Зарурати ибодат аз назари Ибни Сино

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р) дар намати 9-уми китоби арзишманди “Ишорот ва танбеҳот”-и худ, онҷо, ки дар бораи зарурати нубувват ва паёмбарӣ сухан ба миён меоварад, мегӯяд:

لما لم يكن الإنسان بحيث يستقل وحده بأمر نفسه الا بمشاركة آخر من بني جنسه، وبمعاوضة ومعارضة تجريان بينهما يفرغ كل واحد منهما لصاحبه عن مهم لو تولاه بنفسه لازدحم على الواحد كثير، وكان مما يتعسر إن أمكن وجب أن يكون بين الناس معاملة وعدل يحفظه شرع يفرضه شارع متميز باستحقاق الطاعة لاختصاصه بآيات تدل على أنها من عند ربه، ووجب أن يكون للمحسن و المسي‌ء جزاء من عند القدير الخبير، فوجب معرفة المجازي و الشارع… ففرضت عليهم العبادة المذكرة للمعبود، وكررت عليهم ليستحفظ التذكير بالتكرير حتى استمرت الدعوة إلى العدل المقيم لحياة النوع

Тарҷума: “Чун инсон ба танҳоӣ қодир ба гардондани тамоми умури худ нест, магар бо мушорикати ҳамнавъони хеш аз фарзандони башар ва бо доду ситад бо онон, ки ҳар як аз эшон қисме аз корҳоро анҷом медиҳад (яке нонвой аст, яке харрот, яке муҳандис, яке муаллим, як банно ва ғайра…) – корҳое, ки як нафар қодир ба ӯҳда гирифтани ҳамаи онҳо нест – аз ин рӯй, муъомила ва доду ситад миёни мардумон зарурат пайдо мекунад (ва хулоса, як зиндагии иҷтимоӣ пеш меояд, ва чун дар зиндагии иҷтимоӣ тазоҳум ҳаст), пас бояд адолат муроъот шавад (ва ҳеч кас пойи худро фаротар аз гилемаш дароз накунад ва ҳуқуқи ҳамагон яксон риоят шавад). Аз ин ҷо, ниёз пайдо мешавад ба шаръ (қонун), ки нигаҳбони адолат аст. Ва ин қонун бояд аз сӯйи шореъе (қонунгузоре) бошад, ки шоистаи фармонбардорист; касе ки дорои нишонаҳо ва оятҳоест, ки далолат доранд, ки он чӣ мегӯяд, аз сӯйи Худост. Ба илова, барои некӯкор дар ҷомеа подош дода шуда ва бадкор муҷозот бишавад. (Яъне зарурати вуҷуди қувваи қазоия)… Ва (барои тазмини иҷрои адолат дар ҷомеа, илова бар қонун) ҳамчунин ибодат бар шаҳрвандон фарз мегардад, то барояшон маъбудашонро ёдовар шавад, ва ин ибодат ба сурати мукаррар бар эшон фарз мегардад, то даъвати мардумон ба сӯйи пойбандӣ ба адолат истимрор пайдо карда ва зиндагии навъи инсон пойбарҷо бимонад…” (Ишорот ва танбеҳот, ҷ.1, с.144)

Абӯалӣ ибни Сино, ин файласуфи бузурги исломӣ, дар инҷо вориди ин масъала мешавад, ки инсон табиатан маданӣ аст, яъне ба танҳоӣ қодир ба идомаи зиндагӣ нест. Баъд вориди масъалаи ибодат мешавад. Мегӯяд, барои зиндагии иҷтимоии башар, зарурат дорад, ки башар Худои худашро бишносад ва пас аз шиносоӣ, мутаваҷҷеҳ бишавад, ки аз ҷониби он Худо қонуни одилонае барои зиндагии башар вуҷуд дорад ва боз воҷиб ва лозим аст ибодат вуҷуд дошта бошад. Ибодат ҳам такрор бишавад, то ҳамеша инсон ёдаш бошад, ки банда аст ва Худое дорад.

Вақте ки ин тазаккур ва талқин дар руҳаш вуҷуд дошт, ҷилави маъсият ва гуноҳи ӯро мегирад. Мехоҳад зулм кунад, намоз меояд ҷилави чашмаш муҷассам мешавад ва мегӯяд, ту, ки эъломи убудият кардӣ, ту, ки гуфтӣ ман раҳо нестам, пас чаро мехоҳӣ зулм кунӣ? Яъне, чизе болотар аз як қонун. Қонуне дарунӣ, ки инсонро водор ба пойбандӣ ба риояти адолат мекунад. Ӯ ҳатто агар пулисе ҳам набошад, даст ба дуздӣ нахоҳад ёзид, зеро медонад дуздӣ маъсият ва гуноҳ аст ва бояд пеши Худо посухгӯ бошад.

Ин ки мегӯяд: “Ҳамчунин ибодат бар шаҳрвандон фарз мегардад, то барояшон маъбудашонро ёдовар шавад, ва ин ибодат ба сурати мукаррар бар эшон фарз мегардад”, мехоҳад бигӯяд, ба ин ҷиҳат ибодат воҷиб шудааст, то дар руҳи инсон чунин нерӯе пайдо бишавад, ки монеъ аз анҷоми гуноҳ кардан бигардад.

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: