Дунолд Тромп пирӯз хоҳад шуд?!

Як устоди донишгоҳ дар Омрико, ки аз соли 1984 натоиҷи ҳамаи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишварро ба дурустӣ пешбинӣ кардааст, мӯътақид аст, ки Дунолд Тромп барандаи интихоботи риёсати ҷумҳурии 2016 хоҳад шуд.

Профессор Алан Личман (Allan Lichtman), устоди торих дар донишгоҳи American, ки беш аз 3 даҳа пешбиниҳои дурусте дар бораи натоиҷи интихоботи Омрико доштааст, мегӯяд: “Ба рағми ҳамаи назарсанҷиҳо, ки ҳокӣ аз пештозии Ҳилори Клинтун, номзади Ҳизби демукрот, дар интихоботи Омрикост, аммо ин номзади интихоботӣ қодир нахоҳад шуд Дунолд Тромпро шикаст диҳад, ва барандаи ин давр аз интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико Тромп аст.”

Профессор Личман пеш аз расвоии ифшои навори муколимоти мустаҳҷани Тромп дар бораи занон, дар гуфтугӯе бо рӯзномаи Washington Post ин пешбиниро кардааст, аммо ду рӯз пеш низ вақте хабарнигори Washington Post дар бораи тағйири эҳтимолии пешбинии ӯ ба суроғаш рафт, ҳамчунон бар назари пешини худ исрор карда ва гуфтааст: “Тромп барандаи интихоботи ҳафтаи ояндаи Омрико хоҳад буд.”

Ба навиштаи Washington Post, профессор Личмани 69-сола, ки аз соли 1984 шурӯъ ба пешбинии натоиҷи интихоботи Омрико кардааст, ҳамвора пешбиниҳои муваффақе дошта ва системи ӯ то кунун ҳатто як бор ҳам иштибоҳ накардааст.

Ӯ барои танзими системи пешбинии худ дар бораи натоиҷи интихобот, наздик ба ду даҳа — 1960 то 1980 — таҳқиқ кардааст.

Ба гуфтаи ин профессори торихи Омрико, калиди аслии роҳёбӣ ба Кохи сафед, дар гарави посухи «дуруст ё ғалат» ба 13 суоли калидӣ дар бораи вазъияти ҳизби ҳоким аст. Агар посухи 6 суол – ё бештар — аз ин 13 суол, ба нафъи ҳизби ҳоким набошад, ӯ натиҷа мегирад, ки ҳизби ҳоким бозанда хоҳад буд.

Ӯ бар мабнои ин систем тавонистааст дар 30 соли гузашта натоиҷи ҳамаи интихоботи риёсати ҷумҳуриро ба дурустӣ пешбинӣ кунад.

Ӯ дар мусоҳибаи нахусти худ бо Washington Post, ки дар сентябри гузашта ва пеш аз расвоии навори видеоии Тромп анҷом шуд, бар мабнои ҳамин системи худ пешбинӣ карда буд, ки ҳизби ҳокими демукрот ва номзади ин ҳизб (Ҳилори Клинтун) дар интихоботи 2016 бозанда хоҳад буд.

Ӯ ду рӯз пеш низ дар мусоҳиба бо Washington Post гуфтааст, тағйире дар системи пешбинии ӯ рӯй надода ва ҳамчунон Клинтунро бозандаи интихоботи пеши рӯй медонад. Ӯ гуфтааст, расвоии навори муколимоти Тромп таъсире дар тағйири натоиҷи суолоти бунёдини ӯ надоштааст.

Личман дар моҳи сентябр гуфта буд, Ҳизби демукрот ҳоизи 6 натиҷаи манфӣ аз маҷмӯаи 13 пурсиши ӯст, ва бинобар ин бозандаи интихобот хоҳад буд.

Ӯ суоли шашумро вазъияти ҳизби севвум (Ҳизби либерол) донистааст. Аз назари ин профессори омрикоӣ, орои Ҳизби либерол дар ин марҳила аз интихоботи Омрико ба болотарин ҳадди худ хоҳад расид ва Гери Ҷонсун (Gary Johnson), номзади ин ҳизб, хоҳад тавонист дастикам 5 дарсад аз оро — ё бештар -ро ба даст оварад. Ва ин масъала комилан ба зарари Ҳизби демукрот хоҳад буд.

Албатта ин профессори омрикоӣ «хатонопазирии» пешбинии худ дар ин давра аз интихоботи Омрикоро машрут ба ду омил донистааст:

1. Раъйи 5 дарсадӣ – ё бештари — номзади ҳизби севвум (Ҳизби либерол) дар интихоботи 8 ноябр 2016;

2. Қобилиятҳои шахсии Дунолд Тромп дар рӯзҳои боқимонда ба интихобот. Дар ин бора ин профессори омрикоӣ мӯътақид аст, ки аз замони интихоби Оброҳом Линколн дар соли 1860, торихи интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико шоҳиди вазъияти кунунӣ набудааст. Номзаде, ки ба таври бесобиқае аз назари расонаҳо ва бахши қобили мулоҳизае аз афкори умумии Омрико хатарнок ва мухарриб ёд мешавад.

Ӯ мӯътақид аст, ин давра аз интихоботи риёсати ҷумҳурии Омрико вижагиҳое дорад, ки метавонад марзҳои табиии сиёсат дар Омрикоро бишканад ва ба ҳамин хотир ӯ ду пешшартро барои таҳаққуқи пешбинии худ қоил шуда ва мӯътақид аст, интихоботи оянда ин қобилиятро дорад, ки натиҷаи ғайримунтазира ба ҳамроҳ дошта бошад.



Рубрики:Сиёсат

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: