Дархости ҲНИТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ, бо судури баёнияе, бо ишора ба фишорҳои воридомада ба яке аз фаъолони ин ҳизб Илҳомҷон Ёқубов аз сӯйи мақомоти қудратӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст, дархост намудааст, “ба ҳукумати ҶТ фишор оваранд, то аз чунин амалҳои ғайриқонунӣ мисли фишор ва мусодираи амвол ба хотири ширкат дар як конфронси байналмилалӣ даст кашад” ва ҳамчунин “ҳукумати Тоҷикистонро водор кунанд, ки истифодаи бастагону наздикон ҳамчун гаравгон ва ба унвони василаи фишор болои мухолифони худро қатъ намояд.”

Матни ин баёния, ки сухангӯи ҲНИТ соате пеш дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузошта, ба шарҳи зерин аст:

Пас аз ҳузури фаъоли опозисиюни тоҷик дар бузургтарин конфронси солонаи Урупо дар умури ҳуқуқи башар, ки аз тарафи САҲА моҳи сентябри гузашта баргузор гардид, ҳукумати Тоҷикистон анвоъи мухталифи фишору таъқибро болои ширкаткунандагони ин конфронс, бахусус болои бародар Илҳомҷон Ёқубов афзоиш додааст.

Баъд аз ширкати ӯ дар Конфронси Варшава, ҳама аъзои хонаводаи Илҳомҷон Ёқубов, аз ҷумла модару хоҳараш, чандин бор мавриди бозпурсиҳои хашини мақомоти амниятӣ гашта, ҳамчунин тазоҳуроти пайдарпай дар назди манзилҳои хешу табораш ва партофтани санг ба дохили манзилҳо ва таҳдидҳо дар мавриди мусодираи амволи ишон сурат гирифт.

Вазъияти саломатии модари 70-солаи Илҳомҷон Ёқубов, ки аз бемории зиқуннафс ранҷ мебарад, пас аз таҳдидҳову сангборони манзил тавассути “тазоҳургарон” вахим шуд. Таҳдидҳои мақомоти амниятӣ ба бастагони Илҳомҷон рӯз то рӯз шиддат гирифт ва кор то ҷое расид, ки 15 нафар аз бастагонаш маҷбур ба тарки кишвар шуданд.

Мақомоти амниятӣ ба фишору таъқиб иктифо накарда, ба мусодираи амвол ва манзилҳои наздикони ӯ шуруъ карданд. Рӯзи 12-уми октябри соли 2016 шаш нафар бо либосҳои мулкӣ вориди манзили модараш (дар суроғаи хонаи 13, квартали 40, маҳаллаи “Чашма-3, шаҳри Хуҷанд) гардида, манзилро наворбардорӣ карда, дари манзил муҳр мезананд.

Ҳамон рӯз (12 октябр) як идда аз афрод бо либосҳои мулкӣ ба манзили хоҳараш воқеъ дар кӯчаи Шерматоваи маҳаллаи “Чашма-3” ворид гашта, онро низ муҳр мезананд. Як рӯз баъд, яъне 13 октябр, як гурӯҳ аз мақомот ба квартираи воқеъ дар суроғаи ш. Хуҷанд маҳаллаи 34 хонаи 1 ҳуҷраи 72 , ки худи Илҳомҷон онҷо зиндагӣ мекарду беш аз якуним сол аст ки дар он касе зиндагӣ намекунад ва дар номи модараш сабт аст, қулфҳои дарро шикаста, амволе ки барояшон маъқул буд, ғорат карданд ва сипас бар дари он муҳр заданд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дуст муроҷиат карда, мехоҳем:

1. Ба ҳукумати ҶТ фишор оваранд, то аз чунин амалҳои ғайриқонунӣ мисли фишор ва мусодираи амвол ба хотири ширкат дар як конфронси байналмилалӣ даст кашад;

2. Ҳукумати Тоҷикистонро водор кунанд, ки истифодаи бастагону наздикон ҳамчун гаравгон ва ба унвони василаи фишор болои мухолифони худро қатъ намояд.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ

28.10.2016



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: