Кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ – Адолат

Саъдӣ дар замоне ки суннати адаби форсӣ василаи касби ному нон ва ҳаҷви ину он аст ва зӯрмандони тиҳӣ аз дониш ба қасоиди баланди мадҳу ситоиш хӯ гирифта будаанд, бо ҳақгӯӣ тавоноёни асри худро дарси раҳбарӣ медиҳад.

Нахустин боби “Гулистон”, ки дар сирати подшоҳон аст, ва ҳамчунин боби аввали “Бӯстон”, ки дар заминаи ҳуш ва тадбир ва раъй сухан рафта, ойини мамлакатдории вижае пешниҳод мекунад. Посдорӣ, рифоҳи мардум, таъмини амният, тадобири ҷалби мусофир ва ҷаҳонгард, назорат бар коргузорон, омӯзишҳои шуғлӣ, додварзӣ, ҳақпазирӣ, насиҳатпазирӣ ва ойини ҷанг ва тадбири сипоҳро ба равшанӣ баён ва бо овардани достонҳои муносиб, матолибро расотар мекунад. Насиҳатҳои Саъдӣ барои ҳокимони имрӯз низ беҳтарин роҳнамо ва дастуруламал аст.

Дар чанд мақола дар бораи кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ хоҳем пардохт:

Риояти адолат ва додгарӣ

Асоси олами матлуби Саъдӣ, адолат аст ва додгустарӣ, ё ба таъбири ӯ, “нигаҳбонии халқ ва тарси Худой”. Ба ҳамин сабаб нахустин ва муҳимтарин боби “Бӯстон”-и худро бад-ин мавзӯъ ихтисос додааст. Вай фармонравоеро меписандад, ки рӯйи ихлос бар даргоҳи Худованд ниҳад, рӯз мардумонро ҳукмгузор бошад ва шаб Худовандро бандаи ҳақгузор. Зеро мӯътақид аст, касе ки аз итоати Худованд сар напечад, ҳеч кас аз ҳукми ӯ гардан нахоҳад печид. Пандҳое аз забони падар ба Ҳурмуз ва насиҳати падар ба Шерӯя низ ба манзилаи замина ва тарҳест барои падид овардани чунин додпешагӣ:

Шунидам, ки дар вақти назъи равон,

Ба Ҳурмуз чунин гуфт Нӯшервон,

Ки: “Хотирнигаҳдори дарвеш бош!

На дар банди осоиши хеш бош!..

Харобиву бадномӣ ояд зи ҷавр,

Расад пешбин ин суханро ба ғавр.

* * *

Шунидам, ки Хисрав ба Шерӯя гуфт

Дар он дам, ки чашм аз ҷаҳон менухуфт:

“Бар он бош то ҳар чи ният кунӣ,

Назар дар салоҳи раъият кунӣ.

Мапеч, эй писар, гардан аз адлу рой,

Ки мардум зи дастат напечанд пой.

Гурезад раъият зи бедодгар,

Кунад номи зишташ ба гетӣ самар.”…

Аз он баҳравартар дар офоқ кист,

Ки дар мулкронӣ ба инсоф зист?!..

(Бӯстон, боби 1, с.212-211)

Бад-ин тартиб Саъдӣ пешрафти ҳукуматро маттакӣ бар пайванд бо мардум медонад. Барои истиқрори адолат, ба ақидаи ӯ роҳ он аст, ки дар ҳар кор салоҳи раъият дар назар гирифта шавад. Ашхоси Худотарсро бар мардум бигуморанд ва ба касе ки мардум аз онон дар ранҷанд, коре наспоранд. Пирӯзӣ дар он аст, ки мардум розӣ бошанд ва хушдил.

Дар ҷаҳони матлуби Саъдӣ, ситам ва бедод мазмум аст, аз ин рӯ кайфар додан ба омили зулмдӯст бар фармонраво воҷиб менамояд. Дар вилояте, ки роҳзанон қудрат ёбанд, лашкариёнро муқассир медонад ва масъул.

Дар мадинаи фозилаи Саъдӣ риояти хотири ғарибон низ ба ҳамон нисбат воҷиб аст, ки адои ҳаққи мардуми бумӣ. Бесабаб нест, ки аз забони марде дар барру баҳр сафаркарда ва милали мухталиф озмуда ва донишомӯхта, беҳтарин сифати шаҳреро осудадилии мардуми онҷо мешуморад. Ҷаҳондории мувофиқи шариат, матлуби Саъдӣ аст ва куштани бадкоронро ба фатвои шаръ раво медонад.

Ҳар қадр додгарӣ дар ҷаҳони андешаи Саъдӣ матлуб аст ва судманд, бедод зишт аст ва зиёнхез. Ҷомеаи адолатпешае, ки Саъдӣ орзуманд аст, вақте инсонитар ҷилва мекунад, ки оқибати бедодгарӣ дар назар гирифта шавад. Аз ин рӯ гоҳ аз сарнавишти ду бародар сухан меравад: яке одил ва дигаре золим, ки аввалӣ пас аз марги падар ба воситаи адлу шафқат дар ҷаҳон номвар шуд ва дигарӣ ситам варзид ва душман бар ӯ даст ёфт:

Шунидам, ки дар марзе аз Бохтар,

Бародар ду буданд аз як падар…

Муқаррар шуд он мамлакат бар ду шоҳ,

Ки беҳадду мар буд ганҷу сипоҳ.

Ба ҳукми назар, дар беҳ афтод хеш

Гирифтанд ҳар як яке роҳ пеш:

Яке адл, то номи некӯ барад;

Яке зулм, то мол гирд оварад;

Яке отифат сирати хеш кард,

Дирам доду темори дарвеш кард…

Бино карду нон доду лашкар навохт,

Шаб аз баҳри дарвеш шабхона сохт…

Дигар хост, к-афзун кунад тахту тоҷ,

Бияфзуд бар марди деҳқон хироҷ…

Чу иқболаш аз дӯстӣ сар битофт,

Ба ногоҳ душман бар ӯ даст ёфт…

(Бӯстон, боби 1, с.231-230)

Дар “Бӯстон” ҳар чиз мӯҷиби ҳушёрӣ аст ва интибоҳ, хосса аз таҳаввулу интиқоли ҳишмату неъмати фаровон ёд мешавад. Ҷое каллае бо марде дар сухан аст, ки ман рӯзе фармондеҳӣ доштам:

Шунидам, ки як бор дар ҳаллае,

Сухан гуфт бо обиде каллае,

Ки: “Ман фарри фармондиҳӣ доштам,

Ба сар бар кулоҳи меҳӣ доштам.

Сипеҳр мадад карду нусрат вифоқ,

Гирифтам ба бозуи давлат Ироқ.

Тамаъ карда будам, ки Кирмон хӯрам,

Ки ногаҳ бихӯрданд кирмон сарм.”

(Бӯстон, боби 1, с.233)

Додгарии подшоҳ бояд ба он ҳад бошад, ки тамоми замин дар сояи ӯ эҳсоси амният кунад, ва ин амр мумкин нест магар бо “сар бар остонаи Ҳақ” гузоштан ба ҳангоми шаб ва ҷаҳондории одилона ба ҳангоми рӯз.

Саъдӣ дар ҷаҳони идеоли худ сираи ҳукмронии касонеро меситояд, ки ҳама ба зердастон меандешанд ва риояти ҷониби онон. Чунонки аз фармондеҳии додгаре ёд мекунад, ки ҳамеша қабои содда дошт ва беш аз ҳар чиз ба фикри осоиши дигарон буд:

Шунидам, ки фармондеҳе додгар

Қабо доштӣ ҳар ду рӯ остар.

Яке гуфташ: “Эй хисрави некрӯз,

Зи дебои чинӣ қабое бидӯз!”

Бигуфт: “Ин қадр сатру осоишаст

Ва з-ин бигзарӣ зебу ороишаст.”

(Бӯстон, боби 1, .221)

Ё Умар ибни Абдулазиз, ки дар хушксолӣ нигини гаронбаҳои ангуштарии худро фурӯхт ва баҳояшро “ба дарвеш ва мискин ва мӯҳтоҷ дод.”

Яке аз бузургони аҳли тамиз,

Ҳикоят кунад з-ибни Абдулазиз,

Ки будаш нигине дар ангуштарӣ,

Фурӯ монда дар қиматаш Муштарӣ…

Қазоро даромад яке хушксол,

Ки шуд бадри симои мардум ҳилол…

Бифармуд, бифрӯхтандаш ба сим,

Ки раҳм омадаш бар фақиру ятим.

Ба як ҳафта нақдаш ба тороҷ дод,

Ба дарвешу мискину мӯҳтоҷ дод…

(Бӯстон, боби 1, с.224)

Дар китоби “Насиҳатул-мулук” низ суханоне дар мавриди адл зикр шуда аз ҷумла: “Ҳокими одил ба мисоли девори муҳкам аст, ҳар гаҳ ки ба ситам майл кунад, бидон, ки рӯй дар харобӣ дорад.”

Подшоҳе, ки адл накунад ва некномӣ таваққӯъ дорад, бад-он монад, ки ҷав ҳамекорад ва умеди гандум дорад.” Ҳамчунин Ардашер мегуфт: “Шоҳ бояд доди бисёр кунад, ки дод мояи ҳамаи хубиҳост ва монеъи завол ва парокандагии мулк аст ва нахустин осори заволи мулк ин аст, ки дод намонад ва чун парчами ситам ба диёри қавме биҷунбад, шоҳини дод бо он муқобила кунад ва онро вопас занад.”

Идома дорад

Манбаъ: Доиратулмаорифи Таҳур



Рубрики:Ахлоқи писандида, Барномаи зиндагӣ, Достон ва ҳикоёт

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: