Шарҳи Маснавӣ (136)

Ҳам дар баёни макри харгӯш (5)

* * *

Сурат аз бесуратӣ омад бурун,

Боз шуд, к-“инно илайҳи роҷиъун.”

Суратҳои ҷаҳон ҳама аз олами бесуратӣ падид омадааст. Яъне ҳамаи ин мавҷудот аз ҳазрати худовандӣ ва зоти бечуну номутаъайини ӯ сар баровардаанд ва дубора ба сӯйи ӯ бозраванд.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба қисмате аз ояти 156 сураи Бақара:

إِنَّا لِلّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعونَ

Мо аз Худоем ва ба сӯйи ӯ бозравем.”

Пас туро ҳар лаҳза маргу раҷъатест,

Мустафо фармуд: “Дунё соатест.”

Пас ту ҳар лаҳза дучори маргу бозгашт ҳастӣ, яъне мудом дар ҳоли фано шудан ва бақо ёфтанӣ; чунон ки ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармояд:

الدنيا ساعة فاجعلها طاعة

Дунё лаҳзае аст, пас онро дар роҳи тоат ва ибодат сарф кун!

Нукта: Ин байт ва чанд байти баъдӣ баёне аст аз қоъидаи маъруфи “табаддули амсол” ва ё “таҷаддуди амсол”. Сӯфия ва урафо ва ҳукамои ишроқӣ ин қоъидаро пазируфтаанд ва онро бар саросари ҷаҳони ҳастӣ ва ҳамаи мавҷудот ва мумкинот сорӣ ва ҷорӣ донистаанд. Бад-ин маънӣ, ки ҳамаи ҷаҳони ҳастӣ ҳар лаҳза ва дар ҳар он, дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст ва ҳеч чиз дар ду лаҳза ба як ҳол намемонад, чунон ки Шайх Маҳмуди Шабистарӣ гӯяд:

Ҷаҳон кулл асту дар ҳар тарфатулайн

Адам гардад “ва ло ябқо замонайн”.

Бо таваҷҷӯҳ ба матлаби фавқ, асли “ҳаракати ҷавҳария” низ аз дили қоъидаи “табаддули амсол” баромадааст ва аз шохаҳои он ба шумор меояд.

Зоҳиран маъхази ин ду истилоҳ (табаддули амсол ва ҳаракати ҷавҳария) ояти 61 сураи Воқеъа аст, ки мефармояд:

 عَلَى أَن نُّبَدِّلَ أَمْثَالَكُمْ

(Ва метавонем) амсоли шуморо ба ҷойи шумо қарор диҳем…” Ва низ ояти 15 сураи Қоф:

بَلْ هُمْ فِي لَبْسٍ مِّنْ خَلْقٍ جَدِيدٍ

Балки онон аз офариниши нав дар шубҳаанд.” Ва низ ояти 29 сураи Раҳмон:

كُلَّ يَوْمٍ هُوَ فِي شَأْنٍ

… Ҳақ Таъоло ҳар лаҳза дар коре аст.” (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.387)

Фикри мо тирест аз “Ҳу” дар ҳаво,

Дар ҳаво кай пояд? Ояд то Худо.

Андешаи мо ҳамчун тирест, ки аз боргоҳи Кирдугор дар ҳавои вуҷуд партоб мешавад. Ин тир кай дар ҳаво мемонад? Яъне дар ҳаво намемонад, балки ба сӯйи Худо меояд.

Нукта: Ташбеҳи фикр ба тир аз он ҷиҳат аст, ки тир аз камон ба ҳаракати қасрӣ (ҳаракате мухолифи майли табиии шайъи мутаҳаррик, монанди партоби санг ба тарафи боло) хориҷ мешавад ва дасти тирандоз онро ба ҳаво партоб мекунад ва чун ҳаракати қасрӣ тобеъи миқдори нерӯи мабдаъи қаср ё қосир аст, баночор дер ё зуд аз ҳаракат бозмемонад ва ба замин суқут мекунад, ки гуфтаанд: “Алқасру ло ядуму” (Ҳаракати қасрӣ давом намеёбад). Ҳамчунин муҳаррики аслии олами ҳастӣ ва аз ҷумла фикри башар, машияти илоҳист, пас фикр ва андешаи одамиро Худованд меангезад ва дубора ба сӯйи ӯ бозмегардад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.2, с.440)

Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,

Бехабар аз нав шудан андар бақо.

Ин ҷаҳон дар ҳар чашм баҳам задане дар ҳоли дигаргунӣ ва таҳаввул аст, вале мо аз ин дигаргунӣ бехабарем. Чаро? Барои ин ки сурати ҷаҳон зоҳиран бар ҷойи худ собит ва бетағйир аст. Аз ин рӯ мо гумон мекунем, ки дар ин ҷаҳон тағийре рух намедиҳад.

Нукта: Ин байт низ нозир бар қоъидаи “таҷаддуди амсол” аст, ки пештар зикр шуд. Ба ақидаи Ашоъира (пайравони Имом Абулҳасани Ашъарӣ), ҷаҳон иборат аст аз ҷавҳари воҳиде, ки аърози гуногун бар он ориз мешавад ва ин аъроз доиман дар тағйир аст. Аммо чаро инсон аз тағйироти доимии ҷаҳон бехабар аст? Барои ин ки ин тағйирот бе ҳеч фосилаи замонӣ рух медиҳад. Аз ин рӯ тағйири доимӣ дар хаёли инсон ба сурати собит ва исто ҷилва мекунад. Албатта, назари мактаби фалсафии Мулло Садро ва ҳукамои баъд аз вай ин аст, ки тамоми ҷаҳон, аз ҷавҳару аразаш, доиман дар ҳоли тағйиру таҳаввул аст. Байтҳои баъдӣ ин матлабро равшантар кардааст.

Ҳакими Сабзаворӣ мегӯяд: “Мутакаллимон гӯянд: Алоламу мутағайирун (Ҷаҳон дигаргуна ва мутағайир аст). Ва баъзе ҳукамо дар ҷавоҳири олам яъне аҷсом ва қуво ва табойеъ таҷаддуд ва табаддул қоиланд ва олами табииро яксара ҳодис медонанд. Ва аз калимоти урафост: Ло такрора фит-таҷаллӣ.” (Шарҳи асрор, с.46)

Умр ҳамчун ҷӯй нав-нав мерасад,

Мустамиррӣ менумояд дар ҷасад.

Умр монанди оби ҷӯйбор ҷузъ-ҷузъ дар ҳоли гузор ва тай шудан аст. Ва ҳамин гузори ҷузъ-ҷузъ ва мудом сабаб шуда, ки инсон ба ғалат хаёл кунад, ки ин ҷараён ба сурати хатте мумтад ва мустамир аст.

Нукта: Дар ин ҷаҳон ҳатто як лаҳза сукун вуҷуд надорад. Мо нисбат ба ин ҳаракати сареъ ва дақиқ ва доимӣ, ки ҷаҳонро тоза мекунад, иттилоъе надорем, зеро ҳаракат ҳангоме ки шитоби бештар пайдо кунад, аз он ҷиҳат, ки дарки мо наметавонад нуқоти гусехтаи ҳаракатро аз якдигар ташхис диҳад, лизо онро дар шакли истимрор ва иттисол, ки ба сурати воҳиде дармеояд, эҳсос мекунем ва ҳамин ҷаҳони навро кӯҳна тасаввур мекунем. (Тафсир ва нақду таҳлили Маснавӣ, ҷ.1, с.512-513)

Идома дорад



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: