Далели ривоҷи популизм дар ғарб

Мақолае аз Фарид Закариё дар Foreign Affairs

Мунтақидон ва таҳсинкунандагони Дунолд Тромп эҳтимолан рӯйи як чиз тавофуқ доранд: ӯ мутафовит аст. Яке аз ҳомиёни ҷумҳурихоҳ Нют Гингрич (Newt Gingrich) Тромпро “мунҳасир ба фард ва фавқулъода ботаҷриба” тавсиф мекунад. Ва албатта дар бархе маворид ӯ ғайримаъмул аст.

Тромп бахше аз хезиши густардаи популизм аст, ки дар ҷаҳони ғарб бапо шуда. Ин хезишро метавон дар кишварҳои мухталиф ва дар шароити мутафовите эҳсос кард. Аз Суэди (Шветсияи) мураффаҳ то Юнони бӯҳронзада. Дар бештари ҷоҳо популизм як ҷунбиши мухолиф боқӣ монда, ҳарчанд қудраташ дар ҳоли рушд аст. Дар бархе ҷоҳо аз ҷумла Маҷористон (Венгрия), популизм дар ҳоли ҳозир идеулужии ҳоким аст. Тақрибан дар ҳамаҷо популизм таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб кардааст.

Популизм чист? Ин падида маъонии мутафовите барои гурӯҳҳои мухталиф дорад, аммо дар ҳамаи нусхаҳояш, дар хусумат нисбат ба нухбагон, ҷараёни аслии сиёсӣ ва ниҳодҳои таъсисшуда муштарак аст. Популизм худро ба унвони сухангӯи мардуми оддии фаромӯшшуда мешиносад ва ағлаб худро садои миҳанпарастони воқеӣ медонад. Тромп дар апрели 2016 дар Wall Street Journal менависад: “Танҳо подзаҳр барои поён додан ба даҳаҳо ҳукумати вайронгар тавассути як мушт аз нухбагон, тазриқи ҷасорат ба иродаи мардум аст. Мардум ҳақ доранд, ва ҳукумати нухбагон дар иштибоҳ аст.”

Аз лиҳози торихӣ, популизм аз ҳар ду ҷиноҳи чапу рост зуҳур мекунад, ва ҳар ду намуна имрӯз дар ҳоли шукуфоӣ ҳастанд. Аз Берни Сандерс то Тромп, аз Серизо дар ҷиноҳи чапи Юнон, ки ба қудрат расид то Ҷабҳаи Миллӣ дар Фаронса. Аммо популизми ҷиноҳи чап, имрӯза на мутамойиз амал мекунад ва на гиҷкунанда аст. Кишварҳои ғарбӣ ҳамвора аҳзоби ифротии чапиро доштанд ва онҳоро маҳкум мекарданд. Дар пайи ҷанги сард, аҳзоби чап бисёр ба самти миёна наздик шуданд. Бил Клинтунро дар Иёлоти Муттаҳида ва Туни Блерро дар Бритониё дар назар бигиред. Бинобар ин, ин шикофи эҷодшуда тавассути популистҳо пур шуд. Ин шикоф то пеш аз зуҳури бӯҳрони иқтисодӣ дар солҳои 2007 ва 2008 холӣ монда буд. Ҷойи таъаҷҷуб надорад, ки пас аз таҷрибаи бадтарин бӯҳрони иқтисодӣ аз замони рукуди бузург, ҷиноҳи чапи популистӣ мавҷе аз энержиро ҷазб карда бошад.

Аҳзоби рости популистӣ аз сӯйи дигар, яке пас аз дигаре дар кишварҳои урупоӣ дар ҳоли бархостан ҳастанд. Ҷабҳаи Миллии Фаронса дар вазъияте қарор дорад, ки метавонад ба даври дуввуми интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда роҳ ёбад. Ҳизби Озодии Утриш (Австрия) тақрибан муваффақ ба касби мақоми риёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ шудааст; ҳарчанд ҳанӯз тамоми кишварҳо таслими васвасаи ҷиноҳи рости популист нашудаанд. Ба унвони мисол, Испониё, ки таҷрибаи диктотурии ҷиноҳи ростро дорад, тамоюли бисёр андаке ба ин аҳзоб нишон медиҳад. Аммо Олмон кишваре, ки дар торихаш беш аз ҳамаҷо бо ифротгароӣ дасту панҷа нарм кардааст, дар ҳоли ҳозир бо ҳизби популистии рости рӯ ба рушд, рӯ ба рӯст. Ва албатта Тромп ҳам вуҷуд дорад. Дар ҳоле ки бисёре аз омрикоиҳо мӯътақиданд, ки Тромп падидае мунҳасир ба фард аст, шавоҳиди мавҷуд чизи дигареро нишон медиҳанд. Ҷустин Гест (Justin Gest), донишманди улуми сиёсӣ, пеш аз ин моҷароҷӯиҳои Тромп бо илҳом аз аҳзоби рости ифротии Бритониё, аз омрикоиҳои сафедпӯст пурсида буд, ки оё аз ҳизбе, ки аз сиёсатҳои “таваққуфи муҳоҷирати анбӯҳ, ихтисоси кори омрикоӣ ба коргарони омрикоӣ, ҳифзи мероси масеҳии Омрико ва ҷилавгирӣ аз ҳузури мусалмон” ҳимоят кунад, раъй хоҳанд дод? Посухи мусбати 65 дарсадӣ ба ин назарсанҷӣ нишон дод, ки Тромпизм вуҷуд дорад ва метавонад рақобат кунад.

Чаро ғарб, чаро ҳоло?

Дар ҷустуҷӯи манобеъи аслии популизм, метавон насиҳати Шерлок Хомсро гӯш кард, ки мегуфт, ба саге, ки порс намекунад, таваҷҷӯҳ кун! Популизм то ҳадди зиёде дар Осиё вуҷуд надорад, ҳатто дар иқтисодҳои пешрафтае монанди Жопун ва Куреи Ҷанубӣ. Ин падида дар воқеъ аз Омрикои Лотин низ дар ҳоли ақибнишинӣ аст; ҷойе, ки популистҳои чапгаро дар Оржонтин, Буливӣ ва Венезуэло кишварҳои худро дар даҳаи гузашта ба замин задаанд. Дар Урупо бо ин ҳол, популизм тақрибан дар ҳамаҷо мудом дар ҳоли қавитар шудан аст.

Аммо решаҳои он амиқтар аз чизест, ки тасаввур мекунед. Дар таҳқиқе муҳим дар Донишкадаи Кенедии Донишгоҳи Ҳорворд, нишон дода шуда, ки аз даҳаи 1960 то имрӯз, саҳми популистҳои ростӣ дар интихоботи кишварҳои урупоӣ ду баробар шуда ва ин рушд барои популистҳои чап панҷ баробарист. Ёфтаи муҳимми дигари ин мақола он аст, ки бӯҳронҳои иқтисодӣ меҳварҳои сиёсиро таъйин мекунанд.

Чӣ чизе метавонад ин тағйирро тавзеҳ диҳад? Тағйире, ки ба таври умда дар ҷаҳони ғарб дар ҳоли иттифоқ афтодан аст? Урупо ва шимоли Омрико шомили кишварҳое бо шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии мутафовите ҳастанд. Аммо ҳамаи онҳо бо як чолиши иқтисодии муштарак рӯ ба рӯ шудаанд. Бо анвоъи сиёсатҳои мухталифи иттихозшуда ҳамаи кишварҳои ғарбӣ уфте дар рушдро аз солҳои 1970 ба баъд таҷриба кардаанд. Ручир Шормо (Ruchir Sharma) дар китоби ахири худ “Зуҳур ва суқути миллатҳо” мегӯяд, раванди густардае монанди ин бояд таъсироти густардае ҳам дошта бошад. Ӯ омиле фаротар аз ҳамаи инҳо пайдо кардааст: омили ҷамъиятӣ. Кишварҳои ғарбӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Омрико то Лаҳистон (Полша), Суэд (Шветсия) ва Юнон, ҳама коҳиш дар нархи борвариро дидаанд. Мизони он мутафовит аст, аммо дар ҳамаҷо вуҷуд дорад. Хонаводаҳо кучактар шудаанд, коргарони камтаре ба нерӯи кор ворид мешаванд ва бознишастагон ҳар сол таваррумро мушоҳида мекунанд. Ин мавзӯъ яъне таъсири асосӣ ва манфии рушди иқтисодӣ, вазъияти сиёсиро тағйир медиҳад. Рушди андак иқтисоди ҷаҳониро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ҷаҳонисозӣ ҳамакнун бахши муҳимме аз бозори ғарб аст.

Аз иқтисод ба фарҳанг

Поёни ҷанги сард бо беэътибории сусиёлизм дар тамоми ашколаш, боис шуд аҳзоби чап дар ҳамаҷо ба самти миёна мутамойил шаванд. Дар баҳси қудрат, ба вижа пас аз бӯҳрони молии ҷаҳонӣ, муҳофизакорон ва либеролҳо ба бозор часпиданд. Барои мисол, тафовут байни сиёсатҳои Туни Блер ва Дэвид Комерун воқеӣ буд, аммо дар чашмандози торихӣ ин тафовутҳо танҳо ҳошия аст. Ҳоло бо вуҷуди тамоми тафовутҳо байни Тромп ва Клинтун, дар поя ва дар нигоҳи калон, дар сиёсатҳои иқтисодии онҳо тафовути чандоне вуҷуд дорад.

Чӣ чизе тағйир кардааст? Насли қадимитар ба вижа мардон, аз он чӣ ба унвони ҳамла ба тамаддун шинохта мешавад, дучори осебҳои равонии шадиде шудаанд. Рушди иқтисодӣ арзише гаронқадр барои онҳо буд, ки бо аз даст рафтанаш, эҳсоси аз даст рафтани тамаддуни худро кардаанд. Ин афрод шурӯъ ба пуштибонӣ аз аҳзоб ва номзадҳоеро кардаанд, ки мӯътақиданд болотар ва беҳтар аз бақия тағйироти фарҳангӣ ва иҷтимоиро контрол карда ва гузаштаи бошукӯҳро бозхоҳанд гардонд. Ин амр дар Урупо ба маънои зуҳури аҳзоби тоза аст ва дар Омрико бозгашт ба ҷумҳурихоҳоне, ки аз шиорҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ истифода мекунанд. Барои чандин соли дигар, муҳофизакорон дар Вошингтун тамаркузи худро бар иқтисод боқӣ хоҳанд гузошт, чаро ки дар пушти саҳна, шикоф байни аҳзоб дар ҳоли рушд аст, ҷойе, ки муваффақияти афроде монанди Тромпро ба армуғон хоҳад овард. Нубуғи Тромп дар ин аст, ки медонад, ки эҳсоси раъйдиҳандагон бо “Инҷили Муқаддас”-и иқтисоди ҷумҳурихоҳон (яъне тиҷорати озод, молиёти кам ва муқарраротзудоӣ) барангехта намешавад, балки назарҳои мутафовити фарҳангӣ ва эҳсосии носиюнолистӣ онҳоро ба ҳаракат вомедорад.

Миллият дар баробари муҳоҷират

Ҷойи таъаҷҷуб нест, ки аввалин ва муҳимтарин чизе, ки Тромп рӯйи он ангушт гузошт ва аз он суистифода кард, масъалаи муҳоҷират буд. Як воқеият пушти ин шиорҳо барои мо, ки дар асри муҳоҷират зиндагӣ мекунем, вуҷуд дорад. Ҷаҳонӣ шудани колоҳо, хадамот ва иттилоот барои ҳамаи мо саҳме аз мушкилот, ранҷҳо ва напазируфтан эҷод кардааст. Мардум эҳсоси дугонае нисбат ба ҷаҳонӣ шудан доранд. Онҳо аз колоҳо ва хадамоти ҷаҳонӣ истифода мекунанд, аммо камтар моил ба пазириши хориҷиҳо ва ҳуҷуми онҳо ба кишварҳояшон ҳастанд. Башар барои бештари торихи ҳузураш дар замин, дар фосилаи чандмойлии маҳалли таваллудаш зиндагӣ кардааст. Аммо дар даҳаҳои ахир ба мурур авзоъ тағйир кардааст. Ҷавомеъи ғарбӣ мардуме аз сарзаминҳои мухталиф ва фарҳангҳои бегонаро дидаанд. Дар соли 2015, 250 милюн муҳоҷири байналмилалӣ ва 65 милюн овора дар сар то сари ҷаҳон дида шуд. Урупо бо 76 милюн нафар бузургтарин саҳмро дарёфт кард; саҳме, ки изтиробҳоро низ дар ин қорра афзоиш дод. Ин изтироб барои раъйдиҳандагон дар канори масоиле монанди нобаробарӣ ва рушди оҳистаи иқтисодӣ ба тағйири назари раъйдиҳандагон мунҷар шудааст. Жопун мисоле дар ин замина аст, онҳо 25 сол аст рушди кунди иқтисодиро таҷриба мекунанд, аммо муҳоҷирони зиёде надоранд, дар натиҷа ба марази популистӣ ҳам гирифтор нашудаанд. Мизони ин изтироб дар ҷомеа ба теъдоди муҳоҷирон бастагӣ надорад, балки ҳиссе аст, ки дар кишвар ба вуҷуд меояд, ба хусус вақте расонаҳо муҳоҷиронро дар канори теруризм қарор медиҳанд. Сиёсатмадорони популист ба хубӣ аз ин изтироб истифода мебаранд.

Foreign Affairs

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: