“Қиблагоҳ чи тавре, ки зиндагӣ карданд, ҳамон тавр рафтанд”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар паёме зимни изҳори миннатдорӣ аз ҳамаи касоне, ки бо ирсоли паёмҳои таслият, ҳамдардии худро аз даргузашти падари вай иброз доштаанд, дар бораи қиблагоҳи худ навишт: “Қиблагоҳ чи тавре, ки зиндагӣ карданд, ҳамон тавр рафтанд. Ҳамчун як тоҷик хеле соддаву самимӣ ва ҳамчун як мӯъмин хеле содиқу мухлис.”

Ба гузориши сойти Payom, матни ин паём ба шарҳи зерин аст:

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон

انا لله و انا اليه راجعون

Ба ҳама дӯстон, бародарону хоҳарон ва ҳамватанони азиз, ки тайи чанд рӯзи ахир паёмҳои таслият ва ҳамдардии худро ба хотири реҳлати қиблагоҳи азизам бо василаҳо ва шаклҳои гуногун расониданд, аз номи худ ва ҳамаи фарзандону пайвандони қиблагоҳи марҳум миннатдорӣ баён мекунам. Дар чунин лаҳзаҳои барои ҳар кас сангин, таслият ва ҳамдилии шумо дарди фарзандону пайвандони муҳоҷир ва дар ватан боқимондаи марҳумро сабуктар гардонид ва аз Парвардигор истидъо дорам, ки гузаштагони ҳамаи Шуморо шомили раҳмати хеш гардонида бошад ва бозмондаҳоро тансиҳативу саодат ато кунад.

Некиҳои ҳамдеҳагон, хешу табор ва ҳама касоне, ки дар чунин шароит ишонро аёдат мекарданд ва дар маросими ҷанозаи марҳум ширкат карданд, ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва болои ҳамаи мо бозмондагон қарз боқӣ хоҳад монд.

Қиблагоҳ чи тавре, ки зиндагӣ карданд, ҳамон тавр рафтанд. Ҳамчун як тоҷик хеле соддаву самимӣ ва ҳамчун як мӯъмин хеле содиқу мухлис.

Фалсафаи зиндагияш ин буд, ки бо Худованд банда бош ва бо бандагони Худо инсон. Касеро душман намедонистанд ва ҳеч гоҳ ба касе дуъои бад ё фикри бад намекарданд. Ҳоло суханҳояшонро бо ҳайати 200 нафара, ки ду ҳафта қабл аз реҳлаташон ба манзилаш “ташриф” оварда буданд, калима калима ҷамъ дорем, вале он чи ки маълум аст, бо ашки чашм берун омадани қисме аз “касалхабаргирҳои ҳукуматӣ” (ибораи худи раҳматӣ) мебошад. Калимаи дӯстдоштаашон барои ҳама “ҷӯра” буд, ки дар паёми “ҳукуматӣ”-ашон ҳам маро ба ин калима хитоб кардаанд. Сахттарин танбеҳашон “сарзада” буд ва ҳама ин танбеҳашонро дӯст медоштем. Худашон ҳам бештар “сарзадаҳо”-ро дӯст медоштанд.

Лозим медонам, ки ба мақомоти давлатии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдат барои таъмини маросими ороми ҷаноза ва имкони ширкати аксари пайвандони мавҷуд дар Ватан ташаккур бигӯям. Барои он аксари пайвандон мегӯям, ки қисме аз онҳо тӯли якуним соли ахир ҳаққи зиёрати қиблагоҳро надоштанд. Аз ҷумла, келин ва се набераам, ки 5, 3 ва 1 солаанд ва дар масофаи 5 километрӣ аз манзили қиблагоҳ зиндагӣ мекунанд, тӯли якуним сол як бор ҳам иҷозати зиёрати қиблагоҳро дарёфт накарданд ва қиблагоҳу бародари ман ҳам иҷозати рафтан ба манзили келинро надоштанд. Агар иҷозат медоданд, ки пирамард абераҳову келинашро медид, фикр накунам, ки амнияти ягон гурӯҳ, ҳукумат ва ё фарде зери хатар мерафт. Ҳаддиақал, рӯзҳои бад шудани саломатии қиблагоҳ ва ҳатто, рӯзи ҷаноза ҳам ин ҳақро ба тифлону занон медоданд, аз савоб холӣ набуд. Марҳум ба Нурбону номи модари худашонро гузошта буданд ва хеле дӯст медоштанд ӯро. Шояд хеле барояш сангин буд, ки ин ҳама муддат натавонад “модар”-и хурдсоли худро ва он ҳам дар масофаи 5 километрӣ як бор ҳам набинад.

Ҳоло ҳам, ки рӯзҳои фотеҳа дар пеш аст, шояд иҷозат диҳанд, ки келину тифлон манзили бобояшонро як бор бошад ҳам зиёрат кунанд. Ин дигар масъалаи сирф инсонӣ аст, на сиёсӣ, амниятӣ ё “мубориза бо терроризм”.

Ҷумлаи охире, ки аз ӯ шунида будам, ин буд: “Худат медонӣ чи кор кунӣ, фақат рост бош! Дигар, дидор ба қиёмат.”

Худованд шомили раҳмати хеш бигардонад ва аз мо ҳам бигзарад, ки натавонистем вазифаи фарзандии худро он тавр, ки мебоист, анҷом диҳем.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: