шоир ё нависандаи бузурги куҳан дар яке аз сарзаминҳои ҳамсоя, навъе “пирӯзии рақиб” ва мояи нигаронӣ дониста мешавад, дар ҳоле ки ҳама бояд бад-ин хушнуд бошем, ки билохира ҳар ифтихоре, ки ба даст меояд, ба навъе ба суди забон ва адаби форсӣ ва ин фарҳанги муштарак аст, дар муқобили фарҳангҳои бегона.

Ба назар мерасад, ин яке аз мавонеъи бузург бар сари роҳи доду ситади фарҳангии мост, чун вақте мо дар ин арса ҳамдигарро рақибоне мутахосим бидонем, лоҷарам бештар дар пайи чолиш ва даргирӣ хоҳем буд, то ҳамсӯӣ ва ҳамроҳӣ.

Мо бояд ҳамдигарро ҳамроҳон ва ҳамсангарони худ, дар баробари фарҳангҳои муҳоҷим бидонем, на рақибе, ки бояд мунтазири ғафлати ӯ буд ва яке аз мафохири забон ва адаби форсиро аз ӯ даррабуд.

Чандпорчагии забонӣ

Мусалламан вақте шинохт андак бошад ва наҳваи нигариш низ маҳдуд ва тангназарона, мардуми ҳар як аз пораҳои ин қаламрави бузурги забонӣ мекӯшанд, ки барои худ ҳувияте мустақил аз дигарон дасту по кунанд; нисбат ба он ҳувияти маҳдуд мутаъассиб бошанд ва нисбат ба ҳар он чӣ берун аз он аст, беэътино ва бадбин. Яке аз аворизи ҷиддии ин талошҳо, сегона номида шудани забони воҳиди форсӣ дар се кишвари форсизабон буд, ба гунае ки ин забон дар Эрон “форсӣ” хонда мешавад, дар Афғонистон “дарӣ” ва дар Тоҷикистон “тоҷикӣ”. Бад-ин гуна ин муҳимтарин ваҷҳи иштироки милали минтақа, бад-ин гуна ба канор ниҳода мешавад.

Чунин аст, ки забони форсӣ дар ин се кишвар якест, вале дар амал ҷудо намоёнда мешавад ва ҳамин гоҳе ҳамзабонӣ ва ҳамдилиро сахт месозад.

Чӣ бояд кард?

Бо он чӣ то кунун гуфтем, шояд аз лиҳози назарӣ роҳҳои эҷоди иртиботи бештар миёни ҳамзабонон боз намуда шуда бошад, ки ҳамоно шинохти бештар, парҳез аз таъассубот ва дурӣ аз инҳисоргариҳост, дар канори таъкид бар ҳамзабонӣ ва баҳрагирии муштарак аз ин захоири гаронсанг.

Аммо бистари амалии ин кор, расонаҳоянд ва ниҳодҳои мутаваллии иртибототи фарҳангии ду кишвар яъне ройзаниҳои фарҳангӣ ва марокизи илмӣ.

Ба воқеъ ин таъмиқи иртибототи фарҳангӣ бояд дар се сатҳи “давлатҳо”, “нухбагон” ва “оммаи мардум” сурат гирад. Яъне давлатмардони ду кишвар заминаи иртиботҳои расонаӣ, донишгоҳӣ ва матбуотии кишварҳоро бештар аз пеш фароҳам оваранд. Он гоҳ нухбагон бо шинохти бештаре, ки хоҳанд дошт ва низ алоқае, ки дар онҳо нисбат ба мероси муштараки фарҳангӣ вуҷуд дорад, дар афзоиши огоҳии умумӣ дар сатҳи мардум хоҳанд кӯшид.

Бозуи аслии давлатҳо дар ин кор, ройзаниҳои фарҳангӣ ҳастанд, ба вижа ройзаниҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон. Дар ин маврид ин нукта гуфтанӣ менамояд, ки мутаассифона дар мақотеъе аз замон ва дар баъзе ҷойҳо, фаъолияти ин ройзаниҳо беш аз ин ки бар рӯйи забон ва адаби форсӣ, фарҳанги омма, ҳунар ва дониш мутамаркиз бошад, бар рӯйи фаъолиятҳои сиёсӣ ва идеулужик мутамаркиз будааст, ва ин кор, зарбае бузург ҳатто ба муносиботи забонӣ ва адабии ду кишвар задааст, ба гунае ки акнун гоҳе барои интиқоли як девони шеъри Ҳофиз аз Эрон ба Афғонистон мавонеъе рух менамояд.

Дӯстони эронии мо бояд инро бо тамоми вуҷуд ҳис кунанд… Ҳар ҷо забони форсӣ бошад, Гулистон ва Бӯстони Саъдӣ ҳам хоҳад буд, Маснавии Маънавӣ ҳам хоҳад буд, Кимиёи саодат ҳам хоҳад буд ва осори удабо ва мутафаккирони солҳои ахир низ.

Чизи дигаре, ки боз мебояд мутаваллиёни умури фарҳангӣ дар сутуҳи давлатӣ бад-он таваҷҷӯҳ дошта бошанд, парҳез аз таблиғот ва талош барои огоҳӣ ва доноӣ аст. Дар ин солҳои ҷанг ва даргирӣ, ниҳодҳои омӯзишии Афғонистон аз ҳар назар (нерӯи инсонӣ, имконоти омӯзишӣ ва китобхонаҳо ва ғайра…) сахт осеб дидааст ва беҳтарин хидмате, ки ба ин кишвар мешавад кард, тақвияти буняи илмии кишвар аст, ба вижа дар улуми инсонӣ ва боз ба таври хосс, дар риштаҳои вижаи забон, адабиёт ва ҳунар. Таъсиси як гурӯҳи адабиёти форсӣ дар як донишкада дар Афғонистон барои ҳифз ва беҳсозии забони форсӣ бисёр судмандтар аст аз баргузории як ҳамоиши бузург дар яке аз муҷаллалтарин ҳутелҳои Кобул.

Кори дигаре, ки мебояд ба дасти давлатмардони ду кишвар сурат гирад, эҷоди иртиботи бештар миёни нухбагон аст, ба вижа дар ҳавзаҳои адаб ва ҳунар. Воқеият ин аст, ки дар солҳои ахир, навъе аташ ва иштиёқ нисбат ба иртибот ва доду ситади фарҳангӣ дар миёни нухбагони ду кишвар эҳсос мешавад, вале ин иштиёқ дар набуди имконот ва заминаҳои идорӣ ва молии кофӣ посухе дар хӯр намеёбад. Бисёре аз аҳли адаб ва қалами Афғонистон ва Эрон муштоқи сафар ва ҳузур дар кишварҳои ҳамдигаранд, вале тангноҳои идорӣ ва иқоматӣ ин рафту омадҳоро душвор сохтааст. Ин ҳам мушкилест, ки ба мадади ройзаниҳои фарҳангӣ ва дигар ниҳодҳои масъул қобили рафъ аст.

Вақте ин ҳусни ниятҳо, ҳамкориҳо ва ҳамдилиҳо дар миёни давлатмардон ва аъзои низоми идории ду кишвар рух намояд, мусалламан осорашро дар суҳулати иртибот миёни нухбагон, ва сипас васеътар шудани доманаи ин ошноиҳо ва ҳамсӯиҳо дар миёни мардум, нишон хоҳад дод.

Манбаъ: вебсойти шахсии Муҳамадкозими Козимӣ (http://www.mkkazemi.com)

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Худшиносӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: