Абӯалӣ ибни Сино (4)

Бахши ҷаҳорум

Осор ва навиштаҳо

Тибқи таҳқиқоти бархе аз пажӯҳишгарон, теъдоди навиштаҳои Шайхурраис 242 асар аст, ки 131 асарро аз они ӯ донистаанд ва бақияро ба вай мансуб кардаанд. (1) Ва ҳамон тавр ки дар қисмати пешин гуфта гузаштем, Султон Масъуди Ғазнавӣ дар ҳамла ба Исфаҳон дар соли 421 ҳ.қ, ба хонаи Шайхурраис юриш бурд ва китобҳояшро, ки бо хуни дил таълиф намуда буд, ғорат кард ва пас аз интиқол ба Ғазнӣ, дар оташи таъассуб ва хашми ҷоҳилонаи хеш сӯзонид.

Мо ба муаррифии осори муҳим ва шинохташудаи Бӯалӣ басанда мекунем:

1. Шифо: Ибни Сино китоби “Шифо”-ро, ки донишномае бебадил дар фалсафа ва ҳикмати исломӣ ва манбаъи илҳом ва таъсир бар файласуфони қуруни баъд ҳамонанди Шаҳобуддини Суҳравардӣ ва Садрулмутаъаллиҳини Шерозӣ (Мулло Садро) аст, дар муддати ҳудуди ду сол нигошт. Ӯ баҳсро аз “Табииёт” оғоз намуд ва сипас ба “Илоҳиёт” пардохт ва баъд “Мантиқ”-ро аз сар гирифт ва ду ҷузъи охири бахши Табииёт” (“Алҳайвон” ва “Аннабот”)-ро, ки боқӣ монда буд, ба саранҷом расонид.

Бархе бар онанд, ки “Шифо” чизе ҷуз шарҳи оро ва афкори Арасту нест, дар ҳоле ки истиқлоли раъйи Шайхурраис ва шеваи таҳқиқӣ ва таҳлилии ӯ нисбат ба орои Арасту — он чунон ки худаш дар муқаддимаи “Шифо” баён медорад — нодурустии ин назарро нишон медиҳад. (2)

2. Алишорот ват-танбеҳот: Китобе аст муштамил бар фалсафа, ҳикмат, мантиқ, калом ва ирфони назарӣ. Ин китоб нишонгари бурузи рагаҳое аз тафаккуроти ишроқӣ дар маслаки фалсафии Шайхурраис аст; бо ин баён, ки ӯ маҳсур дар тафаккуроти маҳзи машшоӣ набуд ва ба “фалсафае хосс” он гуна ки худ тарсим мекунад, расид.

Ин китоб пас аз “Шифо” муҳимтарин ва ҷомеътарин асари фалсафии ӯст ва шомили 10 минҳоҷ ва 10 намат аст. 10 минҳоҷ дар дониши мантиқ аст ва 10 намат дар боби ҳикмати илоҳӣ ва ирфон ва масоили табиӣ, ки 3 намат дар “Табииёт” ва 4 намат дар “Илоҳиёт” ва 3 намати охир марбут ба ирфони ноби исломӣ аст.

Шарҳҳои бисёр фаровоне бар “Ишорот” навишта шуда, ки аз он миён шарҳи Хоҷа Насируддини Тӯcӣ, Қутбуддини Розӣ, Алломаи Ҳиллӣ, Мулло Абдурразоқи Лоҳиҷӣ ва Имом Фахруддини Розӣ мисолзаданӣ аст.

3. Қонун: Муҳимтарин ва устувортарин китоби Ибни Сино дар дониши пизишкӣ аст, ки шомили 5 боб аст. Ин китоб ҳудуди чанд қарн дар донишгоҳҳои мӯътабари Урупо тадрис шуд ва ба воситаи он, ғарбиён бунён ва уммаҳоти масоили пизишкиро дар чанг гирифтанд.

Шайхурраис китобҳои дигаре низ дар пизишкӣ дорад аз ҷумла “Урҷуза”, ки дар китобхонаҳои урупоӣ фаровон ёфт мешавад ва низ мақолае дар боби “Адвия муфарриҳа ё қалбия” ва мабҳаси “Сиркангабин” ва рисола дар “Хавосси коснӣ” ва мақолае дар “Набз” ба форсӣ ва ғайра, аз осори қобили зикр дар пизишкӣ аст. (3)

4. Ҳикмати Машриқия: Аз китобҳои бисёр мӯътабари Шайхурраис аст, ки дар он, Бӯалӣ ақоиди ҳукамои Бағдод (Машриқийин)-ро дар баробари шореҳони фалсафаи искандаронӣ (Ғарбийин) баён намудааст. (4)

Китобҳои мутаъаддиди дигаре низ Шайхурраис таълиф карда, ки ба бархе феҳриствор ишора мегардад:

Расоили ирфонӣ, Ҳай ибни Яқзон, Рисолатут-тайр, Рисолатун фи моҳиятил-ишқ (Рисола дар моҳияти ишқ), Рисолатун фи моҳиятис-салот (Рисола дар фалсафаи намоз), Рисолатун фи маъназ-зиёра (Рисола дар бораи маънои зиёрат), Рисолатун фис-саъода (Рисола дар маънои саъодат ва хушбахтӣ), Рисолатун физ-зикр (Рисола дар бораи зикр), Шарҳу суратил-ихлос (Шарҳи сураи Ихлос) ва ғайра.

Ба унвони мисол, Шайхурраис дар “Рисола дар фалсафаи намоз”-и худ, руҳи ниёишгари инсониро тасвир мекунад, ки танҳо бо ёди парвардигор оромиш мепазирад. Ва дар рисолаи дигаре ба номи “Аҳдун фи тазкиятин-нафс” аз мисоқи ногусастании инсони диндор бо парвардигораш ёд мекунад, ки аз таҳзиб ва тазкия ва тарбияти нафси хеш лаҳзае бознамеистад ва аз тариқи фикру зикр қурб ба Худо пайдо мекунад. Дар ин рисола, Шайхурраис бар ин масъала низ таъкид дорад, ки инсони мӯъмин аз шурби хамр мепарҳезад ва иртикоби чунин амале аз соҳати ӯ ба дур аст.

Шайхурраис чанд асари форсӣ низ дорад, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо “Донишномаи Алоӣ” мебошад, ки барои Алоуддавлаи Дайламӣ ва ба дархости ӯ, ки алоқаманд ба мабоҳиси фалсафӣ буд, навишт. Ин китоб аз бахшҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт ва риёзиёт ташкил шуда буд.

Рисолаи “Рагшиносӣ” ва “Ҷарри сақил” ва “Кунузул-муъзамин” низ ба форсӣ аз Ибни Сино мунташир шудааст. (5)

Ашъори Ибни Сино

Шайхурраис шоир ба он маъно, ки барои як шоир қоил ҳастанд набуд, вале бо ин вуҷуд, аз ӯ ашъоре барҷой монда.

Инак, баъзе аз ашъори Ибни Сино:

* * *

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард,

Нишоти айш ба дори бақо тавонӣ кард.

В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе,

Ҳама кудурати дилҳо сафо тавонӣ кард.

Зи мунзалоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме,

Нузул дар ҳарами Кибриё тавонӣ кард.

В-агар ба ҳастии худ бигзарӣ яқин медон,

Ки аршу фаршу малак зери по тавонӣ кард.

Валекин ин амали раҳравони чолокаст,

Ту нозанини ҷаҳонӣ куҷо тавонӣ кард.

Чу Бӯалӣ бибур аз халқу гӯшае бигзин,

Магар, ки хӯйи дил аз халқ во тавонӣ кард.

* * *

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Муҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.

* * *

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.

Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,

В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

* * *

Шайхурраис ашъоре низ ба арабӣ дорад, ки аз ҷумлаи онҳо “Қасидаи айнияи руҳия” аст ва дар он кайфияти ҳубути нафс ва ҳулули он дар бадан ва бозгашти он ба олами мовароро бо баёне шево ва расо сурудааст.

Қасидаи шаквоияе дар 43 байт ва қасидае дар пирӣ ва ҳикмат ва зуҳд дар 16 байт низ дорад. (6)

Шогирдон

1. Абӯубайди Ҷузҷонӣ: Аз маъруфтарин шогирдони Ибни Сино ва аз дӯстдорони ҳикмат ва фалсафа буд.

Аз онҷо, ки Шайхурраис дар нигоҳдории осори худ эҳтимом нишон намедод ва он чиро тасниф менамуд, ба он касе медод, ки толиби таълифи он буд ва нусхаеро барои худ нигаҳ намедошт, бад-ин хотир Ҷузҷонӣ пас аз реҳлати Шайхурраис заҳмати фаровоне барои гирдоварии осори Шайхурраис мутаҳаммил шуд.

Осоре низ аз худи Абӯубайди Ҷузҷонӣ ба ёдгор мондааст, аз ҷумла: Шарҳи қасидаи айнияи Ибни Сино, Рисолае дар ҳандаса, ки бар асоси ёддоштҳои Ибни Сино фароҳам овардааст, Кайфияти таркиби афлок, Шарҳи аҳволи Ибни Сино, ки Ибни Қифтӣ дар осори худ зикр кардааст. (7)

2. Баҳманёр ибни Марзбон: Аз дигар шогирдони машҳури Ибни Сино ва файласуфи машшоӣ, ки лақаби Киёраис ва кунияи Абулҳасан ба ӯ додаанд. Аз соли 404 то 412 ҳ.қ дар дарси Шайхурраис ҳозир шуд ва китоби “Алҳосил вал-маҳсул”-ро назди ӯ хонд. Баҳманёр дар асари худ ба номи “Аттаҳсил” орои фалсафии устоди худро шарҳ кардааст.

Осори Баҳманёр иборатанд аз: Аттаҳсил, ки муштамил бар хулосаи андешаҳои фалсафии ӯст, Аррутбату фил-мантиқ, Албаҳҷату вас-саъода, китобе дар мусиқӣ, ки дар дастрас нест. (8)

3. Ибни Зайлаи Исфаҳонӣ: Абӯмансур Ҳусайн ибни Тоҳир ибни Зайла, файласуф ва риёзидон ва аз ҷумлаи шогирдони Бӯалӣ ба шумор меравад. Ҳар як аз шогирдони маъруфи Ибни Сино қисмате аз таълифоти устодро мехонд ва хондани “Ишорот” бар ӯҳдаи Ибни Зайла буд. Шайхурраис дар яке аз номаҳои худ аз Ибни Зайла бо унвони “Ашшайхул-фозил” ёд мекунад ва ӯро яке аз ду нафаре медонад, ки ҷуз онон касе ёрои дарки ҳақоиқи китоби “Ишорот ват-танбеҳот”-ро надорад. Ибни Зайла дар соли 440 ҳ.қ ва 12 сол пас аз реҳлати Шайхурраис даргузашт.

Осори ӯ иборатанд аз: Алихтисор мин табииёти Шифо, Таъолиқи мансуб ба Ибни Сино, ки Ибни Зайла онро таҳрир кардааст, Шарҳи рисолаи Ҳай ибни Яқзон, Китобун фин-нафс, Алмаҷмуъ фил-илоҳиёт. (9)

4. Фақеҳ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмади Маъсумӣ: Шайхурраис “Рисолатул-ишқ”-и худро барои ин шогирд ва ба хоҳиши вай навишт. Бархе бар ин ақидаанд, ки вай дар Рай ба фармони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ кушта шуд. Шайхурраис дар ҳаққи Абӯабдуллоҳ гуфтааст: “Мақоми Абӯабдуллоҳ нисбат ба ман, монанди Арасту ба Афлотун аст.” Соҳиби “Татиммату сувонил ҳикма” навиштааст, ки Абӯабдуллоҳ аз ҳамаи шогирдони Шайхурраис фозилтар буд. Аз осори ӯст: Китобул-муфориқот, Эъдодул-уқул вал-афлок, Тартибул-мубдаъот ё Рисолатун фи исботил-муфориқот, Рад бар эътирозоти Абӯрайҳон ба ҷавобҳои Шайх (Ибни Сино). (10)

5. Абулқосим Абдурраҳмон ибни Алӣ ибни Аҳмад ибни Абӯсодиқи Нишопурӣ: Вай марде табиб ва фозил буд ва дар илми ҳикмат аз шогирдони барҷастаи Шайхурраис ба шумор мерафт. Ӯро Буқроти Сонӣ лақаб дода буданд. Шарҳи китоби “Алмасоилу фит-тиб ли Ҳунайн ибни Исҳоқ” аз осори ӯст. Китобҳои дигаре низ аз ӯ мушоҳида шуда, яке аз онҳо ба номи “Шарҳи китоби Алфусул ли Буқрот”-ро дар соли 640 ҳ.қ ба поён расонидааст. (11)

6. Сайидабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Шарафуддин Илотӣ: Тибқи нақли Ибни Абӯусайбиъа, марде фозил ва забардаст дар фанни пизишкӣ ва аз шогирдони Бӯалӣ Сино буд. Таълифоте ҳам дошта, ки талхиси Қонуни Бӯалӣ мисолзаданӣ аст. (12)

* * *

Навиштори ҳозирро бо васиятномаи бисёр дилнишин ва ҳикматомезе аз Ибни Сино ба поён мебарем:

Худованди Мутаъол аввалин ва охирин мақсаде аст, ки инсон бояд бад-он биандешад ва чашми ҷони худро бо назар бар ӯ равшан созад ва дар пешгоҳи ӯ пешонии хушӯъ ва бандагӣ бисояд. Пас ҳангоме ки ин ҳолат барои инсони солик малака мешавад, бо ҳазрати Ҳақ унс мегирад ва болотарин лаззатро насиб мебарад ва оромиш меҳмони ӯ мегардад, ба гунае ки бар аҳли олам шафқат меварзад… Ҳамоно бартарини ҳаракот намоз, покизатарини асрор сабр ва судмандтарини некиҳо садақа ва беҳудатарини талошҳо ҷидол аст… Ҳикмат модари фазоил ва шинохти Худо, аввалин маърифат аст.” (13)

* * *

(Дар қисмати баъдӣ, ки қисмати панҷум ва поёнӣ хоҳад буд, иншоаллоҳ дар бораи порае аз шубаҳот, ки дар бораи Шайхурраис матраҳ аст — аз қабили он ки оё Шайхурраис ба шурби хамр иҷоза дода ва ё дар бораи ин ки оё издивоҷ карда ё на – баҳс хоҳем кард.)

* * *

Пайнавишт:

(1) Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.4, с.6.

(2) Шифо, муқаддима с.10.

(3) Луғатнома, Деҳхудо, ҷ.3, с.657-659.

(4) Торихи фалосифаи эронӣ; аз оғоз то имрӯз, Алиасғари Ҳалабӣ, с.209.

(5) Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.4, с.8.

(6) Ҳамон, ҷ.1, с.116.

(7) Ҳамон, ҷ.5, с.700.

(8) Донишномаи ҷаҳони ислом, ҷ.4, с.848.

(9) Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.3, с.649.

(10) Торихи улуми ақлӣ дар тамаддуни исломӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, с.291.

(11) Фалосифаи шиъа, с.151, Пури Сино, с.128.

(12) Ъуюнул анбоъ фи табақотил атиббо, ҷ.3, с.29.

(13) Аъёнуш шиъа, ҷ.6, с.78.

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир, Торих, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: