Фалсафа ва равиши реализм (45)

Илм ва маълум (арзиши маълумот) (18)

Матни китоб:

(Ишора: Шарҳу тавзеҳи матолиби ин матн дар чаҳор қисмати пешин омадааст.)

Посух (-и ишколе, ки пештар дар матн омада буд):

Албатта равшан аст, ки таваҷҷӯҳи ин ишкол ба метофисизм қавитар аст, то ба материализми диалектик; зеро мо дар суханони гузаштаи худ ба ёфтани воқеияти хориҷ филҷумла мултазим шудем, вале онон мултазим набуданд. Ва аз ин рӯй, метавонанд бо талоши нисбатан камтаре аз бунбасти ин ишкол берун оянд, агарчӣ билохира дар бунбастҳои дигаре гир хоҳанд кард.

Донишмандони моддӣ метавонанд бигӯянд:

Назар ба ин ки идрокоти ҳиссии мо хавоссе (хоссиятҳое) ҳастанд, ки моддаи хориҷӣ дар онҳо ба вуҷуд меоварад; ҳамон моддаи хориҷии мутаҳаввили мутакомил, ки ҳамаи аҷзоъаш дар ҳамаи аҷзоъаш муассир ва фоъил мебошад ва асаре, ки мекунад “синтез” ва мавлуди ду тарафи мутақобил ва фоъил ва мунфаъил аст, пас ҳеч гоҳ воқеияти мутлақи худро агар ҳам дошта бошад, наметавонад вориди ҳосса карда ва дар ҳоли итлоқ ва дастнахӯрда нигоҳ дорад, пас мо савоби мутлақ надорем, чунонки хатои мутлақ низ надорем, балки вуҷуди савоб ва хато нисбӣ аст. Ва аз ин назар идроки ҳар ҳосса ҳар гуна анҷом бигирад, бо мулоҳизаи шароити ҳозираи замонӣ ва маконӣ, саҳеҳ ва савоб хоҳад буд. Яъне маҳсуси мавҷуд дар ҳоссаи мо ҳамон аст, ки он аст, агарчӣ ҳамон идрок бо фарзи тағйири шароити замон ва макон, хато буда ва дар фарзи тоза, идрок ва фикри дигаре савоб хоҳад буд.

Ва ҳамчунин дар мавриди воҳид, ҳоссаи мо ҳар чӣ бо аҷзои бештаре аз модда ва шароити бештаре аз замон ва макон мувоҷеҳа ва муқобила кунад, идроки вай саҳеҳтар ва савобтар хоҳад буд.

Пас, “савоб” ба маънии касирулмутобиқа ва “хато” ба маънии касирулмуғойира мебошад. Масалан: мо ҷисмро аз дур кучактар мебинем ва ба ҳасби ҳақиқат низ кучак аст, яъне модда бо шароити замонӣ ва маконии ҳозира, ин сурати кучакро дар ҳоссаи мо эҷод карда. Ва аз наздик, ба воситаи тағйир ёфтани шароити номбурда бузургтар дида мешавад агарчӣ ба ҳасби воқеият, як ҳаҷми воқеии (ғайри) мутаҳаввил дорад, вале ҳеч гоҳ бо ҳаҷми воқеии худ таҳти идрок нахоҳад омад; зеро ҳамаи аҷзоъ ва шароити ғайримаҳдуд ва мутаҳаввили моддӣ дар вай дахиланд ва ҳеч гоҳ “ҳамаи ҷаҳон ба иловаи чашм” дар чашм нахоҳад гунҷид.

Ва аз ин рӯй метавон эҳтимол дод, ки ҳавосси соири ҷонварони зинда, дар идрок, бо ҳавосси мо мухолиф буда бошад, чунонки бархе озмоишҳо дар бархе аз онҳо ин назарро таъйид менамояд.

Ва ҳамчунин метавон эҳтимол дод, ки агар чунончӣ мо дар ғайри ин замин зиндагӣ мекардем, идрокоти бадеҳии худро ба хилофи кунунӣ анҷом медодем. Масалан, 2×2-ро мусовии 3 меёфтем чунонки инҷо мусовии 4 меёбем ва чунонки дар ҳаминҷо низ гоҳе мусовии 1 масалан мебинем, чунонки агар мо ва мудракоти чаҳоргонаи мо дар рӯйи як хатти мустақим қарор бигирем, ҳамон вазъ пеш меояд. Ва назири ин баён, ки дар ҳисс гуфта шуд, дар мавриди фикр низ ҷорӣ аст ва аз ин баён ҳусули натиҷаҳои зерин равшан аст:

1. Ҳақиқат ғайр аз воқеият аст;

2. Саҳеҳи мутлақ ва ҳамчунин ғалати мутлақ надорем, балки саҳеҳ он аст, ки бо аҷзоъи — нисбатан — бештаре аз модда вифқ диҳад ва ғалат ба акси он;

3. Ҳар ҳақиқате, ки фарз шавад, як фарзияи қобили тағйир аст, ки таҳти ҳукумати таҳаввулу такомули умумӣ рӯзе ҷойи худро ба фарзияи дигаре беҳтар аз худ хоҳад дод, ва аз ин рӯй бояд аз бадеҳиёти шашгонаи мантиқи кӯҳна пӯзиш хоста ва даст ба домани диалектик зад, ки асоси худро рӯйи таҳаввул ва такомули умумии воқеияти модда мустақар сохтааст.

Хӯрдагирӣ:

Ин аст хулосаи назари донишмандони моддии таҳаввулӣ, ва ин назар гузашта аз ду ишколи асосӣ, ки дар мақолаи гузашта ворид кардем (1. Ишколи лузуми идеализм 2. Ишколи адами интибоқи хоссиятҳои модда ба мавриди идрок), ишколи севвуме низ дорад. Ва он ин аст, ки натиҷаҳое, ки аз ин баён гирифта мешавад, бо худи баён созгор нест; зеро натиҷаи дуввумӣ (саҳеҳи мутлақ надорем ва ғалати мутлақ надорем) худаш ба унвони саҳеҳи мутлақ гирифта мешавад, чӣ, агар ин қазияро саҳеҳи нисбӣ бигирем, саҳеҳи мутлақро исбот хоҳад намуд.

Ва ҳамчунин, натиҷаи севвумӣ (фикри бадеҳӣ надорем, ё илми собити ғайри мутағайир надорем) худаш ба унвони як фикри собит ва ғайри мутағайир натиҷа гирифта шуда, вагарна қаҳран як илми собити ғайри мутағайирро мусталзим хоҳад буд; зеро дар ин сурат ҳамин қазия (фикри собит надорем) бо тағайюр ва табдили худ ҷойи худро ба як қазияи собит ва ғайри мутағайир бояд бидиҳад.

Посухе, ки бо усули фалсафаи мовароуттабиа (метафизик) ба ишкол метавон дод:

Чунонки мо дар миёни умури хориҷӣ нисбате ё ҳоле ба номи “мутобиқат” ва “адами мутобиқат” мебинем — монанди ин ки як метр тӯл мутобиқ аст бо як метр тӯл, вале ин ҳол миёни як метр тӯл ва нуқтаи ҳандасӣ, ки ҳеч гуна имтидод надорад мавҷуд нест — дар миёни афкор ва идрокот низ ҳоле назири ин ҳол бетардид мебинем, чунонки қазияи “чаҳор аз се бузургтар аст” бо хориҷи модда вифқ медиҳад, вале қазияи “се аз чаҳор бузургтар аст” ин вифқро намедиҳад. Ва фикр ва идрокро ба мулоҳизаи пайдоиши ин ду сифат, “савоб” ва “хато” (ё бо алфози муродиф бо онҳо) меномем. Ва аз ҳамин ҷо равшан мешавад, ки мавриди савоб ва хато се шарти асосиро лозим дорад:

1. Нисбат ва қиёс;

2. Ваҳдат миёни мақис ва мақисун алайҳ;

3. Ҳукм, ки иборат буда бошад аз маънои “ин ӯст”.

Назар ба шарти нахустин, агар як сурати идрокиро танҳо ва муфрад гирифта ва ҳеч гуна нисбате ба чизе надода ва ҳукме накардем, монанди сурати тасаввурии як фарди инсон масалан, савоб ва хатое муҳаққақ нахоҳад шуд. Ва назар ба шарти дуввум, агар қазияро нисбат ба чизе, ки ҳеч гуна ваҳдат ва муҷонисат бо вай надорад бидиҳем, чунонки масалан қазияи “чаҳор бузургтар аз се аст”-ро бо шиша буридани алмос нисбат дода ва бисанҷем, пойи савоб ва хато ба миён нахоҳад омад. Ва назар ба шарти севвум, агар ду чизи қобили татобуқро гирифта, вале ҳукм ба мутобиқат накардем, боз савоб ва хатое пайдо нахоҳад шуд.

Аз ин баён равшан мешавад, ки дар мартибаи ҳисс (пайдоиши асари табиӣ дар ҳосса) хатое нест, зеро ин мартиба воҷиди шароити гуфташуда нест.

Узви ҳискунандаи мавҷуди зинда дар асари тамос ва бархӯрди вижае, ки бо ҷисми хориҷ аз худ пайдо мекунад, аз вай мутаъассир шуда ва чизе аз воқеияти хоссиятҳои ҷисм вориди узв гардидааст ва пас аз тасарруфе, ки узви ҳискунанда бо хоссиятҳои табиии худ дар вай мекунад, асаре пайдо мешавад, ки ба манзилаи маҷмӯае аст (на худи маҷмӯа) мураккаб аз воқеияти хоссаи ҷисм (ва ин ҳамон сухане аст, ки гуфтем ҳавосс ба моҳияти хоссиятҳо ноил мешаванд) ва воқеияти хоссаи узвӣ. Ва дар ин падида ҳеч гуна ҳукме мавҷуд нест ва дар натиҷа савоб ва хатое низ мавҷуд нахоҳад буд. Масалан: чашм дар асари тамоси вижае, ки бо аҷсоми хориҷ мегирад, ашиъае вориди чашм шуда ва бо хоссиятҳои ҳандасӣ ва физикии чашм омезиш ёфта ва дар нуқтаи зард мустақар мегардад, албатта равшан аст, ки дар вай хато ва савобе нест.

Пас аз ин ва дар мартибаи дуввум, қувваи дигаре ҳамин падидаи моддиро идрок мекунад ва албатта ба ҳамон наҳв, ки мустақар шуда бо хоссиятҳои физикӣ ва ҳандасии вай идрок мекунад ва дар миёни аҷзоъи вай ба шумораи нисбатҳое, ки пайдо мешавад, ҳукмҳое аз ҷиҳати бузургӣ ва кучакӣ ва ҷиҳат ва ҳаракат ва ғайра менамояд. Масалан: дар мисоли фавқ рӯшноӣ, ки дар нуқтаи зард устувор шуда, дорои аҷзоъе, ки ҳар як ранги махсусе пайдо карда ва шакли ҳандасии вижае дорад ва нисбате аз қабили бузургӣ ва кучакӣ ва дурӣ ва наздикӣ ва ҷиҳат ва ҳаракат ба вуҷуд оварда идрок мешавад, ва албатта аҳкоме ба шумораи таркиботе, ки аз мудракот ба амал меояд анҷом мегирад: ”ин ҷузъ бузургтар аст аз он ҷузъ” ва “ин сӯйи сурат сафед аст” ва он “сурхӣ дур аст” ва “ин маҷмӯъ мутаҳаррик аст” ва дар ин марҳила агарчӣ ҳукм мавҷуд аст, вале чун татбиқ ва санҷише дар миён нест, боз савоб ва хатое муҳаққақ намешавад.

Ва дар марҳилаи севвум чун қувваи ҳокима, ки ҳукмро ба кор мебандад, дар миёни мудракоти худ ихтилофе мушоҳида мекунад; зеро дар баъзе аз онҳо сарихуд буда ва ба дилхоҳи худ тасаввур метавонад бинамояд ва бархе аз онҳо бо як низоми махсусе пеш меоянд, ки тасарруф дар онҳо аз тавоноии вай берун мебошад. Масалан: гоҳе оташро мебинад, ки дар дунболи ҳамин идрок сифати гармӣ ва сӯзандагӣ бе имкони тафкик идрок мешавад (чунонки бо ҳавосси зоҳира ва хусусан мавқеъе, ки бештар аз як ҳосса дар идрок ширкат бикунанд, ҳамон наҳв аст) ва гоҳе ҳамон оташро дарк мекунад ва ба осонӣ метавонад миёни худи вай ва гармӣ ва сӯзандагии вай тафкик биандозад (чунонки дар хиёли холӣ ҳамон ҷур мебошад).

Ва аз ин рӯй қувваи ҳокимаи мазбур ночор ҳукм мекунад, ки воқеияте хориҷ аз худи вай (идроккунанда) мавҷуд аст, ки ин гуна мудракот натиҷаи таъсироти вай ва балки муаррифи вай мебошанд. Ва аз ҳаминҷо дастгоҳи татбиқи илм ба маълум ва зеҳн ба хориҷ пайдо мешавад. Пас, аз ин баён натиҷа гирифта мешавад, ки:

1. Дар мартибаи амали табиии аъзои ҳосса хатое нест;

2. Дар мартибаи анҷом ёфтани идроки ҳиссӣ хатое нест;

3. Дар мартибаи ҳукм дар матни идроки ҳиссӣ пеш аз татбиқ ба хориҷ, хатое нест.

Ва аз ин рӯй ночор хато дар мартибаи пойинтар аз маротиби гузашта мебошад (мартибаи идрок ва ҳукм, ки муқоиса ва татбиқ ба хориҷ шавад).

Акнун чигунагии ин хаторо бояд баррасӣ кард:

Муқаддиматан бояд донист:

Аввалан, ҳукм дар айни ҳол ки мудраки мост, ба таври суратгирӣ ва аксбардорӣ (интизоъ) монанди соири суратҳо аз хориҷ ба пеши мо наомадааст ва ба истилоҳи фалсафӣ, як феъли хориҷӣ аст, ки синхаш синхи илм мебошад, чун бо куллияти вуҷуди худ пеши мо ҳозир аст, яъне маълуми ҳузурӣ аст, на маълуми ҳусулӣ. Зеро (аввалан) мо гоҳе, ки ҳамин ҳукмро бо сурати мафҳумӣ тасаввур карда ва ба маҷмӯъи қазия изофа менамоем, наметавонад тамомияти қазияро таъмин кунад (сиҳҳати сукут ифода намекунад) ва ба истилоҳи мантиқӣ, ҳар қазияи ҳамлияро метавон муқаддами қазияи шартия қарор дод, ва ин амал тамомияти қазияи ҳамлияро аз миён бармедорад, бо ин ки асли қазия маҳфуз аст. Ва (сониян) гоҳе тасдиқ ва ҳукми худро ба таври истиқлол (маънии исмӣ) тасаввур карда ва мавзӯъ ё маҳмули қазияи дигаре қарор медиҳем — масалан мегӯем, фулон ҳукм рост аст — боз ҳукм тамомияти худро аз даст медиҳад. Ва (солисан) мутобақи хориҷии ҳукмро мушоҳида мекунем (яъне сурат мегирем) бидуни вуҷуди тасдиқ ва ҳукм аз мо. Пас бояд гуфт, “ҳукм” феъли хориҷии қувваи ҳокима аст, ки бо воқеияти худ рӯйи қазияи мудрака меояд ва назар ба ин ки маълум низ ҳаст, бояд гуфт, маълум бо илми ҳузурӣ аст.

Сониян, чун ҳеч мавриде аз ҳукми нақизайн мустасно нест, бояд гуфт, ҳеч хатое бе савоб муҳаққақ намешавад. Яъне агар қазияе ба мавриде мунтабиқ нашуд, қазияи дигаре (тарафи муқобил), ки мунтабақ ба маврид буда бошад, мавҷуд аст. Пас, ҳар хатое савобе дорад.

Он гоҳ мегӯем, қазияе, ки муштамил ба хато мебошад, аҷзоъи вай “мавзӯъ” ва “маҳмул” ва “ҳукм” мебошад (ва агар сурати қазия ғайри ин наҳв бошад, билохира марҷаъ ҳамонҳост). Вале ҳукм наметавонад хато буда бошад, зеро феълест хориҷӣ ва феъли хориҷӣ ба хато муттасиф намешавад, чунонки гуфта шуд. Пас, ночор ба яке аз ду тарафи қазия (мавзӯъ — маҳмул) бармегардад ва тарафи қазия низ аз он роҳ, ки “муфрад” бе ҳукм аст, хато барнамедорад. Пас, ночор ба ҳасби таҳлил, ҳамин муфрад ба як қазияи дигар мунҳал аст, ки ҳукм дар қазияи таҳлилӣ бо ҳукме, ки дар қазияи мафруза дорем мувофиқ набуда ва ба мавриди вай қобили интибоқ нест, вагарна дар асли қазия ба ҷуз мавзӯъ ва маҳмул ва ҳукм набуда. Ва чунонки равшан кардем, ҳеч кадом аз ин аҷзоъ қобили хато нест ва фаразан ҳар чӣ бо таҳлил пеш биравем, боз мавзӯъ ва маҳмул ва ҳукм пеш хоҳад омад, ки хатобардор нестанд.

Масалан: агар гуфтем, “Дузд ба хона омад” ва фаразан ин сухан хато буд, чунонки гуфта шуд, ин хато ба яке аз ду тарафи қазия (ё ба ҳар ду) бояд баргардад, на ба ҳукм: ё касе ба хона омада, вале масалан бародарамон буда на дузд ва мо хато намуда ва дуздро ба ҷойи бародар гузоштаем, ва ё ростӣ дузд буда, вале ба хона наомада, балки аз дами дар гузашта ва мо пиндоштаем, ки ба даруни хона омад ва аз ин рӯй “омад”-ро ба ҷойи “аз дами дар гузашт” гузоштем (ё аз ҳар ду ҷиҳат иштибоҳ кардем) ва дар натиҷа ё ғайри мавзӯъро ба ҷойи мавзӯъ гузоштаем ё ғайри маҳмулро ба ҷойи маҳмул ё ҳар ду корро кардаем.

Дар сурате, ки ғайри мавзӯъро ба ҷойи мавзӯъ гузошта бошем, ночор миёни ғайри мавзӯъ ва мавзӯъи мафруз як робита ва ягонагӣ дидаем, ки ҳукм ба яке будани онҳо намуда ва инро он пиндоштаем. Масалан: дар мисоли боло мо дуздро бо қадде баланд ва саре пурмӯй ва либосе мишкӣ шинохта будем ва бародарро низ бо ҳамин авсоф ба ҳамроҳии мушаххасоти дигар ташхис дода будем ва дар мавқеъе, ки гуфтем: “Дузд ба хона омад” аз касе ки вориди хона шуда ҷуз авсофи муштарака чизе мушоҳида накардем, ба илова шаб низ буд ва дари хона низ бе садо боз шуд ва ин ду сифат низ аз авсофи умумии дузд аст, пас ҳукм кардем, ки “Дузд ба хона омад” ва дар ҳақиқат дида будем, ки касе баландқомат ва пурмӯй ва сиёҳпӯш ба хона омад (ва ин ҳукм савоб аст) ва ҳукм кардем, ки ин авсоф муттаҳид бо авсофи дузд аст, яъне дузд ва бародар яке аст, яъне дар мушаххасот (ва ин ҳукм низ савоб аст). Ва пас аз он ба нерӯи ҳамин қувва, ки дузд ва бародарро яке карда буд, дар мавриди қазия, ки дида будем касе баландқомат ва пурмӯй ва сиёҳпӯш ба хона омад, инчунин гуфтем: “Дузд ба хона омад” ва ин ҳукм низ аз ҳамин қувва савоб аст, вале агар муқоиса бо мушоҳидаи ҳисс бишавад хато хоҳад буд.

Ва ҳамчунин дар ҷойе, ки ғайри маҳмулро ба ҷойи маҳмул гузоштем, ҳол аз ҳамон қарор аст. Масалан: дар мисоли боло “мавзӯъ” ҳақиқатан дузд буда, вале аз роҳи хона то дами дари хона омада ва гузашта ва мо иштибоҳан гуфтем дохили хона шуд ва дар ҳақиқат ҳаракат дар роҳ ва расидан ба дами дарро дида будем, ки муштаракун фиҳии “духул” ва “мурур” мебошад, ва ин ҳукм савоб аст, пас аз он гуфтем, расидан ба дами дар “мурур” аст ва бо “духул” иттиҳод дорад, ва ин ҳукм низ савоб аст, пас аз яке кардани духул ва мурур, “духул”-ро ба ҷойи “мурур” гузоштем, ва ин ҳукм низ савоб аст, вале дар арсаи фаъолияти ин қувва (хиёл), ки дуторо яке карда буд, на дар арсаи ҳукми ҳисс.

Мисоли дигар:

Моддигароён мегӯянд “Худо мавҷуд нест” ва ин сухан хатост, вале маънои таҳлилии ин сухан, ки дар таҳи дили гӯянда мебошад савоб аст; зеро гӯяндаи ин сухан ё ”Худо”-ро ба маъное тафсир карда, ки ҷуз ҳақиқат аст (монанди мавҷуди ҷонишини иллатҳои моддияи маҷҳула ва назоири он) ва ё “мавҷуд”-ро ба маъное гирифта, ки бо ҳақиқати Худо ҳам намесозад, чунонки мегӯянд: “модда = мавҷуд” ё “мавҷуд = модда ба изофаи замон ва макон”. Ва пас аз таҳлил ба даст меояд, ки гӯяндагони ин сухан дар татбиқи маънои хиёлии савоби худ ба воқеияти хориҷ, ки илоҳиюн мегӯянд, хато менамоянд.

Пас, дар мавриди ҳар идроки носавоб ва фикри фосид, ба тартибе, ки зикр шуд, бояд нуқтаи ҳақиқиро — ки ба истилоҳи фалсафӣ, мавриди “интиқоли мо билараз макони мо бизззот” яъне татбиқи ҳукми савоби қуввае ба мавриди ҳукми савоби қувваи дигаре аст — ба даст оварда ва фаҳмид, ки ҳеч идроке наметавонад хатои мутлақ буда бошад ва дар ҷаҳони ҳастӣ ба ҳасби ҳақиқат хатое пайдо шавад, балки пайваста фикри аслӣ ва идроки ҳақиқӣ дар мавриди хато савоб мебошад.

Аз баёни фавқ метавон натиҷа гирифт:

1. Вуҷуди хато дар хориҷ билараз аст, яъне дар ҷойе, ки мо хато мекунем, ҳеч як аз қувваҳои мудрика ва ҳокимаамон дар кори махсус ба худ хато намекунад, балки дар мавриди ду ҳукми мухталиф аз ду қувва масалан, ҳукми ин қувваро ба мавриди қувваи дигар татбиқ менамоем (ҳукми хиёлро ба мавриди ҳукми ҳисс ё ба мавриди ҳукми ақл) ва ин нукта мазмуни суханест, ки фалосифа мегӯянд, ки “хато дар аҳкоми ақлия ба воситаи мудохилаи қувваи хиёл аст”.

Ва аз ҳаминҷо мешавад натиҷа гирифт, ки агар чунончи мо дар такаввуни улум кунҷковӣ карда ва ба тамйизи идрокоти ҳақиқӣ ва маҷозӣ (биззот ва билараз) ноил гашта ва хоссиятҳои куллии онҳоро ба даст оварем, метавонем ба куллиёти хато ва савоби худ воқиф гардем ва ба истилоҳи мантиқ, “дар мавориди қазоё миёни хато ва савоб тамйиз диҳем”.

2. Дар мавриди ҳар хатое савобе ҳаст.

Назариёте, ки дар ин мақола ба субут расид, ба қарори зайл мебошад:

1. Ҳар тасдиқ масбуқ ба тасаввур аст;

2. Миёни мудраки ҳиссӣ ва сурати хиёлӣ ва сурати ақлии вай нисбати собите мавҷуд мебошад;

3. Сурати ақлии мавҷуди хориҷӣ масбуқ ба сурати хиёлии вай ва сурати хиёлии вай масбуқ ба идроки ҳиссии вай мебошад;

4. Маълумоти тасаввурӣ, ки ба наҳве қобили интибоқ ба хориҷ мебошанд, мунтаҳӣ ба ҳисс ҳастанд (ин ҳукм ниёзманд ба тавзеҳест, ки дар мақолаи оянда дода мешавад);

5. Мо ба моҳиятҳои ашёъ филҷумла ноил мешавем;

6. Дар мартибаи вуҷуди ҳиссӣ (асари мавҷуд дар узви ҳискунанда) хатое нест;

7. Дар мартибаи идроки ҳиссии муфрад хатое нест;

8. Дар ҳукме, ки дар мартибаи ҳисс мебошад, хатое нест;

9. Хато дар ҳар ҷо муҳаққақ шавад, дар мартибаи идрок ва ҳукм ва муқоиса бо хориҷ аст;

10. Вуҷуди хато дар хориҷ билараз аст;

11. Дар мавриди ҳар идроки носавоб идроки савобе низ дорем, чунонки ба ҳасби воқеъ ҳар дурӯғе росте дорад;

12. Илми ҳузурӣ қобили хато нест.



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: