Темур Варқӣ: “Муҳандиси истиқлоли Тоҷикистон Устод Тоҳири Абдуҷаббор аст”

Темур Варқӣ бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон ҳанӯз ду сол пеш аз таъйини Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як кишвари мустақил эълон шуда буд, гуфт: “Пушти касби истиқлоли кишвар, дар воқеъ шодравон Устод Тоҳир Абдуҷаббор, намояндаи порлумон ва поягузори Ҷунбиши “Растохез” меистад, дар ҳоле ки Раҳмонов дар он замон, ки узви ҳизби кумунист буд, ба шиддат мухолифи эълони истиқлол ва яке аз ҳомиёни ГКЧП буд. Дар воқеъ ин Устод Тоҳири Абдуҷаббор аст, ки ба унвони муҳандиси истиқлоли Тоҷикистон ва муаллифи нахустин лоиҳаи қонуни асосии кишвар шинохта мешавад.”

Темур Варқӣ, коршиноси масоили сиёсии тоҷики муқими Фаронса, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи русии “Независимая газета”, бо баёни ин ки режими кунунии Тоҷикистонро тарсу ҳарос фаро гирифтааст, гуфт: “Ҳамин тарсу ҳарос аст, ки онҳоро водор ба тасвибу қабули қонунҳои изофӣ мекунанд; қонунҳое, ки тазминкунандаи масунияти раисиҷумҳур (аз ҳар навъ таъқиби қонунӣ) баъд аз канор рафтан аз мақоми риёсати ҷумҳурӣ то охири умраш мебошад. Раиси давлат бо имзои якчунин қавонин, дар воқеъ ҷиноятҳои анҷомдодаашро таъйид кардааст ва ҳатто онҳое, ки ҷинояти давлатӣ маҳсуб меоянд, аз қабили вогузории бахше аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин бидуни ризояти мардум ва нақзи мукаррари қонуни асосии кишвар ва ғайра.”

Варқӣ афзуд: “Раисиҷумҳур имкони ҳар навъ тавофуқ ва мусолиҳаро аз байн бурда, ва аз ҳама муҳим, ӯ тавофуқнома дар бораи истиқрори сулҳ ва вифоқи миллиро зери пой гузошта; тавофуқномае, ки баъд аз ҷанги шарҳвандӣ ба имзои тарафайни мунозъеа расида буд.”

Ин коршиноси тоҷик, бо баёни ин ки “чунин инсоне ҳеч гоҳ наметавонад асосгузори истиқлоли Тоҷикистон шумурда шавад” таъкид кард: “Зери эъломия дар бораи истиқлоли Тоҷикистон имзои Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд надорад.”

Варқӣ дар идома, бо таъкид бар ин ки Тоҷикистон ҳанӯз ду сол пеш аз таъйини Эмомалӣ Раҳмонов (ҳоло, Эмомалӣ Раҳмон) ба унвони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як кишвари мустақил эълон шудааст, афзуд: “Пушти касби истиқлоли кишвар, дар воқеъ шодравон Устод Тоҳир Абдуҷаббор, намояндаи порлумон ва поягузори Ҷунбиши “Растохез” меистад, дар ҳоле ки Раҳмонов дар он замон, ки узви ҳизби кумунист буд, ба шиддат мухолифи эълони истиқлол ва яке аз ҳомиёни ГКЧП буд. Дар воқеъ ин Устод Тоҳири Абдуҷаббор аст, ки ба унвони муҳандиси истиқлоли Тоҷикистон ва муаллифи нахустин лоиҳаи қонуни асосии кишвар шинохта мешавад.”

Варқӣ ҳамчунин хотирнишон кард, ки имтиёзи нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон шодравон Қаҳҳор Махкамов дар ин буд, ки ӯ фақат бо ҳуқуқи намояндагиаш дар порлумон зиндагӣ мекард ва бо мошине, ки барояш эҳдо шуда буд инҷову онҷо сафар мекард ва ҳаргиз муҳофиз ва иқоматгоҳҳои вижа надошт.

Гуфтанист, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар 26-уми октябр лоиҳаи қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои Миллат”–ро дар таҳрири нав қабул намуд. Ба гузориши хабаргузории Озодагон, Эмомалӣ Насриддинзода, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, бар асоси тағйироте, ки ба қонун дар бораи Пешвои Миллат ворид гардид, Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони мустақил эълон гардид. Ҳамчунин бар асоси тағйироти нав, Пешвои Миллат аз бархе имтиёзҳои дигар бархӯрдор гардид. Аз ҷумла дар назар аст, ки барои Пешво дар тамоми маҷлисҳо ҷойи ифтихорӣ фароҳам гардад. Қонуни нав ҳамчунин ташкили Фонд, орден ва ҷоизаи Пешвои Миллатро пешбинӣ намудааст.



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: