Як тавсия барои “оянданигарон”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ниҳоде ҳаст дар Окодемии улуми Тоҷикистон ба номи “Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ”. Ин ниҳод — чунонки аз унвонаш пайдост — дар мавқеи кунунӣ иддаъои парчамдории равшангарӣ дар кишварро дорад ва кормандони он ба истилоҳ “равшанфикрони” ҷомеа ҳастанд.

Аммо аз замони таъсиси ин ниҳод ва то ба имрӯз, танҳо коре, ки аз ин муассиса дида шуда ва мешавад, “пайкор” бо дини ислом ва диндорон будааст; гӯӣ ин ки ҳадаф аз таъсиси он, анҷоми ҳамин рисолат буда бошаду бас. Вагарна, рисолати равшанфикрӣ, ки дар пайкор бо дин хулоса намешавад! Рисолати як равшанфикр пеш аз ҳама, шинохти дақиқ ва амиқи дардҳо ва мушкилоти мавҷуд дар ҷомеа – дар ҳамаи ҳавзаҳо ва тамоми арсаҳои иҷтимоъ – ва сипас ироаи роҳи ҳаллҳои мантиқӣ барои дармони онҳост.

Бисёр дардовар аст, ки шумо ба тамоми мушкилоти ҷомеаи Тоҷикистон – ки бешуморанд – чашм бибандед ва танҳо яқаи диндоронро бигиред! Он ҳам дар замоне, ки бе ин ҳам исломгароён аз сӯйи ҳукумати кунунӣ таҳти фишор буда ва мавриди анвоъу ақсоми озору шиканҷаҳо қарор доранд.

Агар имрӯз мо дар Тоҷикистон чанд равшанфикри воқеӣ медоштем, бешак дифоъ аз зиндониёни ҲНИТ ва афроде мисли Ёров ва Маҳкамов ва хонаводаҳои ононро яке аз вазоифи худ медонистанд ва дар баробари ин ҳама зулму ҷавр, сукут ихтиёр намекарданд. Аммо кормандони ин ниҳод, дар қиболи ин ситамҳо на ин ки лоақал сукут бикунанд, балки оташбиёрони маърака ҳам ҳастанд. Оё ин аст равшанфикрӣ?!

* * *

Яке ду нафар аз кормандони ин ниҳод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба хусус Фейсбук фаъоланд, ҳамму ғаммашон фақат дину диндорон аст. Ҳеч гоҳ аз эшон — ба унвони касоне ки иддаъои равшанфикрӣ доранд — мушоҳида нашуд, ки зимни мақола ва ё лоақал ёддоштҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз дардҳои воқеии ҷомеа ва мушкилоти он бинависанд ва роҳи ҳал ироа бидиҳанд. Ҳамааш “пайкор” бо ислом ва исломгароён ва мазоҳир ва падидаҳои динӣ.

Ахиран, чанд нафар аз ин ба истилоҳ “оянданигарон”, зимни интишори хабаре аз баъзе расонаҳо дар бораи таҷовузи як “мусалмон” ба духтараш дар фалон кишвари арабӣ ва ё инҳирофи ҷинсии дигаре дар як кишвари дигари исломӣ, бо баҳона қарор додани ин рухдодҳои асафбор – ки пеш аз ҳама мавриди интиқоди шадиди худи мусалмонон аст – асли ойини исломро зери суол бурда ва ҳатто яке ду нафарашон навиштааст, ки ин дини ислом будааст, ки сабаб шуда ин ҷониён ба якчунин аъмоле даст биёзанд!

Оё ин ноҷавонмардӣ нест?! Яъне, агар як нафар мунҳариф дар яке аз ҷавомеи исломӣ муртакиби ҷинояте бишавад, оё ин бар гардани асли ислом бор мешавад?! Оё шумо воқеан байни асли ойин ва пайравони он фарқе намегузоред?! Оё якуним милёрд мусалмоне, ки имрӯза дар дунё зиндагӣ мекунанд, ҳама фаришта ҳастанд?!

Ин ғояти ноҷавонмардист, ки касе бо дастовез кардани ҷинояти як нафар, ойини ӯро зери суол бибарад!

* * *

Агар ҳадафи шумо аз ин корҳо сиёҳ нишон додани ислом барои ҷомеа ва суст кардани пояҳои имони мардум бошад, пас бидонед, ки тиратон ҳаргиз ба ҳадаф нахоҳад расид. Медонед чаро? Ҳоло дар ду се ҷумла чароии онро бароятон тавзеҳ медиҳам.

Медонед, барои чӣ мардум исломдӯст ҳастанд ва ҳозиранд барои динашон аз ҳама чизи худ бигзаранд? Оё то кунун дар ин масъала фикр кардаед?

Мушкили шумо ва амсоли шумо дар ин аст, ки ҳамвора дигаронро ба худатон қиёс кардаед. Бад-ин маъно, ки агар шумо мӯътақид ба ислом нестед ва “хурофа”-аш мешуморед, шояд ба ин ҷиҳат бошад, ки ба заъми худ, дар ислом чизе наёфтаед, ки хирадписанд бошад. Ба пиндор ва заъми худатон албатта. Он гоҳ фикр мекунед, дигарон низ агар ба ин “дарк” – ки шумо расидаед — бирасанд, ҳатман мисли шумо хоҳанд гардид! Дар ҳоле ки моҷаро ин нест азизон!

Як мусалмони воқеӣ ва пойбанд ба дин, диндорӣ ва пойбандиаш, фақат ба ин нест, ки масалан маорифи диниро хирадписанд ва созгор бо ақл ёфта ва лизо диндор гаштааст. Бале, ин лозим аст, ки мусалмон бояд имонаш таҳқиқӣ бошад, на тақлидӣ. Ислом худаш инро аз мо хостааст. Дар ин шакке нест. Аммо ин ки дида мешавад, мусламонон динашонро дӯст доранд ва ба он алоқаманданд, далелаш фақат ин нест. Чӣ басо як мусалмони диндор дар оғози кор вақте худро пойбанд ба дин сохта, аслан коре ба созгорӣ ва ҳамоҳангии маорифи исломӣ бо аҳкоми ақлӣ надошта ва баъдҳо таҳқиқ карда бошад.

Балки он чӣ ӯро алоқаманд ба ислом сохтааст, беш аз ҳама, як таҷруба ва як зиндагии динӣ ва як чашиш будааст. Тавзеҳ ин ки: вақте як нафар мусалмон барои худ зиндагии исломиро бармегузинад ва саъй мекунад ба дастуроти Қуръон ва суннат амал ва аз он чӣ ин ду манбаъ наҳй кардааст, дурӣ намояд, ӯ дар воқеъ зиндагии исломиро таҷруба кардааст. Ва ба сухани дигар, ӯ маззаи “мусалмон будан”-ро чашидааст. Ӯ дар ин таҷруба, оромишеро, ки ҳар бани башаре ба дунболи он аст, ёфта. Ин ҳақиқатро наметавон барои касе ки чунин таҷрубаеро пушти сар накардааст тавзеҳ дод. Банда ин нуктаро борҳо ёдовар шудаам, ки маҳол аст шумо воқеияти бӯйи як гули хушбӯйро барои касе ки онро набӯйида тавзеҳу ташреҳ кунед. Ҳазорон бор ҳам, ки барояш бигӯед ва таъриф кунед, боз ҳам ӯ воқеияти он хушбӯйиро дарк нахоҳад кард.

Маҳол аст шумо оромиш ва лаззатеро, ки бо хондан ва тиловати Қуръон барои як нафар мусалмон пайдо мешавад, барои касе ки онро таҷруба накарда тавзеҳ бидиҳед. Маҳол аст шумо он сафоеро, ки бо хондани намоз ё гирифтани рӯза барои як мусалмон ҳосил мешавад ва аз он камоли лаззатро мебарад, барои фарде, ки онро аз сар нагузаронида баён кунед. Маҳол аст шумо он оромиш ва итминони қалбӣ, ки бо ёди Худо барои як нафар мусалмон падид меояд ва ӯро дар сахттарин ва душвортарин лаҳазоти ҳаёт ва дар ҳангоми мусибатҳо ҳамроҳӣ мекунад, барои одаме, ки таҷрубааш накарда ташреҳ кунед. Ин умур баёншуданӣ ва таърифкарданӣ нестанд, балки чашиданӣ ҳастанд.

Инҳост, ки мусалмони пойбандро ба динаш алоқаманд ва ба Худояш вафодор ва ба паёмбараш дӯстдор месозад, ба гунае ки ҳозир аст барои динаш ва паёмбараш ва муқаддасоташ ҷонашро фидо кунад. Баёни ин ҳақоиқ барои афроде, ки аз кӯчаи он нагузаштаанд, на ин ки душвор бошад, балки маҳол аст. Шумо, бо камоли пӯзиш, ин чизҳоро намефаҳмед.

Ин аст, ки арз кардам, тири шумо ҳаргиз ба ҳадаф нахоҳад хӯрд. Магар метавон имони касеро, ки аз имонаш ҷуз лаззат ва дар имонаш ҷуз оромиш ва итминони қалбӣ наёфтааст, тазъиф ва сусташ кард?!

Ин як тавсия буд барои “оянданигарон”, ки беҳуда худро ба заҳмат наяфкананд.

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Ислом, Ислоҳи динӣ, Нақду назар, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Метки: , , , , ,

1 reply

  1. Рӯшанфикар касест, ки аз авзои ҷомеаи худаш дарки воқеъбинона дорад ва дар чаҳорчӯби андеша ва фарҳанги бумӣ, дар паи рафъи мӯъзалоти он аст. Роҳи ҳалҳои ҳар рӯшанфикре агар бо ҳувияти миллии сарзамин ва мардумонаш нисбате надошта бошад, бидуни шак беасар ва нокоромад хоҳад буд, чӣ расад ба ин ки бар хилофи ҷараёни ҳувият ва фарҳанги қавмӣ ва миллии сарзамини хеш бошад, ки дар ин сурат, бо шикасти қатъӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: