Намунае аз тафсири моддигароёна аз андешаи Ҳофиз

Гуфторе аз Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ

Яке аз шоирони ба истилоҳ навпардоз, девони Лисонулғайб Хоҷа Шамсуддин Ҳофизи Шерозиро бо як силсила истилоҳот, ки достони “Шадурустно” (1)-ро ба ёд меоварад ба чоп расонида ва муқаддимае бар он навиштааст. Муқаддимаи хешро инчунин оғоз мекунад:

Ба ростӣ, кист ин қаландари як лоқбои (2) куфргӯ, ки дар ториктарин адвори султаи риёкорони зуҳдфурӯш, дар ноҳори бозори зуҳднамоён як тана ваъдаи растохезро инкор мекунад, Худоро ишқ ва шайтонро ақл мехонад ва шилангандоз (3) ва дастафшон мегузарад, ки:

Ин хирқа, ки ман дорам, дар раҳни шароб авло 

В-ин дафтари бемаънӣ ғарқи майи ноб авло. 

… ё тасхирзанон мепурсад:

Чу тифлон то кай, эй зоҳид, фиребӣ, 

Ба себи бӯстону ҷӯйи ширам?

Ва ё ошкоро ба бовар надоштани мавоъиди мазҳабӣ иқрор мекунад, ки филмасал:

Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,

Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?

Ба ростӣ, кист ин марди аҷиб, ки бо ин ҳама, ҳатто дар хонаи қишритарин мардуми ин диёр низ китобашро бо Қуръони Карим ва Маснавӣ дар як тоқча мениҳанд, бе таҳорат даст ба сӯяш намебаранд ва чун ба даст гирифтанд, ҳамчун китоби осмонӣ мебӯсанд ва ба пешонӣ мегузоранд, суруши ғайбиаш медонанд ва сарнавишти аъмолу афъоли худро бо эътимоди тамом бад-ӯ месупоранд? Кист ин “кофир”, ки чунин ба ҳурмат дар саффи пайғамбарон ва авлиёуллоҳаш менишонанд?” (Аҳмади Шомлу: Ҳофизи Шероз, Муқаддима, с.25 ва 26)

* * *

Кист ин мард, ки бо ин ҳама “куфргӯиҳо” ва “инкорҳо” ва “беэътиқодиҳо”, ҳамшогирдиаш дар дарси Хоҷа Қивомуддин Абдуллоҳ, ки девони ӯро пас аз маргаш ҷамъоварӣ кард, аз ӯ ба унвони «Зоти мулки сифот, мавлоно ал-аъзам ас-саъид, ал-марҳум аш-шаҳид, мафхарул-уламо, устоду наҳоририл-удабо, маъдину ал-латоиф ар-руҳония, махзанул-маъориф ас-субҳония” (Ҳофиз, чопи Қазвинӣ, Муқаддима, с.100) ёд мекунад ва иллати муваффақ нашудани худи Ҳофиз ба ҷамъоварии девонашро инчунин тавзеҳ медиҳад:

Ба воситаи муҳофизати дарси Қуръон ва мулозимат бар тақво ва эҳсон ва баҳси кашшоф ва мифтоҳ ва мутолеаи матолеъ ва мисбоҳ ва таҳсили қавонини адаб ва таҷассуси давовини араб, ба ҷамъи аштоти ғазалиёт напардохт.” (Ҳамон китоб, с.106)

Ин кист, ки устодаш алломаи бузург ва муҳаққиқи номдор Мир Сайид Шарифи Гургонӣ “ҳар гоҳ дар маҷлиси дарсаш шеър хонда мешуд, мегуфт, ба ивази ин турраҳот ба фалсафа ва ҳикмат бипардозед, аммо чун Шамсуддин Муҳаммад мерасид, Аллома Гургонӣ мепурсид: бар шумо чӣ илҳом шудааст? Ғазали худро бихонед. Шогирдони Аллома ба вай эътироз мекарданд: ин чӣ розест, ки моро аз сурудани шеър манъ мекунед, вале ба шунидани шеъри Ҳофиз рағбат нишон медиҳед? Ва устод дар посух мегуфт: шеъри Ҳофиз ҳама илҳомот ва ҳадиси қудсӣ ва латоифи ҳикамӣ ва нукоти қуръонӣ аст. (Муқаддимаи Абулқосими Анҷавӣ, ба нақл аз дуктур Муҳаммади Муъин дар китоби “Ҳофизи ширинсухан”)

Ба ростӣ, ин “кофир” кист, ки аз тарафе ҳамаи мавоъиди мазҳабиро инкор мекунад ва аз тарафи дигар мегӯяд:

Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард,

Латоифи ҳикамӣ бо нукоти қуръонӣ.

Ин кист, ки аз тарафе мутобиқи кашфи бузурги ин шоири муосир, пас аз як силсила ҷустуҷӯ ба дунболи ҳақиқат, хаста ва сархӯрда ба фалсафаи “хушбошӣ” ва дамғаниматӣ ва айшпарастӣ рӯ оварда ва аз ғанимат шумурдани фурсат, комҷӯӣ аз умр ва аз даст надодани лаҳза сухан мегӯяд:

Соқиё, сояи абр асту баҳору лаби ҷӯй,

Ман нагӯям чӣ кун ар аҳли дилӣ худ ту бигӯй.

Бӯйи якрангӣ аз ин нақш намеояд, хез,

Далқи олудаи сӯфӣ ба майи ноб бишӯй.

Сифлатабъ аст ҷаҳон бар карамаш такя макун,

Эй ҷаҳондида суботи қадам аз сифла маҷӯй.

Ва билофосила акси инро дастур медиҳад:

Ду насиҳат кунамат бишнаву сад ганҷ бибар,

Аз дари айш дарову ба раҳи айб мапӯй,

Шукри онро, ки дигарбор расидӣ ба баҳор,

Бехи некӣ биншону раҳи таҳқиқ биҷӯй.

Рӯйи ҷонон талабӣ ойинаро қобил соз,

Варна ҳаргиз гулу насрин надамад з-оҳану рӯй.

Ин кист, ки дар як ғазал, аввал мутобиқи назари шоири навпардоз, фалсафаи “хушбошӣ”-ро таблиғ мекунад ва мегӯяд:

Сабо ба таҳнияти пири майфурӯш омад,

Ки мавсими тарабу айшу нозу нӯш омад.

Ҳаво Масеҳнафас гашту бод нофагушой, 

Дарахт сабз шуду мурғ дар хурӯш омад.

Танӯри лола чунон барфурӯхт боди баҳор,

Ки ғунча ғарқи арақ гашту гул ба ҷӯш омад.

Ва баъд як мартаба забони худашро бармегардонад ва айшу ишратро ба гунае дигар таъбир мекунад ва мегӯяд:

Ба гӯши ҳуш ниюш аз ману ба ишрат кӯш, 

Ки ин сухан саҳар аз ҳотифам ба гӯш омад:

“Зи фикри тафриқа боз ой, то шавӣ маҷмӯъ, 

Ба ҳукми он, ки чу шуд аҳриман, суруш омад.”

Охир чӣ иртиботест миёни ҳотифи саҳарӣ ва дастури айшу ишрат? Чӣ иртиботест миёни айшу ишрат ва бозомадан аз фикри тафриқа ва маҷмӯъа шудани хотирот ва тамаркузи зеҳн? Ва чӣ иртиботест миёни бозомадан аз тафриқа ва маҷмӯъ шудан, бо рафтани аҳриман ва омадани суруш?

Оё инҳо як силсила суханони ёва ва берабт нест? Агар инҳоро ёва ва берабт надонем, пас бо кашфи бузурги шоири сутурги муосир чӣ кунем?

Ин кист, ки аз як тараф растохезро инкор мекунад ва аз тарафи дигар “инсон”-ро ба гунае дигар мебинад, дилро “ҷоми Ҷам”, “гавҳаре, ки аз кони ҷаҳони дигар” аст, қатрае, ки “хаёли ҳавсалаи баҳр мепазад”, “шоҳбози сидранишин» мехонад ва ба “инсони қабладдунё” ва “инсони баъдаддунё” мӯътақид аст, дунёро киштзори ҷаҳони дигар муаррифӣ мекунад, дағдағаи “номаи сиёҳ” дорад ва танро ғуборе медонад, ки “ҳиҷоб чеҳраи ҷонаш” шудааст.

Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам аз мо мекард, 

В-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард. 

Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст, 

Талаб аз гумшудагон лаби дарё мекард.

* * *

Гавҳари ҷоми Ҷам аз кони ҷаҳоне дигар аст, 

Ту таманно зи гили кӯзагарон медорӣ.

* * *

Ки эй баландназар шоҳбози сидранишин, 

Нишемани ту на ин кунҷи меҳнатобод аст.

* * *

Корвон рафту ту дар хобу биёбон дар пеш, 

Ваҳ, ки бас бехабар аз ғулғули чандин ҷарасӣ! 

Бол бигшову сафир аз шаҷари Тубо зан, 

Ҳайф бошад чу ту мурғе, ки асири қафасӣ!

* * *

Хаёли ҳавсалаи баҳр мепазад, ҳайҳот, 

Чиҳост дар сари ин қатраи муҳоландеш?

* * *

Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам, 

Хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиганам. 

Чунин қафас на сазои чу ман хушалҳонест, 

Равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам.

* * *

Дар остини чони ту сад нома мудраҷ аст,

В-онро фидои турраи ёре намекунӣ.

* * *

Обрӯ меравад, эй абри хатопӯш, бибор,

Ки ба девони амал номасиёҳ омадаем.

* * *

Аз номаи сиёҳ натарсам, ки рӯзи ҳашр.

Бо файзи лутфи Ӯ сад аз ин нома тай кунам.

* * *

Гавҳари маърифат омӯз, ки бо худ бибарӣ, 

Ки насиби дигарон аст нисоби зару сим.

* * *

Тухми вафову меҳр дар ин кӯҳна киштзор, 

Он гаҳ аён шавад, ки бувад мавсими дарав.

* * *

Мазраъи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав,

Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

Ин “кофир” кист, ки аз тарафе мутобиқи таҳқиқи “амиқ” ва кашфи бузурги шоири сутурги муосир, дар беэътиқодии комил ба сар мебурда ва ҳама чизро нафй ва инкор мекарда, ва аз тарафи дигар дар тӯли шаш қарн мардуми форсизабон аз донову бесавод ӯро дар радифи авлиёуллоҳ шумурдаанд ва худаш ҳам ҷову беҷо сухан аз Худо ва маъод ва инсони мовароӣ овардааст. Мо, ки “кашф”-и ин шоири бузурги муосирро наметавонем нодида бигирем, пас муамморо чӣ гуна ҳал кунем? Оё ҳақиқатан ин оқоён намефаҳманд ё худро ба нафаҳмӣ мезананд? Мақсуд ин аст, ки оё инҳо намефаҳманд, ки Ҳофизро намефаҳманд ва ё мефаҳманд, ки намефаҳманд, вале худро ба нафаҳмӣ мезананд?

Шарти шинохти Ҳофиз, ошноӣ бо ирфони исломӣ

Шинохти касе монанди Ҳофиз он гоҳ муяссар аст, ки фарҳанги Ҳофизро бишносанд ва барои шинохти фарҳанги Ҳофиз, лоақал бояд ирфони исломиро бишносанд ва бо забони ин ирфони густарда ошно бошанд.

Ирфон, гузашта аз ин ки монанди ҳар илми дигар истилоҳоти махсус ба худ дорад, забонаш забони “рамз” аст. Худи урафо дар бархе кутуби худ калиди ин рамзҳоро ба даст додаанд. Бо ошноӣ бо калиди рамзҳо, бисёре аз ибҳомот рафъ мешавад. Инҷо ба унвони мисол, мавзӯеро тарҳ мекунем, ки бо ашъоре, ки шоири бузурги муосир ба унвони санади “илҳоди Ҳофиз” оварда марбут мешавад ва он мавзӯъ “дам» ё “вақт” аст.

Урафо — ва дар ин ҷиҳат ҳукамо низ бо онҳо ҳамақидаанд — мӯътақиданд, ки инсон то дар ин ҷаҳон аст, бояд маротиб ва мароҳили он ҷаҳонро тай кунад, ва ин ояти Қуръон низ мустанади эшон аст:

وَمَن كَانَ فِي هَذِهِ أَعْمَى فَهُوَ فِي الآخِرَةِ أَعْمَى وَأَضَلُّ سَبِيلًا

Ва ҳар ки дар ин дунё кӯр (кӯрдил) бошад, дар охират ҳам кӯр ва гумроҳтар хоҳад буд.” (Исро/ 72) Маҳол аст, ки инсон дар ин ҷаҳон чашми ҳақиқатбинаш боз нашуда бошад ва дар он ҷаҳон бозгардад. Он чӣ ба номи “лиқоуллоҳ” (дидори Худо) дар Қуръони Карим омадааст, бояд дар ҳамин ҷаҳон таҳсил гардад. Инки зоҳидон ва мутаъаббидони қишрӣ мепиндоранд, ки бо анҷоми як силсила аъмоли зоҳирӣ, бидуни ин ки нафс дар ин ҷаҳон атвори худро тай карда бошад, метавон ба ҷивори қурби илоҳӣ расид, хаёли хом ва ваъдаи «насия»-и шайтонӣ аст. Фахруддини Розӣ дар як рубоӣ чунин мегӯяд:

Тарсам биравам, олами ҷон нодида,

Берун равам аз ҷаҳон, ҷаҳон нодида.

Дар олами ҷон чун равам аз олами тан?

Дар олами тан, олами ҷон нодида.

Ориф, ки ҳамвора бо забони танз зоҳидро мавриди маломат қарор медиҳад ва аз «нақд» дам мезанад ва “насия”-ро беэътибор мешуморад, ин ҳақиқатро мегӯяд. Агар Ҳофиз мегӯяд:

Ман, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,

Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?

… чунин манзуре дорад ва бо ашъори дигараш мунофот надорад. Баъзе пиндоштаанд, Ҳофиз таноқузгӯӣ мекунад ва ё дар як давра як ҷур ақида дошта ва дар давраи дигар ҷури дигар ва як гардиши 180 дараҷаӣ кардааст. Баъзе дигар поро аз ин ҳам болотар гузошта ва муддаъӣ шудаанд, Ҳофиз дар ҳар шабонарӯз як бор тағйири ақида медодааст; сари шаб ба айшу нӯш ва бодагусорӣ ва содабозӣ машғул буда ва саҳаргоҳ яксара ба дуову ниёиш ва тавбаву иноба мепардохтааст, чун ба ҳамон андоза, ки дар бораи бодаву сода сухан гуфтааст, аз саҳархезӣ ва гиряи саҳарӣ сухан гуфтааст.

Касоне, ки мафҳуми айши Ҳофизро ба «хушбошӣ» ва ба истилоҳ ба epicureanism (эпикуреизм) тавҷеҳ мекунанд, ин байтро чӣ гуна тафсир мекунанд:

Намебинам нишоти айш дар кас,

На дармони диле, на дарди дине.

Ё мегӯяд:

Ишрат кунем в-арна, ба ҳасрат кушандамон 

Рӯзе ки рахти ҷон ба ҷаҳони дигар кашем.

“Дам” ё “вақт”, ки ориф бояд онро муғтанам шуморад, танҳо ин нест, ки кори имрӯзро ба фардо наяфканад, балки ҳар солике дар ҳар дараҷа ва мартибае, ки ҳаст, “вақт” ва “дами” махсус ба худ дорад. Ҳофиз мегӯяд:

Ман агар бода хурам в-ар на, чӣ корам бо кас,

Ҳофизи рози худу орифи вақти хешам.

Ё мегӯяд:

Қадри вақт ар нашиносад дилу коре накунад, 

Бас хиҷолат, ки аз ин ҳосили авқот барем.

* * *

Поварақӣ:

(1) Достони “Шадурустно” як латифа аст миёни ба истилоҳ муллобаччаҳо. Достон аз ин қарор аст, ки дар Қуръони Карим иборате ҳаст: “Шағалатно амволуно ва аҳлуно” (Фатҳ/11) Яъне: “Расидагӣ ба амволамон ва кору бори хонаводаҳоямон моро гирифтор кард.” Гӯянд: фарди камсаводи соддадиле ҳангоми қироати Қуръон вақте ба ин иборати қуръонӣ расид, аз талаффузи “ғалат”, ки дар “шағалатно” ҳаст, такон хӯрд ва гуфт: дар Қуръони Карим, ки “ғалат” надорем, бояд “шадурустно” бошад. Аз он пас, ҳар кас дар масъалае ислоҳ ё тасҳеҳи қиёсӣ ва сарихуд ва нодуруст анҷом диҳад, мегӯянд: “Шадурустно кардааст.”

(2) Як лоқбо, яъне як қабо, ки танҳо як қабои беостар дарбар дорад, ва ё ба маънои сахт фақир ва дарвеш низ омадааст.

(3) Шилангандозӣ, яъне рафтан бо гомҳои баланд.

* * *

Манбаъ: Муртазо Мутаҳҳарӣ, Илали гаройиш ба моддигарӣ, с.15-23.



Рубрики:Ирфони назарӣ, Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: