Эъломи ҳолати фавқулъода дар Ҷиддаи Арабистон

Артиши Яман эълом кард: “Арабистони Саудӣ ба ғалат аз равона шудани мушакҳои яманӣ ба самти Макка сухан мегӯяд, зеро мақсади мушакҳои артиши Яман фурудгоҳи низомии Ҷидда буд; фурудгоҳе, ки ҳамарӯза аз он ҳавопаймоҳои ҷангии саудӣ барои бомбборони мардуми бегуноҳ, равонаи Яман мешаванд.”

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, манобеъи низомии Яман хабар доданд, ки ба дунболи шиллики мушаки “Буркон-1” ва исобати он ба фурудгоҳи “Малик Абдулазиз”-и Ҷидда, дар ин шаҳр ҳолати омодабош эълом шудааст.

Бар асоси ин гузориш, тамоми хиёбонҳои мунтаҳӣ ба фурудгоҳи “Малик Абдулазиз” масдуд шуда ва касе иҷозаи наздик шудан ба фурудгоҳро надорад.

Манобеъи низомии Яман эълом карданд, ки шаби гузашта воҳиди мушакии артиши Яман як фарванд мушаки болистик аз навъи “Буркон-1” ба самти фурудгоҳи низомии “Малик Абдулазиз” шиллик карданд.

Як манбаъи низомӣ ба ин хабаргузорӣ унвон кард, ки мушак бо диққат ба ҳадафи худ исобат карда ва хасоратҳои зиёдеро ба фурудгоҳи “Малик Абдулазиз” ворид кардааст.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи арабистонӣ хабар доданд, ки як фарванд мушаки болистики яманӣ дар фосилаи 65 километрии Макка раҳгирӣ ва мунҳадим шудааст.

Артиши Яман ёдовар шудааст, манобеъи саудӣ бо тағйири хабар ва иваз кардани макони исобати мушак аз Ҷидда ба шаҳри муқаддаси Макка, қасд доранд, то афкори умумии ҷаҳони исломро алайҳи артиш ва кумитаҳои мардумии Яман таҳрик кунанд.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: